ВидеоНуқтаи назарФарҳангҲуқуқи инсон

МУҲЛАТИ ТАФТИШИ ПАРВАНДАИ ПУРСАРУСАДОИ КИТОБИ ХОЛИҚЗОДА БОЗ ЯК МОҲ ТАМДИД ШУД

Бино ба иттилои дарёфтии пойгоҳи хабарии “Бомдод”, замони тафтиши парвандаҳои муаллифи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” Абдухалил Холиқзода, муҳаррири ин китоб Абдуқодири Рустам ва ношири он мудири нашриёти “Эр Граф” Сӯҳроб Раҷабзодаро боз як моҳи дигар тамдид кардаанд. Ба ин тартиб, муҳлати ҳабси пешакии ҳарсеро, ки камокон чор моҳ боз дар СИЗО қарор доранд, бо дархости муфаттиш низ як моҳи дигар тамдид кардаанд. Маъмулан мақомоти тафтишотӣ замони тафтиши парвандаҳо ва муҳлати ҳабси муттаҳамонро камаш ду моҳ тамдид мекунанд, вале ба гуфтаи як манбаи “Бомдод”, тафтиши ин парвандаи пурсарусадо алакай дар марҳалаи анҷомёбист ва тафтишот ба хулосае расидааст, ки барои такмили бархе маводи хурду резаи боқимонда ва бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ супурдани ин парванда ҳамин як моҳи дигар кофист.

Додситонии кулли Тоҷикистон, ки тафтиши парвандаи китоби Холиқзодаро дар даст дорад, то кунун хабари  то як моҳи дигар тамдид шудани замони тафтиши парвандаро ягон шарҳ надодааст, вале манбаи “Бомдод” гуфт, ба эҳтимоли ғолиб,  тафтиши ин парванда алакай дар аввалҳои соли нави 2024 ба охир расонда шуда, он ба додгоҳ фиристода мешавад.

Ба Абдухалил Холиқзода, Сӯҳроб Раҷабзода ва Қодири Рустам бар асоси моддаи 189, қисми 2, банди “г” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ) аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ҳамчун ҷазо аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, бо дархости тафтишот то кунун чанд ташхиси лингвистӣ ё забонии китоби Холиқзода анҷом шудааст ва гӯё ташхисгарон хулоса додаанд, ки дар китоб аломатҳои “барангехтани кинаву адоват” дида мешаванд.

Мақомот то кунун натиҷаҳои ташхисҳо ва дигар ҳаракатҳои тафтишотии анҷомшударо шарҳ надодаанд. Вале чанде пеш хабаре нашр шуд, ки гӯё Сӯҳроб Раҷабзода дар ҷараёни бозпурсиҳо гуфтааст, ки бо хоҳиши Қодири Рустам китоби Холиқзодаро нашр кард. Раҷабзода гуфтааст, матни китобро дар нашриёти “Эр Граф” пеш аз чоп мутолиаву ташхис накарда буданд ва худи ӯ, азбаски ба адиби шинохта эътимод дошт, китобро нохонда, ба нашри он иҷозат додааст. Ва гӯё Қодири Рустам бар илова гуфта бошад, ки “ҷавобгариаш ба гардани ман”.

Ҷилди аввали китоби ёддоштҳои Абдухалил Холиқзода бо номи “Моҷарои рафта” соли 2019 ва ҷилди дуюми ёддоштҳояш бо номи “Ҳаводиси рӯзгори ман” моҳи марти соли 2023 нашр ва муаррифӣ шуд. Вале моҳи июн дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар атрофи ин китоб баҳси гарме барпо шуд ва бархе корбарон Холиқзодаро ба маҳалгароӣ ва паст задани шаъну эътибори намояндагони минтақаҳои дигари Тоҷикистон айбдор карданд. Як иттиҳоми умда ба зидди муаллиф дар китобаш ҷой додани қиссаи ҷавонзане аз Ховалинг буд, ки дар солҳои бистуми асри 20 аз ҳамлаи Артиши Сурх ҳамроҳи шавҳараш ба Афғонистон паноҳ мебарад ва дар онҷо аз ҷониби як қизилбоши маҳаллӣ мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор мегирад.

Абдухалил Холиқзода рӯзи 7 августи соли 2023, Сӯҳроби Раҷабзода 14 август ва Абдуқодири Рустам 31 август дастгир шуданд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 15-уми август дар нишасти хабариаш гуфт, ки фармони боздошти Абдухалил Холиқзодаро шахсан худи ӯ додааст.

“Ӯ бо моддаи 189-и Кодекси ҷиноятии ҶТ боздошт шудааст. Ман худам дастури боздошташро додам. Ба ҷои шукргузорӣ аз сиёсат ва шароит, ба танқиди шадиди он, таҳқири миллати тоҷик, ба ҷудо намудани минтақаҳои гуногуни мамлакат, ба таҳқир намудани намояндагони маҳалҳои гуногуни мамлакат, ба кинаю адоват андохтан, аҳолии Тоҷикистонро ҷудо кардан ба мазҳабҳои гуногун, ба динҳои гуногун ва мақсади асосӣ – шӯру ғавғо андохтан, ноорому ноамн намудани мамлакат фаъолияташро равона намуда, дар китобаш “Хаводиси рӯзгори ман” ҳамаи ин масъалаҳоро навиштааст”, – изҳор дошт Юсуф Раҳмон дар шарҳи тасмимаш.

Аммо мунтақидон ва мухолифони ҳукумат парвандаи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро ҳамлаи бепарда ба озодии баёни бе ин ҳам дар Тоҷикистон хеле маҳдудшуда номида, маҳкум мекунанд. Ба ақидаи мунтақидон, сабаби аслии таъқиби муаллифи китоб интиқодҳояш аз фазои имрӯзаи кишвар, бахусус аз фишор ба сармоягузорону соҳибкорон ва ба як маризи фарогир табдил ёфтану фасоду коррупсия дар Тоҷикистон асту қиссаи он ҷавонзан танҳо як баҳона шуд.

Бархе манобеъ боздошти муаллиф ва муҳаррриру ношири “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро ба вуҷуди муборизаҳо дар долонҳои ҳукумат ва наздикии Абдухалил Холиқзода бо ду вазири қудратӣ: раиси КДАМ Саймӯмин Ятимов ва вазири дохила Рамазон Раҳимзода рабт медиҳанд.  Бино ба иттилои дарёфтӣ, Холиқзода бо Абдулмӯмин ном бародари Ятимов тиҷорати муштарак дошт ва он қиссае, ки сабаби ҷанҷолу дар ниҳоят ҳабси ӯ шуд, дар китоб аз қавли Раҳимзода нақл карда шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button