Илму фанноварӣТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ФОХТА (МУСИЧА) ПАРАНДАИ СОЛИ 2024 ДАР ТОҶИКИСТОН ИНТИХОБ ШУД

Дар натиҷаи овоздиҳӣ дар озмуни «Парандаи сол — 2024» фохта (мусича,қумрӣ) парандаи соли 2024 интихоб гардид. Чунин озмун аз соли 2008 инҷониб дар Тоҷикистон ҳар сол аз ҷониби Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ доир карда мешавад.

Дар ҷаласаи ҷамъбасти озмун муовини президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои биология Абдусаттор Саидов изҳор намуд, ки ин озмун дар Тоҷикистон бори 15-ум баргузор мегардад. Ҳамин гуна озмунҳо дар мамолики зиёди дунё, аз ҷумла дар Олмон, Амрико, Русия бо шукуҳу шаҳомат гузаронида мешаванд.

Дар Тоҷикистон то ин замон парандагони гуногун — ғози ҳиндӣ, кабк, бум, тазавр, лаклаки сафед, шонасарак, шоҳин ва дигар парандагони нодир парандаи сол интихоб шудаанд.

Дар ҷаласаи ҷамъбастии озмун дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Институти зоология ва паразитология, ҳамчунин муҳаққиқону дӯстдорони табиат рӯнамоии парандагоне, ки ба озмуни «Парандаи сол — 2024» пешниҳод шуда буданд, баргузор гардид. Оид ба ҳашт парандаи нодир: бедона, кабки даштӣ, доснӯл, ҷек, фохта, чарғи думдароз, дурроҷ ва сочи гулобиранг фикру мулоҳизаҳои ҷолиб баён гардид ва дар натиҷаи овоздиҳӣ аз байни онҳо фохта парандаи соли 2024 интихоб шуд.

Фохта аз ҷумлаи парандагони нодири ҷумҳурӣ буда, солҳои охир шумораи он хеле кам шудааст. Бар асари тағйирёбии иқлим ва маҳалли зисти фохтак имрӯз ин паранда ҳоли табоҳ дорад ва аз ин рӯ он ба пуштибонии аҳли дӯстдорони табиат ниёз дорад. Худи фохта парандаи хеле зебо буда, бештар дар шохсорон, дар байни долу дарахтон ва айвони хонаҳо лона мегузорад. Соле ду маротиба тухм гузошта, ду чӯҷа мебарорад. Дар табиати ҷумҳурӣ чор намуди фохта сабт шудааст.Фохтаи муқаррарӣ (Горлица обыкновенная) инъикосгари зебоӣ ва муҳаббат буда, то 300 грамм вазн дорад. Ҳангоми хониш садои ғур-ғур бароварда, нарина ва модинаи он як намуд доранд. Баъзан як лонаро чанд сол истифода менамояд. Лонасозии фохта хеле моҳирона буда, он асосан  аз хасбедаю барг ва шохчаҳои дарахт иборат аст. Лонаи фохтаро шамолу тундбод ҳамеша вайрону валангор месозанд. Душмани дигари фохта мору хазандагон мебошанд. Чӯҷаҳои худро фохтаи нару модина якҷоя тарбия менамоянд. Танҳо бо гузашти 20 рӯз чӯҷаҳо метавонанд ба ҳаёти мустақилона гузаранд.

Дар Фарҳанги забони тоҷикӣ, (чопи Москва, соли 1969) омадааст: «фохта — парандаи ёбоии хокистарранги аз кабӯтар хурдтар, ки дар гардан тавқи сиёҳ дорад, куку, кафтари ёбоӣ:

Пеши ниҳоли сарви ӯ сарви равон равад зи ҷо,
Фохта зери боли худ сар кашад аз сари ҳаё.

Сайидои Насафӣ

Дар назар аст, ки ба ифтихори Парандаи соли 2024 – фохта чун рамзи зебоӣ ва муҳаббат тақвим ва расму мусаввараҳои алоҳида ба табъ расида, давоми соли оянда бо иштироки дӯстдорони табиат ҷашнвораву конфронсҳои илмӣ доир мешаванд.

Маҷид САЛИМ,
адиби табиатшинос

Манбаъ: АМИТ “Ховар”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button