ВидеоТаърихФарҳанг

ПЕШНИҲОДИ 12 ЁДГОРИИ ТАЪРИХИИ “ХУТТАЛИ ҚАДИМ” БА ЮНЕСКО

Шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дод, ки 12 ёдгории таърихии воқеъ дар вилояти Хатлонро дар номинатсияи муштарак таҳти унвони “Хуттали қадим” барои баррасӣ ба ЮНЕСКО, идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод шудаанд.

Бино ба иттилои расмӣ, ахиран сардори ин шуъба Мирзошариф Абдусаломов бо коршиносони байналмилалӣ масоили марбут ба такмили парвандаҳои номинатсионии “Хуттали Қадим” дар шакли онлайнӣ баррасӣ кардааст.

“Дар вохӯрии мазкур раванди арзёбӣ, идомаи корҳои номинатсионӣ, мукаммалсозии онҳо, сертификаткунонии объектҳои силсиланоминатсияи “Хуттали Қадим” ва масъалаҳои марбут ба он мавриди муҳокима қарор дода шуд”,  – гуфта мешавад дар хабар.  Вазорати фарҳанг ёдовар шудааст, ки дар парвандаҳои номинатсионии “Хуттали Қадим”, иборат аз ҳуҷҷатҳои 12 (дувоздаҳ) ёдгории таърихию фарҳангии вилояти Хатлон таҳия карда шуда, барои арзёбии фаннӣ ба дафтари марказии ЮНЕСКО дар шаҳри Порис ирсол карда шудааст.

Бино ба иттилои нашршуда, ин 12 ёдгорӣ ба ЮНЕСКО барои баррасӣ ба ЮНЕСКО пешниҳод шудаанд:

1. Қалъаи Золи Зард (ноҳияи Данғара, Хатлон),

2. Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин (ноҳияи Данғара, Хатлон),

3. Шаҳраки Манзартеппа (ноҳияи Восеъ, Хатлон),

4. Шаҳристони Ҳулбук (ноҳияи Восеъ, Хатлон),

5. Мақбараи Шоҳони Хуттал (ноҳияи Восеъ, Хатлон),

6. Қалъаи Ҳулбук (ноҳияи Восеъ, Хатлон),

7. Шаҳраки Золи Зард (ноҳияи Фархор, Хатлон),

8. Шаҳртеппа (ноҳияи Фархор, Хатлон),

9. Корвон-сарой Тоҳир (ноҳияи Фархор, Хатлон),

10. Хишттеппа (ноҳияи Ховалинг, Хатлон),

11. Дайри Буддоии Аҷинатеппа (ноҳияи Вахш, Хатлон),

12. Шаҳраки Ҳалевард – Кофирқалъа (ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Хатлон).

Дар сурати аз ҷониби ЮНЕСКО пазируфта шудани ин номинатсияҳо, ёдгориҳои “Хуттали қадим” дар қадами баъдӣ ба таври расмӣ ба рӯйхатти мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО пешбарӣ мешаванд.

Мутаассифона, дар натиҷаи тақсимоти марзию ҳудудии солҳои бистуми асри гузашта бисёре аз шаҳрҳои бостонии тоҷикҳо бо ҳама ёдгориҳои таърихиаш дар дасти кишварҳои дигар монд.

Феълан, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ёдгории бостонии Саразм ва «Боғи Миллӣ» ба рӯйхати асосии ЮНЕСКО ворид карда шуда,13 ёдгориҳои таърихию фарҳангии дараҷаи ҷумҳуриявӣ  – Панҷакенти қадим, шаҳраки Бунҷикат, шаҳри Ҳисор, шаҳраки эллинистии Тахти Сангин, Мадрасаи Хоҷа Машҳад, дайри буддоии Аҷинатеппа, шаҳри асримиёнагии Ҳулбук, қалъаи Ямчун ва силсилаёдгориҳои водии Вахон, маҷмааи меъмории Шайх Муслиҳиддин, қалъаи бостонии Хуҷанд, тасвирҳои рӯисангии ноҳияи Ашт, Мадрасаи Мир Раҷаб Додхоҳ ва Мадрасаи Ойим – тавассути барномаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим ба рӯйхати пешакии ЮНЕСКО ворид гардидаанд.

Ҳамчунин 4 макони бостонии тасвирҳои рўисангии Тоҷикистон – тасвирҳои рӯисангии Оқҷилга ва ғорҳои Шахтии ноҳияи Мурғоб, Лангари ноҳияи Ишкошим, Сойи Сабағи ноҳияи Мастчоҳ – ба силсилаҷоизаи “Тасвирҳои рӯисангии Осиёи Марказӣ” шомил карда шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button