ВидеоИқтисодТаърихФарҳанг

ДАР ҲИСОР ПАЙКАРАИ РАМЗИИ ГӮСФАНДИ ҲИСОРӢ ГУЗОШТА ШУД (3 АКС)

Рӯзи 5 ноябри соли 2023 дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода маросими пардабардорӣ аз рӯи пайкараи рамзии “Гӯсфанди ҳисорӣ”, ки бо ибтикори шаҳрдории Ҳисор сохта шудааст, доир шуд. Дар ин бораи  котиби матбуоти раиси шаҳри Ҳисор Ҳидоятулло Холзода ба хабаргузории “Ховар” хабар додааст.

Дар маросими пардабардорӣ гуфтаанд, гӯсфанди зоти ҳисорӣ, ки дар таъмини амнияти озуқаворӣ аҳамияти ҷаҳонӣ дорад, ба феҳристи созмонҳои ҷаҳонию байналмилалӣ ворид шудааст.

Гузоштани ҳайкали гӯсфанди ҳисорӣ дар пайи машварате  дар мавзӯи “Гӯсфанди зоти ҳисорӣ: ҳолат ва дурнамо” аст, ки 25 майи соли ҷорӣ бо ташаббуси шаҳрдории Ҳисор дар ҳамкорӣ бо вазорати кишоварзии Тоҷикистон доир шуд, ки дар ин ҳамоиш олимону мутахассисон андешаҳои хешро доир ба ин навъи гӯсфанд ва роҳҳои афзоиши саршумори он баён доштаанд.

Ҳамчунин рӯзи 28 июл дар Китобхонаи миллӣ ва 29 июл дар ноҳияи Варзоб бо иштироки олимони сатҳи байналмилалӣ дар мавзуи “Селексия ва такмили гӯсфанди зоти ҳисорӣ” конференсияи илмию амалии байналмилалӣ баргузор гардид.

Гуфта мешавад, ғояи гузоштани рамзи «Гӯсфанди ҳисорӣ» дар ҳудуди ватани аслиаш — водии Ҳисор дар ҷараёни суханрониҳои олимони соҳа ба миён омадааст.

Ҳидоятулло Холзода, сухангӯи шаҳрдори Ҳисор гуфтааст, барои сокинони Ҳисор мояи ифтихор аст, ки пайкараи гӯсфанди ҳисорӣ, ки дар асрҳои 6-уми мелодӣ бо усули селексияи халқӣ дар ҳамин сарзамин офарида шудааст, дар маркази ин водӣ гузошта шуд.

Гӯсфанди ҳисорӣ як зоти дуруштпашму дунбакалони гӯсфанди маҳаллист, ки аз лиҳози ҷуссаву вазн бузургтарин гӯсфанди ҷаҳон ба шумор рафта, асосан барои гӯшту равған парвариш карда мешавад. Ҳарчанд дар бораи пайдоиши гӯсфанди ҳисорӣ чун дигар гӯсфандони дунбадор то ҳол маълумоти аниқе дар даст нест, вале бовар меравад, ки гӯсфанди ҳисориро дар водии Ҳисор рӯёндаанд. Аз он ҷо рамаҳои чунин гӯсфандонро барои фурӯш ба бозори шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Қӯқанд, Қаршӣ ва ғ. мебурданд.

 Сайёҳи машҳури итолиёӣ Марко Поло дар «Китоби Марко Поло» (1298) шояд гӯсфанди ҳисорӣро дар назар дошта бошад, навиштааст, ки «гӯсфандон худи хар барин; думбаашон ғафсу калон… гӯсфандони хушнамуду серравған, гӯшташон хуштаъм».

 Гӯсфанди ҳисорӣ нисбат ба дигар гӯсфандони дунбадор калонҷусса буда, сару баданаш пурра ва қаду басташ зебост; зуд калону фарбеҳ мешавад. Қади қӯчқораш (то сари дӯш) 80-85 см (баъзан то 1 м, вазнаш 120-140, баъзан то 195 кг), мешаш 75-80 см (вазнаш 80-85 кг) аст. Вазни зиндаи барраи навзод 5-7, барраҳои 5-моҳа 40-50 (баъзан 55-60), 18-моҳа 70-90 кг мешавад.

Солҳои 1950-60 гӯсфанди ҳисориро барои беҳтар кардани зоти гӯсфандони маҳаллии ӯзбекӣ, қирғизӣ ва қазоқӣ истифода бурда, дар Тоҷикистон аз он зоти нави гӯсфанди тоҷикӣ ба вуҷуд оварданд. Рамаҳои хушзоти гӯсфанди ҳисорӣ дар ноҳияҳои марказии ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон, инчунин ноҳияҳои Ғончӣ, Зафаробод, Мастчоҳ ва Шаҳристони вилояти Суғд, ҳамчунин дар ноҳияи Шерободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвариш карда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button