ВидеоИқтисодТоҷикистон

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН КОРХОНАИ АЗ ЗАЙД САИДОВ МУСОДИРАШУДАРО АЗ НАВ БА КОР ДАРОВАРД (17 АКС)

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 31 октябри соли 2023 дар пойтахт дар маросими ифтитоҳи 7 корхонаи бузурги саноатӣ бо беш аз 4 ҳазор ҷои корӣ иштирок карданд. Дар ҳузури президент аз ҷумла корхонаи равғанбарории “Файзи баракат”, корхонаи нассоҷии “Арвис”, корхонаи “Қолинҳои Душанбе”, корхонаи макаронбарории “Шаҳри зебои ман”, корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқии “Имод”, фабрикаи қаннодии “Амирӣ”  ва корхонаи дӯзандагии “Гулистони Душанбе” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Корхонаи “Гулистон”, ки дар маркази пойтахт ҷойгир шудааст, дар гузашта 85 фоизи саҳмияҳояш ба миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташ ва 5 фоизи боқимондааш ба наздикони соҳибкори маъруф ва вазири собиқи саноати Тоҷикистон Зайд Саидов тааллуқ дошт.

Зайд Саидов соли 2013 дар пайи эълони азмаш барои бунёди ҳизби сиёсии “Тоҷикистони нав” дастгир ва бо ҷурмҳое, ки ба ақидаи наздикону тарафдоронаш, бофта ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Дар пайи зиндонӣ шудани Зайд Саидов, корхонаву ширкатҳои марбут ба ин соҳибкор аз ҷониби давлат мусодира гардид.  Дар қатори молумулки Зайд Саидов, мақомот корхонаҳои марбут ба дӯст ва шарики тиҷоратии ӯ Дмитрий Фирташро ҳам давлатӣ карданд. Аз ҷумла соли 2014 бо қарори додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе корхонаи дӯзандагии “Гулистон” низ дубора давлатӣ карда шуд.

Дар солҳои гузашта чандин бор эълонҳо дар бораи ба фурӯш гузоштани корхонаи “Гулистон” нашр шуда буд, вале дастикам то соли 2019 мақомот барои ин корхона харидоре наёфта буданд. Соли 2019, ҳангоми дигарбора ба музояда гузоштанаш, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон корхонаи “Гулистон”-и Душанберо 24 миллиону 220 ҳазор сомонӣ (муодили 2,5 миллион доллар бо қурби ҳамон сол) нарх карда буд.

Дар гузориши хадамоти матбуоти президент дар бораи молики кунунии ин корхона маълумоти мушаххасе дода нашудааст, вале гуфта мешавад, корхона ба “Гулистони Душанбе” табдили ном карда, дар он бо ташаббуси шаҳрдории Душанбе технологияи муосир насб карда шуд.  

Дастгоҳу таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ ба корхона, бино ба гузориши хадамоти матбуоти президент, давоми солҳои 2022-2023 аз Ҷопон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Италия, Чин, Англия, Русия ва Туркия ворид карда шуда, баъд аз азнавсозӣ и 3 хатти нави технологии ҳозиразамон дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Гулистони Душанбе” ба роҳ монда шуд, ки дар онҳо пиҷакҳои мардона ва занона, шим ва куртаҳо дӯхта мешавад.  

Гуфта мешавад, корхонаи “Гулистони Душанбе” имкон дорад, ки дар як сол то 2 миллион сар либоси махсуси корӣ барои фасли тобистону зимистон, шиму костюм, либоси мактабӣ, варзишӣ, курта ва рахти хоб, дар маҷмӯъ 250 номгӯйи маҳсулот истеҳсол намояд. Баъд аз навсозӣ дар корхона 230 ҷойи кории иловагӣ таъсис дода шуда, шумораи ҷойҳои корӣ ба 470 расонида шуд. Гуфта мешавад, дар сурати дар се баст ба роҳ мондани фаъолияти корхона то 1200 ҷойи корӣ муҳайё карда мешавад.

https://www.flickr.com/photos/khadamotimatbuot/albums/72177720312327070/with/53299665784/

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button