ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДУ НОБОЛИҒ ВА ЯК РОНАНДА ДАР СЕ САДАМА ДАР ҶАНУБИ ТОҶИКИСТОН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки тайи рӯзҳои истироҳати ахир: 28 ва 29 октябри соли 2023 дар се садамаи нақлиётӣ дар ҷануби ҷумҳурӣ се нафар, аз ҷумла як писарчаи яксола ва як духтари 15-сола ба ҳалокат расидаанд. Тифли яксола дар ноҳияи Дӯстӣ зери чархи трактори падараш монда, ҷон бохтааст ва духтари наврасро дар Кӯлоб як мошини раҳгузари “Опел” пахш кардааст. Ҳамин тавр, ронандаи 28-солаи боз як “Опел”  аз ноҳияи Восеъ дар роҳи Кӯлоб – Душанбе бар асари бархӯрд бо “ҷип”-и тамғаи “Тойота Ланд Крузер” ба ҳалокат расидааст.

Бино ба иттилои ВКД, рӯзи 28-уми октябри соли 2023, ронандаи трактори тамғаи “Т-28”, Термизов Ҳалимҷон Карамович, соли таваллудаш 1969, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ҳангоми ҳаракат дар назди манзили истиқоматиашон қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, ҷияни хурдсолаш Термизов Суҳроб Рустамович, соли таваллудаш 2022-ро пахш намудааст. Дар натиҷа, кӯдаки маъсум дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Субҳи 28-уми октябри соли 2023, тахминан соати 06:00, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Шералиев Даврон Шамсуддинович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Восеъ ба самти шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба мошини тамғаи “Тойота Ланд Крузер”, таҳти идораи Эроншоев Амоншо Булбулшоевич, соли таваллудаш 1970, сокини шаҳри Хоруғ, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи “Опел”, Шералиев Д.Ш. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин рӯзи 29-уми октябри соли 2023, тахминан соати 12:58, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Мадуллои Аскар, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Мадинаи Набиҷон, соли таваллудаш 2008, сокини шаҳри Кӯлобро пахш намудааст. Дар натиҷа, Мадина ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба саломатиаш бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Бино ба охирин омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Даҳҳо тан аз қурбониёни ин садамаҳо кӯдаконанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button