ВидеоҲуқуқи инсон

АСЛИДДИН ШАРИПОВ КУҶОСТ? ТАЛАБИ ҲОМИЁНИ ҲУҚУҚ АЗ МАҚОМОТИ ТОҶИКИСТОН

Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия, як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон, рӯзи 30 октябри соли 2023 дар як изҳорот аз мақомоти Тоҷикистон хост, то макони будубоши Аслиддин Шарипов, сокини ноҳияи Ашт ва бародари раҳбари каналаи оппозитсионии “Паём ТВ” Шавкати Муҳаммадро эълон кунанд. Аслиддин Шарипов, ки аз соли 2016 дар Русия ба сар мебурд ва дар сохтмон кор мекард, рӯзи 1 октябри соли ҷорӣ, баъди беш аз як соли дар Русия дар боздошт ба сар бурданаш, ба мақомоти Тоҷикистон супурда шуд, вале хешовандонаш бо гузашти як моҳ то ҳол натавонистаанд дар Тоҷикистон дар кадом боздоштгоҳ ва дар дасти кадом ниҳод қарор доштани ӯро муайян кунанд.

Берит Линдеман, дабири кулли Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия дар робита ба  ин қазия гуфт: Мақомоти Тоҷикистон бояд макони будубоши Аслиддин Шариповро эълон карда, бифаҳмонанд, ки чаро хешовандонаш аз рӯзи истирдоди ӯ аз Русия дар борааш чизе намедонанд. Агар мақомот Шариповро ҳабс карда бошанд, бояд ӯро озод кунанд ваё айбномаи бодалеле ба зидди ӯ эълон кунанд”.

Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия дар изҳороташ ҳамчунин маҷбуран аз Русия овардану сипас ғайб задани Аслиддин Шариповро ҷавобгӯи чавкоти нақшаи алакай ба ҳама маълумшудаи таъқиби наздикони дигарандешон ва мухолифон аз сӯи мақомоти Тоҷикистон номидааст.

Аслиддин Шарипов бародари Шавкати Муҳаммад, сардабири канали оппозитсионии “Паём ТВ” аст, ки дар Аврупо амал мекунад ва дар барномаҳояш сиёсати ҳукумати Тоҷикистон ва вазъи ҳуқуқи инсон дар ин кишварро ба боди интиқод мекашад.

Аслиддин Шарипов аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон бар асоси моддаи 307 бо иттиҳоми ташкили фаъолияти созмони ифротии мамнӯъ таҳти ҷустуҷӯ гузошта шуда буд. Ба иддаои мақомот, гӯё Аслиддин Шарипов дар саҳифааш дар Фейсбук ақидаву ғояҳои созмонҳои мамнӯи оппозитсиониро дастгирӣ ва таблиғ кардааст.

Душанбе аз моддаи 307 барои таъқиби мухолифони сиёсиаш фаровон истифода мебарад. Ба Аслиддин Шарипов бар асоси ин банди қонун то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Аслиддин Шарипов ҳанӯз моҳи сентябри соли 2022 дар Русия дастгир гардида, баъди беш аз як соли пушти панҷара ба сар бурданаш, рӯзи 1 октябри соли 2023 истирдод шуд. Додситонии кулли Русия дар як номаи расмӣ ба хешовандони Шарипов расман тасдиқ кардааст, ки ӯро рӯзи 1 октябри соли 2023 ба Тоҷикистон супурдаанд.

Аммо мақомоти Тоҷикистон то ҳол боздошту истирдоди Аслиддин Шариповро ягон бор расман шарҳ надодаанд ва ба хешовандонаш низ ошкор накардаанд, ки ӯ куҷост?

Бародари ӯ Шавкати Муҳаммад ба Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия гуфт, хешовандони онҳо ҳам ба Додситонии кул, ҳам ба ВКД Тоҷикистон ва ҳам ба дафтари Омбудсмен муроҷиат кардаанд, вале то ҳол ба дархостҳои худ ягон посухи расмӣ нагирифтаанд. Ба болои ин, ба гуфтаи Шавкати Муҳаммад, хешовандони онҳоро таҳдид ҳам кардаанд, ки дар сурати идомаи ҷустуҷӯи Аслиддин Шарипов ба зидди худашон парванда мекушоянд.

Шавкати Муҳаммад муътақид аст, ки мақомоти Тоҷикистон бародарашро барои ниқор гирифтан аз ӯ барои барномаҳои интиқодии канали “Паём ТВ” таъқибу ҳабс ва парванда кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button