ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷиронСиёсат

12 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ МЕҲРОБ ҲАИТОВ БО ВУҶУДИ ҲАМКОРИАШ БО ТАФТИШОТ

Додгоҳи дуюми ҳарбии ҳавзаи ғарбӣ дар Маскав шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон Меҳроб Ҳаитовро дар омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ ба бинои ФСБ дар майдони Лубянка дар маркази пойтахти Русия гунаҳкор шинохт ва ба 12 соли зиндон 500 ҳазор рубл ҷарима маҳкум кард. Дар ин бора рӯзи 31 октябри соли 2023 нашрияи русии “КоммерсантЪ” хабар дод.

Хадамоти матбуоти додгоҳ қаблан гуфта буд, ки Меҳроб Ҳаитов яке аз 7 нафари муттаҳам ба қасди ҳамла ба қароргоҳи ФСБ буда,  ба далели эътирофи гуноҳ ва имзои қарордоди ҳамкорӣ бо тафтишот парвандааш аз дигарон алоҳида баррасӣ мешавад.

Бо ҳукми додгоҳ Меҳроб Ҳаитов се соли аввалро дар маҳбаси пӯшида ва 9 соли боқимондаро дар маҳбаси низомаш сангин адо хоҳад кард. Вакили мудофеи ӯ танҳо дар мавриди ҳукми ҷаримаи Ҳаитов изҳори норозигӣ кардааст.

Худи Меҳроб Ҳаитов ва адвокаташ барои шарҳи мустақим дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи тафтишот, ин ҷавони тоҷик ҳамроҳ бо 5 тоҷики дигар ва як зодаи Доғистон моҳи марти соли 2022 дар Маскав ба созмони террористии ДОИШ байъат супурда, нақша доштанд, ки ба қароргоҳи марказии ФСБ ва биноҳои атрофи он дар майдони Лубянка дар маркази Маскав ҳамла оварда, бомбҳои худсохтро битарконанд ва раҳгузарону корафтодагонро тирборон карда, хуруҷи нирӯҳои Русия аз Сурияро талаб кунанд.

Бино ба маълумоти тафтишот, ки “КоммерсантЪ” ба он такя мекунад, Ҳаитов тибқи нақша мебоист болои издиҳоми роҳгузарон ва биноҳои атроф тир мекушод. Ба гуфтаи тафтишот, ӯ ҳамчунин барои мулоқоти аъзои гуруҳ манзил омода карда, дар бораи бинои ФСБ маълумот ҷамъ овардаст.

Муҳокимаи ин парвандаи пурсарусадо дар додгоҳи дуюми ҳарбии ҳавзаи ғарбӣ дар Маскав ҳафтае пеш оғоз ёфт. Яке аз муттаҳамон сокини қаблан барои дуздӣ судшудаи Доғистон ва 5 нафари боқимонда аз Тоҷикистон буда, ҳамагӣ аз 19 то 25 сол доранд:

  1. Ҳоҷимурод Ҳасаналиев, зодаи Доғистон
  2. Манучеҳр Бӯриев ва
  3. Амакбачааш Раҷабалӣ Бӯриев
  4. Абдумалик Самиев
  5. Самандара Тошмуродов
  6. Абдуқодир Тоиров.

Худи муттаҳамон барои шарҳи парванда дастрас нестанд, вале тафтишот мегӯяд, ки онҳо дар Маскав дар сохтмонҳо ё ҳамчун курйер кор мекарданд ва гӯё Абдуқодир Тоиров, ки ҳамагӣ 23 сол дорад, розӣ шудааст, ки нақши ҳамлагари маргталабро иҷро карда, худро дар дохили бинои ФСБ дар маркази Маскав битарконад.

Бино ба фарзияи тафтишот, “аз моҳи март то апрели соли 2022 айбдоршавандагон шуъбаи созмони террористии дар Русия мамнӯи ДОИШро ташкил карда, ба ҳамдигар байъат супурдаанд ва баъди худро дар маркази майдони Лубянка таркондани шаҳидашон бояд ҳамчун талаби асосӣ хуруҷи нирӯҳои Русия аз Сурияро матраҳ мекарданд”.

Адвокатҳо ин парвандаро сиёсишуда номида гуфтаанд, ки дар асл нафарони зери ҳимояти онҳо қурбони амалҳои таҳрикомези кормандони ФСБ шудаанд. Ин дар ҳолест, ки дар ҷараёни тафтишот 5 тан аз айбдоршавандагон гуноҳи худро пурра ё қисман эътироф карда, танҳо якеаш гуфтааст, ки худро гунаҳкор намешуморад.

Ҷаласаи навбатии додгоҳ рӯзи 1 ноябр доир мешавад. Ба ин 6 нафар ҳамчун ҷазо то ҳабси умрбод таҳдид мекунад.

Дар ҳамин ҳол, ҳомиёни ҳуқуқ бисёре аз парвандаҳо бо иттиҳоми терроризм ба зидди муҳоҷирон дар Русияро зери шубҳа гузошта, мегӯянд, аксари ин парвандаҳо бофтаю сохта буда, кормандони ниҳодҳои амниятии Русия аз ҳисоби муҳоҷирони беҳуқуқ ва беҳимоят мехоҳанд натиҷаҳои худро дар роҳи мубориза бо терроризму ифротгароӣ аз будаш зиёдтар нишон бидиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button