БОЗДОШТИ ДУ НАВРАС ДАР ПОЙТАХТ БАРОИ … МАСТӢ ВА МАЙДААВБОШӢ (2 АКС)
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе шоми 14 майи соли 2024 аз боздошти ду наврас барои дар ҳолати мастӣ вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ хабар дод.
Шаби 13-уми майи соли ҷорӣ, тақрибан соати 21:00, як духтари ҷавони сокини шаҳри Душанбе тавассути почтаи электронӣ ба мақомоти милитсияи пойтахт дар он хусус муроҷиат намуд, ки дар кӯчаи Нисор Муҳаммад, назди собиқ бозори «Шоҳмансур», ду ҷавонписар ӯро дашному ҳақоратҳои қабеҳ дода, шаъну шарафи ӯро паст задаанд. Дар натиҷаи пешбурди корҳои фаврию ҷустуҷӯӣ, бо гузашти ҳамагӣ чанд соат аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони гумонбар муайян ва дастгир карда шуда, ба шуъбаи корҳои дохилӣ дастрас карда шуданд.
Худи дастгиршудагон ё наздикони онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба гузориши маркази матбуоти милитсияи Душанбе, “зимни санҷиш муайян гардид, ки инҳо шаҳрвандон Маҳмадуллозода Абубакр, санаи таваллудаш 11.12.2004 ва ноболиғ Ғоибов А. мебошанд. Дастгиршуда Маҳмадуллозода Абубакр дар ҳолати мастӣ қарор дошта, дар макони ҷамъиятӣ нисбат ба ҷавондухтари муроҷиаткунанда чунин амали зиштро раво дидааст”.
Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбат ба Маҳмадуллозода Абубакр тибқи талаботи моддаи 463 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нӯшидани машруботи спиртӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуд.
Ҳамзамон барои дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ нисбати номбурда тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) ва нисбати волидайни ноболиғ Ғоибов А. тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ ба додгоҳ ирсол карда шуданд. Ба волидони Ғоибови ноболиғ тибқи моддаи 90 барои хунукназарӣ дар тарбияи фарзанд то 360 сомонӣ ҷарима таҳдид мекунад, вале Маҳмадуллозодаро барои майдаавбошӣ метавонанд ё ҷарима ваё то 15 шабонарӯз ҳабс кунанд.
Корбарон дар зери ин хабар бо зикри соли таваллуди Абубакр Маҳмадуллозода, ки 2004 аст, аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки синну соли онҳое, ки шароб менӯшанд, хеле ҷавон шудааст. Дар ҷомиаи аксаран мусалмони Тоҷикистон нӯшидани машрубот ҳамчун як амали нохуб ва зояндаи ҷурму ҷиноятҳои дигар маҳкум карда мешавад. Солҳои охир ҳаҷми истеъмоли машрубот дар кишвар хеле коҳиш ёфтааст, вале ҳамчунон тақрибан ҳар рӯз дар бораи дар ҳолати мастӣ даст ба ягон қонуншиканӣ задани шаҳрвандон ё дучори садама шудани ронандагони маст хабарҳо ба даст мерасанд.