ВидеоФарҳанг

ҚАДАМИ ҚУРБОН ДАР БАРНОМАИ АНДРЕЙ МАЛАХОВ ҲАМАРО ҚОИЛ КАРД (ВИДЕО)

Шоми 29 октябри соли 2023 нашри навбатии барномаи “Песни от всей души” дар таҳияи яке аз маъруфтарин шоуменҳои рус Андрей Малахов дар шабакаи телевизонии “Россия1” нашр шуд. Ин шумораи барномаро бахусус дар Тоҷикистон бесаброна мунтазир буданд, чунки яке аз меҳмонони он  ин навбат овозхон ва ширинкори шинохта аз деҳаи дурдасти Чагам дар ҷануби Тоҷикистон Қадами Қурбон буд.

Андрей Малахов  аз якуним соати барномааш 15 дақиқаи онро ба ин ситораи худрӯ аз деҳаи Чагам ихтисос дод ва бо вуҷуди мавҷи интиқодҳое, ки Қадами Қурбон қабл аз нашри шоуи Малахов дучор шуд, ҳоло метавон бо боварӣ гуфт, ки яке аз ҳунарнамоиҳои аз ҳама хотирмону дилнишин дар ин шумораи барнома маҳз ҳунарнамоии овозхони тоҷик буд.

посвятил звезде из далекого горного кишлака Чагам на юге Таджикистана почти 15 минут из полутора часов своей программы.

Қадами Қурбон дар дақиқаи 25-уми барнома зоҳир шуд ва то дақиқаи 40 барномаро ба қавли маъруф “тарконд”: ҳам бо таронаҳои худ, ҳам бо шӯхиву зарофатҳояш ва ҳатто бо забони русии пурлакнат, вале боз ҳам ширину шуниданиаш.

 Ӯ дар оғоз чандмисраӣ аз таронаҳои машҳуртарини худ, аз ҷумла “Лики Лики”,  таронаҳои “Зуби-зуби” ва “Ми лав ю” аз филмҳои дар замонаш пуртамошобини ҳиндиро хонд, ҳунарнамоии шоҳкораш “Сари поворотай”-ро бо синтезатор иҷро кард ва дар охир таронаи “Ман бо духтаре вохӯрдам” аз филми машҳури 70 сол пеши “Тоҷикфилм”-ро бозхонӣ кард.

Баъди ин Андрей Малахов гузориши телевизионӣ аз деҳаи Чагам, зодгоҳи Қадами Қурбонро намоиш дод. Қадам дар деҳа нақл кард, ки чӣ гуна дар вақташ зани ҳозираашро дуздид ва ҳоло онҳо 6 фарзанд доранду хушбахтанд ва ҳамчунон якдигарро дӯст медоранд.

Қадами Қурбон ҳамчунин сари мазори падару модари барвақт аз дунё рафтааш Гулмаҳмад ва Шарифамо Қурбоновҳо рафта, ба ёди онҳо дар сари хокашон сураеро аз “Қуръон” қироат кард ва нақл кард, ки ба хотири таъмини 5 бародару 5 хоҳари ятиммондааш маҷбур шуда буд, ки навохтани аккордеонро омӯхта, дар тӯйҳо ҳунарнамоӣ кунад.

Қадами Қурбон ҳамчунин фаҳмонд, ки чаро ҳавлиаш дарвоза надорад?  “Ман махсус дарвоза нашинондам, чунки дари ман ҳамеша ба рӯи ҳама боз аст: ба рӯи ҳаққу ҳамсоя, хешу табор, аҳли деҳа, ба рӯи шиносу ҳатто ношиносҳое, ки ба дари мо қадам ранҷа мекунанд, дари мо боз ва дастурхонамон барои меҳмон кушода аст ҳамеша”, – нақл кард ӯ.

Баъди  ин гузориш аз Чагам, Қадами Қурбон дар студия бо хоҳиши Андрей Малахов бори дигар қиссаи дуздидани ҳамсарашро нақл кард.

 “Дар ҷавониам ман чунон хушрӯ будам, ки ҳамсари ояндаам девонавор ошиқам шуда будам. Вақте мо ба хонаашон меҳмонӣ рафтем, роҳатон дур аст  гуфта, духтарашонро надоданд. Он вақт ӯ ба ман гуфт, ки маро бо худ бубар, вагарна худамро мекушам, ба дарё мепартоям. Ман ҳам гуфтамаш, ки биё, аз моҳиҳо туро хӯрдан ман худам мехӯрамат…” – бо чунин лаҳни пурзарофат нақл кард Қадами Қурбон қиссаи арӯсдуздиашро.

Сипас Қадами Қурбон ба Андрей Малахов ҷомаи зарбофт ва тоқии чакан бо навиштаи “Привет, Андрей!”, ки номи барномаи асосии Малахов дар шабакаи “Россия 1” аст, пӯшонд, ба миёнаш локии тоҷикӣ баст ва тарзи бародарсаломи тоҷикиро, ки дар ҷануби Тоҷикистон роиҷ аст, ёдаш дод. Дар анҷом ӯ ба Малахов асалу хушкмеваҳои тоҷикӣ туҳфа кард ва ба тамошобинон – боз чанд пораи дигар аз таронаҳояшро.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button