ВидеоСиёсатҲуқуқи инсон

ЯК ҶАВОНЗАНИ ҚАБЛАН СУДШУДАРО БА ҲАМКОРӢ БО “ИСЛОҲ ТВ” АЙБДОР МЕКУНАНД

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 30 октябри соли 2023 аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ ба зидди як ҷавонзани сокини шаҳри Душанбе бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ хабар дод.  Гуфта мешавад, Ҷумъаева М.Х. қаблан дар Тоҷикистон барои авбошӣ, қасдан несту нобуд кардани молу мулки бегона ва тамаъҷӯӣ маҳкум ба зиндон шуда, як маротибаи дигар дар Русия барои қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шуда буд.

Худи ин ҷавонзан барои шарҳи мустақими қазия дастрас нест, вале бино ба фарзияи додситонӣ, “шаҳрванд Ҷумаева М.Х., санаи таваллудаш 19.08.1989, зода ва сокини ш.Душанбе, ки қаблан бо моддаҳои 255, қисми 1, 250, қисми 1, 237, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 228, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия маҳкум шудааст, аз аввалҳои соли 2023 дар шабакаи интернетии “Ютуб” тавассути барномаҳои “Ислоҳ-ТВ”, “Паймони миллӣ” ва “Минбари муҳоҷир” баромадҳои Муҳаммадиқболи Садриддин – узви «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро, ки бо ҳалномаи Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.08.2019 иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ карда шудааст, пайваста тамошо карда, ғояҳо ва ақидаҳои ин ташкилотро ҷонибдорӣ намудааст. Инчунин, ӯ дар шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» бо номи “Момлидж Сосгмли” саҳифа кушода, дар он низ суханҳои Муҳаммадиқболи С.-ро тавассути навиштани шарҳу тавзеҳот ҷонибдорӣ намуда, ғайр аз ин аз моҳи августи соли 2023 инҷониб, тавассути барномаи “Ватсап” зиёда аз даҳ маротиба бо ӯ ҳамсуҳбат шуда, аксҳои худро ирсол кардааст”.

Додситонӣ афзуд, “тибқи хулосаи мутахассисон, мазмун ва муҳтавои шарҳу суҳбатҳои шаҳрванд Ҷумаева М.Х. дорои нишонаҳои мусоидат ва дастгирии иттиҳоди террористӣ-экстремистии «Паймони Миллӣ» мебошад”.

Ба ин далел, 19 октябри соли 2023 аз тарафи додситонии ноҳияи Фирдавсӣ нисбат ба Ҷумаева М.Х. бар асоси  моддаи 307.3, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ ба ҳабс гирифта шуд.

Тафтишоти пешакӣ бо ин парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.

Ба Ҷумъаева М.Х. бар асоси қисми дуюми моддаи 307, иловаи 3 барои иштирок дар фаъолияти ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет ва ё ба тарзи дигар, ҳамчун ҷазо аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

“Ислоҳ ТВ” яке аз пурбинандатарин тарҳҳои матбуотии оппозитсияи тоҷик дар хориҷ ба шумор меравад ва бисёре аз барномаҳои он дар Ютуб ва дигар платформаҳои Интернет ҳар кадом  даҳҳо ҳазор ва бархеаш садҳо ҳазор тамошобин ҷамъ меорад. Муасссиси “Ислоҳ ТВ” Муҳаммадиқболи Садриддин чанд сол боз дар Фаронса ба сар мебарад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button