ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

ДАР ПОЙТАХТИ ДОҒИСТОН ИЗДИҲОМ ДАР ҶУСТУҶӮИ ГУРЕЗАҲО АЗ ИСРОИЛ ФУРУДГОҲРО ИШҒОЛ КАРД (ВИДЕО)

Шоми 29 октябри соли 2023 издиҳоми иборат аз чанд ҳазор нафар, аксаран ҷавонон фурудгоҳи Махачқалъа, пойтахти ҷумҳурии Доғистони Русияро ишғол кард. Тазоҳургарон ба фурудгоҳ бо шиорҳо ба тарафдории Фаластин ва зидди Исроил омада буданд. Сабаби бетартибиҳо овозаҳо дар бораи гӯё аз Тел-Авив бо ҳавопаймои “Red Wings” ба Доғистон овардани исроилиҳои гуреза шуд. Ҳарчанд издиҳоми гирдиҳамомадаро итминон медоданд, ки бо ин ҳавопаймо кӯдаконеро овардаанд, ки дар Исроил аз бемориҳои саратон табобат мегирифтанд, вале издиҳом ором нашуд ва аввал толори фурудгоҳро ишғол карда, сипас ба хатти парвозу фуруд фурӯ рехтанд, то мустақиман дохили ҳавопаймоҳоро тафтиш кунанд, ки ягон гуреза нест.

Баъди чанд соат тазоҳургарон фурудгоҳро тарк карданд ва ҳукумати Доғистон эълон кард, ки вазъ зери назорат дароварда шуд, вале фурудгоҳ ҳанӯз кор намекунад. Гуфта мешавад, пулис барои пароканда кардани онҳо аз гази ашковар истифода бурдааст.   

Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми ташкили бетартибиҳои оммавӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. ВКД Доғистон гуфт, алакай шахсияти 150 нафар аз иштирокчиён муайян карда шуда, тақрибан 60 тани онҳо дастгир гардидаанд.

Вазорати тандурустии Доғистон аз ҷароҳат бардоштани беш аз 20 кас, аз ҷумла 9 корманди пулис хабар дод. 10 нафари онҳо баъди доруву дармон ҷавоб дода шудаанд, вале 10 тани дигар таҳти табобат боқӣ мемонанд ва вазъи ду тан аз захмиён хеле вазнин арзёбӣ мешавад.

Дар пайи ба майдони парвозу фуруди ҳавопаймоҳо фурӯ рехтани издиҳом, Росавиатсия нишасту хези парвозҳоро дар фурудгоҳи Махачқалъа муваққатан қатъ кард ва парвозҳои барномарезишуда ба фурудгоҳи Махачқалъаро ба фурудгоҳҳои Владикавказ ва Минералние Води фиристода, парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии “Red Wings” ва “Победа” аз Махачқалъа ба Маскав ва Сургутро бекор кард. 

Дар ҳукумати Доғистон таҳти раҳбарии раиси ин ҷумҳурӣ Сергей Меликов ситоди фаврӣ ташкил шуда, ҳукумат ба кори шабонарӯзӣ гузаштааст. Сарвазири Доғистон Абдулмуслим Абдулмуслимов хостори пешгирӣ аз паҳн кардани воҳимаю таҳлука дар байни мардум ва кӯшишҳои ба ҳам задани субот дар ин ҷумҳурии минтақаи Қафқози шимолӣ шуд.

Раҳбари Доғистон генерал Сергей Меликов бетартибиҳо дар фурудгоҳи Махачқалъаро маҳкум кард ва дағалона вайрон кардани қонун номид. Ӯ баъдан изҳор дошт, ки ин “ман фикр мекунам, ташаббускорони ин кор, бидуни шак, душманони моянд ва бидуни шак, онҳо аз қаламрави Украина ин чорабиниҳоро ба роҳ андохтаанд”. Меликов барои ин иддаояш ягон далел наовард, вале бетартибиҳои ахиррро хиёнат номида, гуфт: “Ин амали дирӯза мисли корд ба пушти сарбозони мост. Онҳо ба зидди душмани мо меҷанганд, вале онҳое, ки дар ин ба ном амали эътирозӣ иштирок карданд, ба манфиати душман кор карданд”.

Дар ҳамин ҳол, нозирон бетартибиҳо дар пойтахти Доғистонро ҳамчун боз як аломати заиф шудагни ҳукумати марказӣ дар Русия мешуморанд ва мегӯянд, ин раванд, яъне назорати вазъ дар минтақаҳои кишварро аз даст додани Кремл бахусус баъди ҳамлаи Русия ба хоки Украина суръат ва вусъати беш аз пеш пайдо кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button