ВидеоДин ва боварҳоҶомеа

БОЗДОШТИ ЯК “ҶИНБАРОР” ДАР ХУҶАНД БАРОИ БАДАХЛОҚӢ НИСБАТ БА ЯК ҶАВОНЗАН

Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки дар шаҳри Хуҷанд як “ҷинбарор”-и 68-сола бо иттиҳоми бадахлоқии шаҳвонӣ дастгир шудааст.

Худи дастгиршуда ё наздиконаш барои шарҳи мустақими моҷаро дастрас нестанд, вале бино ба иттилои расмӣ, додситонии вилояти Суғд  рӯзи 25 октябри соли 2023 нисбат ба Набиев Абдувалӣ, соли таваллудаш 1955, бар асоси қисми аввали моддаи 142, иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта ё ҳаракатҳои бадахлоқона, ки бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динии ҷабрдида содир шудааст, парвандаи ҷиноятӣ кушодааст.

Додситонии кул дар шарҳи ин парванда гуфт: “Набиев Абдувалӣ, ки на таҳсилоти динӣ ва на тиббӣ дорад, худро дар байни мардум ҳамчун “мулло” ва “табиб” муаррифӣ карда, дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар ш.Хуҷанд, маҳаллаи 12, корафтодагон, аз ҷумла занонро қабул намуда, бо роҳи дуохонӣ, маҳси бадан, “таштобнависӣ” ва дигар роҳҳо гӯё онҳоро табобат ва ҷинҳоро аз баданашон дур мекардааст. Чунончӣ, 05.10.2023 ба ӯ барои табобати дарди сар сокини ш. Хуҷанд, шаҳрванд М., ки оиладор мебошад (бинобар сабаби нигоҳ доштани шаъну шарафи ӯ шахсияташ ошкор карда намешавад), муроҷиат намудааст. Набиев А. ӯро дуохонӣ намуда, барои ин амалаш 50 сомонӣ гирифта, бо мақсади бо сӯиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динии номбурда қонеъ намудани нафси шаҳвонии худ ӯро бовар кунондааст, ки ҷин дорад ва таклиф намудааст, ки “ҷинбарорӣ” кунад. Шаҳрванд М. аз мақсадҳои нопок ва ҷинояткоронаи Набиев А. бехабар ба ин таклифи ӯ розӣ шуда, 13.10.2023 ашёи фармудаи ӯро бо худ гирифта, боз ба манзили номбурда омадааст. Набиев А. дар танҳоӣ бо баҳонаи баровардани ҷин аз бадани М. ӯро дуохонӣ намуда, дар рафти он нисбати ӯ ҳаракатҳои бадахлоқона анҷом дода, дар табақ “таштоб” навишта дода, боз 50 сомонӣ музд гирифтааст”.

Ба гуфтаи тафтишот, чунин амалҳоро Набиев А. нисбат ба шаҳрванд М., инчунин 18 октябри соли 2023 дар манзили истиқоматиаш анҷом дода, боз аз ӯ 50 сомонӣ гирифтааст ва бо мақсади анҷом додани нияти бадаш пешниҳод кардааст, ки табобатро дар манзили шаҳрванд М. идома диҳанд.

“Бо ин мақсад, 23.10.2023 ӯ ба манзили иҷоравии шаҳрванд М., воқеъ дар ш. Хуҷанд омада, бо баҳонаи баровардани ҷин ӯро дуохонӣ намуда, дар рафти он бо сӯиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динии шаҳрванд М. нисбати ӯ ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта анҷом дода, нафси шаҳвонии худро қонеъ намудааст. Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Набиев А. дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи Додситонии кул.

Ин ниҳод аммо шарҳ надодааст, ки Набиев Абдувалӣ нисбат ба М. мушаххасан чӣ гуна рафтори бади шаҳвонӣ содир кардааст? Вале чунин ба назар мерасад, ки М. дар ин моҷаро аз пеш бо маслиҳати ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ амал мекард.

Гуфтаи мешавад, тафтишоти пешакии ин парвандаи ҷиноятӣ идома дорад. Ба Набиев Абдувалӣ бар асоси қисми якуми моддаи 142, иловаи 1 ҳамчун ҷазо аз 3 то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button