ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳҲодиса

2 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: МАРГИ ДУ РОНАНДАИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ВА ЯК МУСОФИР ДАР ҚАЗОҚИСТОН

Рӯзи 29 октябри соли 2023 дар як садама дар шоҳроҳи Самара – Шимкент дар шимоли Қазоқистон се нафар, аз ҷумла як ронанда аз Тоҷикистон, ронандаи мошини дуюм аз Ӯзбекистон ва як мусофир ба ҳалокат расида, ду мусофири дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Бино ба иттилои пойгоҳи хабарии пулиси Қазоқистон Рolisia.Кz, рӯзи 29 октябр ронандаи 34-солаи мошини тамғаи “Kia Rio”, шаҳрванди Тоҷикистон, ҳангоми ҳаракат аз тарафи вилояти Қазоқистони ғарбӣ ба тарафи шаҳраки Қобдаи вилояти Оқтеппа дар километри 606-уми шоҳроҳи Самара – Шимкент ба мошини тамғаи “Chevrolet Captiva” таҳти идораи шаҳрванди 31-солаи Ӯзбекистон бархӯрдааст.  

Дар натиҷа, ҳарду ронанда ва як мусофир дар ҷои ҳодиса ҷон бохта, ду мусофири дигарро бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар бемористони Қобда бистарӣ кардаанд. Дар бораи шахсияти мусофирон ва аз куҷо будани онҳо чизе гуфта нашудааст.

Дар робита ба  ин садама бар асоси қисми чоруми моддаи 345 Кодекси ҷиноятии Қазоқистон тафтишот ба роҳ монда шудааст.

Шаҳраки Қобда, маркази маъмурии ноҳияи ҳамном, ки то соли 1997 Новоалексеевка ном дошт, дар 110-километрии ғарби шаҳри Оқтеппа ҷойгир шудааст.

Аз шоҳроҳи Самара – Шимкент маъмулан муҳоҷирони корӣ барои сафар ба Русия ва бозгашт ба Ватан истифода мебаранд.

Ин садама дар айни авҷи мавсими бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия рух дод.

Ба далели гарон будани нархи ҳавопаймо ҳар сол ҳазор нафар аз муҳоҷирони тоҷик дар роҳи сафар ба Русия ваё барои бозгашт ба Ватан маҷбур мешаванд, ки аз роҳҳои заминӣ истифода баранд. Сафар бо мошину микроавтобус ё автобус назар ба қатори роҳи оҳан ё ҳавопаймо арзонтар аст, вале хатарҳои ҷиддиеро, чун садамаҳо дар роҳ, ба ҳамроҳ дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button