ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ТИРПАРРОНИИ ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ШЕРЗОД ФОЗИЛОВ ДАР МАСКАВ (АКС)

Дар Маскав нисбат ба зодаи Тоҷикистон Шерзод Фозилови 23-сола бар асоси ду банди Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми авбошӣ бо истифода аз силоҳ (моддаи 213) ва муқовимату зӯроварӣ нисбат ба намояндагони давлат (моддаи 318) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ тибқи моддаи 213 ҳамчун ҷазо то 7 соли зиндон ва барои муқовимат ба пулис бар асоси моддаи 318 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Худи Шерзод Фозилов ва як дӯсташ, ки низ шоҳиди айнии ҳодиса буд, барои шарҳи мустақими моҷаро дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи мақомот, рӯзи 28 октябри соли 2023 дар истгоҳи автобус дар кӯчаи Софя Ковалёвская дар шимоли Маскав, тири аз пистолети  пневматикӣ ба замин холикардаи Фозилов аз асфалт ҷаста, ба дасти як ҷавонзан задааст. Ин ҷавонзан, ки бо кӯдакаш дар истгоҳ мунтазири автобус буд, аз Шерзод ва дӯсти ӯ, ки сигор мекашиданд, хоҳиш карда будааст, ки каме дуртар сигорашонро бикашанд, то дудаш ба димоғи кӯдаки ӯ нарасад. Ба болои  ин, бино ба иттилои Телеграм-канали ба мақомоти қудртии Русия наздики Маsh, ки аввалин шуда дар бораи ин ҳодиса хабар дод ва низ аввалин шуда,  исми ҷавони дастгиршударо нашр кард, Шерзод Фозилов ҳангоми фирор дар автобус ба тарафи як зани дигар низ аз пистолеташ тир холӣ карда, ҳангоми боздошт ба кормандони пулис муқовимат нишон додааст.

Юлия Иванова, сухангӯи Сарраёсати тафтишоти шаҳри Маскав шоми 28 октябр бидуни нашри номи гумонбаршаванда хабар дод, ки нисбат ба як зодаи Тоҷикистон дар робита ба амалҳои авбошонааш дар шимоли Маскав парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Иванова дар шарҳи ин парванда гуфт: “Бино ба маълумоти тафтишот, рӯзи 28 октябри соли 2023, зодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истгоҳи автобус дар кӯчаи Софя Ковалёвская дар шаҳри Маскав, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, бо мақсади ба атрофиён муқобил гузоштани худ ва намоиши беэҳтиромии худ ба атрофиён, яъне аз ҳиссиёти авбошӣ, бе ягон асос аз силоҳи пневматичекӣ ба рӯи асфалт тир холӣ кардааст, ки дар натиҷа тир ҷаста, ба як зан, ки бо кӯдаки хурдсол онҷо истода буд, бархӯрдааст. Баъди ин, мард ба автобус нишаста, боз ҳам бе ягон асос ба тарафи як зани мусофири ин автобус тир холӣ кардааст”.

Телеграм-канали Маsh, ки тафсилоти аз иттилоияи расмӣ бештареро дар бораи ин ҳодиса ба даст овардааст, хабар дод, ки як муҳоҷир ба сӯи як зану кӯдаки шашсолааш дар истгоҳи автобус, ки ба сигоркашиаш эрод гирифта буд, аз силоҳи травматӣ тир холӣ карда,  сипас дар дохили автобус ба тарафи боз як зани дигар тир андохтааст.

Бино ба маълумоти манобеи ин канал, модар бо кӯдаки шашсолааш дар истгоҳи кӯчаи Софя Ковалёвская  мунтазири автобус будаанд. Ду муҳоҷир дар наздикии онҳо сигор мекашиданд. Зан аз онҳо хостааст, ки дуртар рафта, сигор бикашанд, то дудаш ба димоғи кӯдак нарасад. Он ду ҷавон дуртар рафта, истодаанд, вале ҷавонзан аз онҳо хостааст, ки боз ҳам дуртар биистанд.  Аз ин ин гӯё яке аз он мардҳои сигоркаш ба хашм омада, бо нидои “Русҳоро бад мебинам, Амрико беҳтар аст!” ба замин тир холӣ кардааст, вале тир аз замин ҷаста, ба дасти он ҷавонзан расидааст.

Баъди ин муҳоҷирон ба автобус нишаста, кӯшиши фирор аз ҷои ҳодисаро кардаанд. Вале зан ба пулис занг зада, ҳамроҳи кормандони пулис автобусро таъқиб кардаанд ва ҳарду муҳоҷирро дастгир кардаанд.  Баъди боздошташон маълум шуд, ки он мард дар дохили автобус ҳам ба тарафи як зани дигар тир холӣ кардааст.

Маsh баъдан хабар дод, ки дастгиршуда Шерзод Фозилов ном ва 23 сол дошта, ҳангоми боздошт ба кормандони пулис низ муқовимат нишон додааст. Кормандони пулис муайян карданд, ки пистолети дасти ӯ пневматикӣ будааст.

Кӯчаи Софя Ковалёвская, ки ба номи олими машҳури математика ва нахустин зани профессор ва узви вобастаи Академияи илмҳои Петербург гузошта шудааст,  дар шимоли Маскав дар байни гулгаштҳои Бескудниковский ваи Карелский дар ҳудуди ноҳияи Дмитрови ҳавзаи маъмурии Шимолӣ ҷойгир шудааст. Ин кӯча бо ҳавзҳои Ангар (Ангарские пруды) ва боғҳои худ, ки ҳар рӯз садҳо тан аз сокинони атрофро ба инҷо ҷалб мекунанд, машҳур аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button