ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДАР МЕТРОИ ПЕТЕРБУРГ СЕ НАВРАС ҶАВОНИ ТОҶИКРО ПАРРОНДАНД. ПУЛИС ТОҶИКРО ҲАМ ҶАЗО ДОД

Рӯзи 28 октябри соли 2023 дар истгоҳи метрои “Уделная”  дар маркази шаҳри Санкт-Петербург як муҳоҷири 21-сола аз Тоҷикистон ҳадафи ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифтааст. Дар ин бора ин ҷавони тоҷик худаш ба пулис хабар додааст. Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, аз ҷумла “Фонтанка”, пулис нафақат ҳамлагарон, балки худи қурбонии ҳамларо ҳам ҷазо додааст.

Бино ба гузориши “Фонтанка”, рӯзи шанбе, 28 октябр як ҷавони 21-солаи тоҷик, ки ба Петербург аз Тоҷикистон бо мақсади кор омада, ҳамчун ҳаммол (грузчик) кор мекардааст, ба корманди пулис дар истгоҳи метрои “Уделная” муроҷиат карда, хабар додааст, ки дар платформаи ин истгоҳи метро нафарони ношинос ба тарафи ӯ аз пистолет тир холӣ кардаанд.

Кормандони пулис алакай дар истгоҳи баъдии “Пионерская” се нафарро бо гумони ҳамлаи мусаллаҳона ба муҳоҷири тоҷик дастгир кардаанд. Маълум шуд, ки ҳарсеи онҳо ноболиғ буда, дар як мактаби хусусӣ таҳсил мекардаанд. Пулис ин се нафар: ду акаву додари синнашон 13 ва 15 ва дӯсти  15-солаи онҳоро дастгир ва аз дасти онҳо як мил силоҳи шикорӣ (охотничий спусковой механизм)-ро мусодира кардааст.

Азбаски қонуншиканҳо ноболиғанд, пулис нисбат ба волидони онҳо бо иттиҳоми ба таври муносиб иҷро накардани масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд протокол тартиб додааст.

Вале ҳангоми таҳқиқи ин қазия маълум шудааст, ки ҷабрдида низ қоидаҳои будубош дар Русияро вайрон кардааст. Нисбат ба ӯ низ барои вайрон кардани қонуни муҳоҷират протокол тартиб додаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button