Хабарҳои кӯтоҳ

СОҲИБИ МОШИН САҲАР ДИД, КИ ҲАМАИ ЧОР ЧАРХИ МОШИНАШРО ДУЗДИДААНД…

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 34-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 16 ба 17-уми октябри соли 2023, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ 4-адад чархҳои автомашинаи шахсиаш тамғаи “КИА-Оптима”-ро, ки дар назди ҳавлии истиқоматиаш беназорат меистод, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини пойтахт, ки пеш бо моддаи 112 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button