15 ШАБОНАРӮЗ ҲАБС ВА 5 СОЛ АЗ ҲАҚҚИ РОНАНДАГӢ МАҲРУМ ШУДАНИ 3 РОНАНДА ДАР БОХТАР
Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 12 майи соли 2024 аз боздошт, 15 шабонарӯз ҳабс ва барои 5 сол аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум шудани 3 ронандае хабар дод, ки дар шаҳри Бохтар мастомаст мошин рондаанд.
Гуфта мешавад, давоми ҳафтаи сипаришуда аз ҷониби нозирони роҳи шаҳри Бохтар 3 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкор карда шуд. Чунончӣ:
- Азизов Бахтиёр Амонович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Ҳундай-Аванте», рақами қайди давлатиаш 32 60 ТТ 03;
- Парпиев Файзалӣ Мирзораҳимович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Витз», рақами қайди давлатиаш 40 44 ТТ 03;
- Назаров Зафар Саидмуродович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес», рақами қайди давлатиаш 84 84 NC 01 дар ҳолати мастӣ дастгир карда шуданд.
Дар натиҷа, нисбат ба ҳар се ронанда тибқи талаботи моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори додгоҳи шаҳри Бохтар Азизов, Парпиев ва Назаров тибқи муқаррароти моддаи мазкур ба муҳлати 5 сол аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт маҳрум карда шуда, нисбати ҳар кадомаш 15 шабонарӯзӣ ҳабси маъмурӣ татбиқ карда шуд.
Милитсияи Хатлон дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиётро яке аз дағалтарин қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ номида, аз он изҳори таассуф кардааст, ки ҳанӯз ҳам ҳастанд ронандагоне, ки талаботи қонунро нодида гирифта, дар ҳолати сархушӣ пушти чанбараки фармони мошин менишинанд.
“Таҳлилҳои соҳавӣ ва рафти тафтиши парвандаҳои ҷиноятии вобаста ба вайроннамоии Қоидаҳои ҳаркати роҳ оғозгардида нишон медиҳанд, ки дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт пеш аз ҳама ба ҷони худи ронанда ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад”, – гуфта мешавад дар иттилоияи милитсияи Хатлон.
Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҷон бохта, ҳудуди 1200 нафари дигар маъюб мешаванд.
Мақомоти Тоҷикистон ронандагони мастро як сабаби умдаи садамаҳои марговар дар кишвар мешуморанд ва ба ин далел, соли 2017 ҷазоҳо барои дар ҳолати мастӣ рондани мошин дар ҷумҳурӣ хеле шадидтар карда шуд. Бо ин вуҷуд, то ҳол аз Тоҷикистон ҳар сари чанд вақт дар бораи дар ҳолати мастӣ ба садамаҳо роҳ додани ронандагон хабарҳо ба даст мерасанд. Мутаассифона, даҳҳо садамаҳо бо иштироки ронандагони маст боиси ҳалокати одамон мешаванд.