ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶомеа

БО АЗОБ МУРД… 24 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ВАЗИРИ СОБИҚИ ҚАЗОҚ БАРОИ ҚАТЛИ БЕРАҲМОНАИ ҲАМСАРАШ (ВИДЕО)

Додгоҳи махсуси байниноҳиявӣ дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон рӯзи 13 майи соли 2024 вазири собиқи иқтисоди ин кишвар Қувандиқ Бишимбоевро бо ҷурми азобу уқубат ва қатли бераҳмонаи ҳамсараш Салтанат Нукенова ба 24 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ хешованди Бишимбоев Бахитҷон Бойҷоновро низ 4 соли зиндон дод. Бар асоси ҳукми додгоҳ, Бойҷонов ба ҳайси мудири тарабхонае, ки Салтанатро дар он ҷо куштанд, ба кормандонаш амр додааст, ки ба Бишимбоев барои пӯшондани изи ин ҷинояти мудҳиш кумак расонанд.

Додрас Ойҷон Қулбоева бо таъкид ба инки ҳукми ниҳоиро ҳайъати мунсифа (суд присяжных) баровардааст, онро чунин қироат кард: “Бишимбоев ҳукмашро дар маҳбаси низоми амниятиаш аз ҳама сахт адо хоҳад кард. Замони боздошти Бишимбоев аз 9 ноябри соли 2023 то рӯзи ба иҷро даромадани ҳукм бо ҳиби як ба як аз ҳукмаш кам карда шавад”. Бойҷонов 4 сол ҳукмашро дар маҳбаси низоми амниятиаш миёна адо хоҳад кард.

Бишимбоев ва Бойҷонов баъди ба дасташон гирифтани нусхаи ҳукм ҳақ доранд дар давоми 5 рӯз аз он шикоят баранд.

Айбдоркунандаи давлатӣ Ойҷон Оймаганов гуфт, Бишимбоев танҳо соли 2040 метавонад барои озодии пеш аз муҳлат дархост бидиҳад, вале он вақт ҳам танҳо дар сурати розигии тарафи ҷабрдида метавонад ба озодӣ умед бандад.

Бишимбоев дар посух ба суоли додрас дар мавриди инки оё роҷеъ ба ҳукми додгоҳ суоле дорад ё на?, гуфт, суоле надорад. Вале адвокатҳои ӯ баъдан гуфтанд, ки аз ҳукм розӣ нестанд.

Ба фарқ аз Бишимбоев, хешованди ӯ Бахитҷон Бойҷонов дар посух ба айни суоли додрас аз вай пурсид, ки “барои чӣ ба ман 4 сол додед?” Ӯ афзуд, ки “одами бегуноҳро шинондед”.

Тарафи ҷабрдида баракс аз ҳукм изҳори қаноат кардааст. Ҳаитбек Амонгелдӣ, бародари Салтанат Нукенова гуфт, “ин амалан мисли ҳабси умрбод аст”.  Ӯ таъкид кард, ки 24 сол пас, вақте Бишимбоев ба озодӣ мебарояд, синнаш алакай ба 68 мерасад.

Адвокати тарафи ҷабрдида Жанна Урозбоғова низ ҳукми содиршударо “хеле одилона” номид. Амонгелди Нукенов, падари Салтанат гуфт, 24 сол ҳукми Бишимбоевро мепазирад, вале ҳамагӣ 4 сол барои Бойҷонов, ба назари ӯ, хеле кам аст.

Парвандаи қатли Салтанат Нукенова аз тарафи шавҳари як замон мансабдори баландпояаш  яке аз пурсарусадотарин парвандаҳои вақтҳои охир дар Қазоқистон буд ва ҷараёни мурофиа, ки 27 марти соли 2024 оғоз ёфт, тавассути сомонаи Додгоҳи олии ин кишвар ба таври мустақим намоиш дода мешуд. Мурофиа бо дархости вакилони Бишимбоев бо иштироки ҳайъати мунсифа, иборат аз 10 ҳакам ва додрас Қулбоева баргузор шуд.

Шоми 9 ноябри соли 2023 табибоне, ки ба тарабхонаи BAU дар шаҳри Остона даъват шуда буданд, марги Салтанат Нукеноваи 31-соларо санад карданд. Дар сару рӯ ва бадани ӯ осори зиёди зарбу лат дида мешуд. Худи ҳамон рӯз пулис бо иттиҳоми қатли ин ҷавонзан шавҳари 44-солаи ӯ Қувандиқ Бишимбоевро боздошт кард.

Тарабхонае, ки мурдаи Салтанатро дар онҷо ёфтанд, ба хонаи Бишимбоевҳо тааллуқ дошта, раиси ширкате, ки ин тарабхонаро мечархонад, Бахитҷон Бойҷонов, хешованди Бишимбоев буд.

Бар асоси натиҷаҳои тафтишот ба зидди Бишимбоев бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Қазоқистон: моддаи 99, қисми 2, банди 5 (куштор бо бераҳмии махсус) ва моддаи 110, қисми 2 (азобу уқубат) айбнома эълон карданд.

Айбдоркунанда дар додгоҳ гуфт, Бишимбоев Нукеноваро пайваста мезад ва руҳан азоб медод. Бар асоси хулосаи тафтишот, шаби 9 ноябр вазири собиқ дар тӯли чандин соат ҳамсарашро дар тарабхонаи BAU латтукӯб кардааст ва сабаби марги ҷавонзан ҷароҳатҳое шудааст, ки ӯ бар асари латтукӯбҳои оншаба ва қаблӣ аз ҷониби шавҳараш бардошта буд.

Ташхис хулоса додааст, ки Нукенова танҳо аз қисмати сараш беш аз 10 зарба хӯрдааст ва дар баданаш осори буғӣ кардан ҳам дида мешавад. Ташхис ба хулосае омад, ки Салтанат Нукенова бо азоб ва зери уқубати зиёд ҷон додааст.

Бишимбоев дар ҷараёни мурофиа иттиҳоми куштори барқасдона ва азобу уқубат додани ҳамсарашро рад карда, додгоҳ ва тафтишотро ба ғаразмандӣ айбдор мекард. Ӯ дар сухани охиринаш низ гуноҳро ба гардан нагирифт ва гуфт:  “Ман мутлақо медонам, ки ман ҳеҷ гоз марги касеро нахостам, намехоҳам ва нахоҳам хост. Ҳеҷ гоҳ, дар ягон лаҳзаи он шаб ҳам ман марги ҳамсарамро намехостам. Ман фикр намекардам, ки оқибаташ чунин мешавад”.

Дар айни замон, ӯ эътироф кард, ки пеш аз онки ба “Ёрии таъҷилӣ” занг бизанад ва барои наҷоти ҳамсари дар ҳоли маргаш аз табибон кумак бипурсад, ба кадом як зани фолбин занг зада, муддати тӯлоние бо вай машварат кардааст, ки чӣ кор кунад?

Ӯ ҳамин тавр, то чанд вақт пароли телефонашро ба додгоҳ ошкор накард, вале билохира тан дод ва телефонашро кушод. Телефонро дар додгоҳ омӯхтанд ва дар он видеоҳоеро пайдо карданд, ки ҳамон шаби наҳси 9 ноябр дар тарабхонаи BAU сабт шудааст. Дар ин сабтҳо дида мешуд, ки Бишимбоев Салтанатро мезанад, таҳқир мекунад, шаъну шарафашро паст мезанад. Бишимбоев дар аввал инкор кард, ки ҷараёни шиканҷаи ҳамсарашро худаш ба навор гирифтааст, вале баъдан эътироф кард, ки наворбардор худаш буд.

Хешованди ӯ Бойҷонов сабти видеокамераҳои назоратии дар тарабхона насбшударо кӯр карда буд, вале он сабтҳоро тавонистанд барқарор кунанд. Дар он сабтҳо низ дида мешавад, ки Бишимбоев Нукеноваро бераҳмона, аз ҷумла бо шатта латтукӯб  мекунад.

Вакилони Бишимбоев талош мекарданд, то исбот кунанд, ки куштори Нукенова барқасдона набуд ва Бишимбоев гӯё бо мақсади … “ором кардани ҳамсараш” ба сари ӯ мушт бардоштааст.

Бахитҷон Бойҷонов дар додгоҳ иқрор кард, ки аз кормандони тарабхона кӯр кардани сабти видеокамераҳоро талаб карда, ҳамчунин хостааст, то теелфони Нукеноваро ба хона баранд, то ки геолокатсияи вай иваз шавад ва  ин барои Бишимбоев алиби шавад. Вале ӯ исрор меварзид, ки аз кушта шудани Салтанат хабар надошт ва зери фишори Бишимбоев амал мекард.

Бойҷонов гуноҳро ба гардан нагирифт, вале дар сухани охиринаш гуфт, агар муҷозоти ӯ ғаму кулфати наздикони Салтанатро сабуктар кунад, ӯ барои муҷозот шуданаш розист.

Қувандиқ Бишимбоев 11 апрели соли 1980 дар шаҳри Қизил-Ӯрда ба дунё омадааст. Падари ӯ Валихон Бишимбоев– олими шинохта ва академик аст. Қувандиқ Бишимбоев бо вуҷуди синни ҷавонаш дар мансабҳои баланд кор карда, аз ҷумла солҳои 2011-2013  муовини раҳбари бунёди “Самрук Хазина” ва солҳои  2013-2016 раҳбари боз як бунёди президентии “Байтерек” буд. Бишимбоев соли 2016 дар тӯли 7 моҳ – аз май то декабр –  вазири иқтисоди Қазоқистон ҳам буд.

Моҳимарти соли 2018 ӯро бо ҷурми даст доштан дар коррупсия ба 10 соли зиндон маҳкум карданд, вале алакай моҳи октябри соли 2019 бар асоси бахшиши президент пеш аз муҳлат ва шартан озод шуд.

Блогер-астролог Салтанат Нукенова – ҳамсари шаҳрдори собиқи Павлодар Ғайрат Нукенов – ҳамсари сеюм ва ғайрирасмии Бишимбоев буд. Ӯ аз ду ҳамсари қаблиаш 4 фарзанд дорад.

Бар асоси гузоришҳои Радио Азаттык

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button