
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 13 майи соли 2024 аз ошкор шудани як ҳолати гирифтани пора аз тарафи корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Темурмалик дар ҷанубушарқи ҷумҳурӣ хабар дод.
Бино ба гузориши маркази матбуоти Агентӣ, Асомуддинов А.З. аз 27 сентябри соли 2021 то инҷониб дар вазифаи сардори зершуъбаи қайди афсарони эҳтиётии комиссариати ҳарбии ноҳияи Темурмалик кору фаъолият карда, дар давраи фаъолияти кориаш даст ба ҷиноят задааст.
Агентӣ дар шарҳи ин парванда мегӯяд: “Чунончӣ, миёнаи моҳи августи соли 2023 дар ноҳияи Темурмалик Асомуддинов А.З. бо сокини ин ноҳия шаҳрванд Н.Ҷ.А. вохӯрда, огоҳ гардид, ки писари ӯ Н.Ф.Ҷ. нияти гузаштани хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои сафарбарӣ (хизмати алтернативӣ)-ро дорад. Асомуддинов А.З. ҳолати мазкурро барои гирифтани маблағҳои пулӣ мусоид ҳисобида, бо сӯиистеъмоли мақоми хизматӣ барои дар ҳайати захираҳои сафарбарӣ гузаштани хизмати ҳарбӣ аз ҷониби Н.Ф.Ҷ., аз падари охирон Н.Ҷ.А. маблағи 12 000 сомонӣ талаб намуда, моҳи августи соли 2023 дар ду ҳолат аз Н.Ҷ.А. маблағи зикршударо гирифт”.
Худи Асомуддинов А.З. ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Асомуддинов А.З. ба асоси қисми якуми моддаи 391 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми сӯиистеъмол аз ҳокимият ё мақоми хидматӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба додгоҳ супурда шудааст.
Ба Асомуддинов бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо ҷаримаи ҳангуфт ба маблағи аз 250 то 912
нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 72 сомонӣ, ё 6,5 доллар) ё маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он таҳдид мекунад.
Комиссариатҳои ҳарбӣ яке аз ниҳодҳои давлатии аз ҳама фасодзада дар Тоҷикистон ба шумор мераванд. Дар ҳар мавсими даъвати баҳорӣ ё тирамоҳӣ чандин корманди комиссариат барои гирифтани пора ба даст меафтанд. Дар ин шаби рӯз мавсими баҳории даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон идома дорад. Ин мавсим 1 апрел оғоз ёфт ва то 31 май давом хоҳад кард.