ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЗАНОЗАНИИ 2 СОКИНИ БОХТАРУ ХУҶАНД, 2 ҲОЛАТИ ҒОРАТИ ТЕЛЕФОНҲОИ МОБИЛ ВА ДУЗДӢ АЗ СОХТМОН

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 13 майи соли 2024

Дар ҳолати мастӣ қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии шахси дигар

153

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри Бохтар бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Гумонбаршаванда шаби 29-уми апрели соли 2024, тахминан соати 01:30, ҳангоми дар ҳолати мастӣ дар маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанд қарор доштанаш бо марди 43-солаи сокини шаҳри мазкур муноқиша намуда, ӯро зери лату кӯб қарор додааст. Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида ҳамчун зарари вазнин ба саломатӣ мансуб мебошад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани ҳолатҳои ғоратгарии телефонҳои мобилӣ

1400572129 3

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 8-уми майи соли 2024, тахминан соати 17:30-дақиқа, ҳангоми дар назди бинои “Шарқи Озод”-и ноҳияи Фирдавсӣ қарор доштанаш, марди номаълуми тахминан 30-35-сола бо тариқи таҳдид ва ошкоро аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А-23” ва корти “Душанбе-Сити”-ро, ки дар дохилаш 720 сомонӣ буд, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Зарари расонидашуда 3 ҳазору 720 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 43-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 44-солаи сокини шаҳри Истаравшан, ки пеш бо моддаҳои 110 ва 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи апрели соли 2024, тахминан соати 18:00, дар кӯчаи Вогати шаҳри Истаравшан бо роҳи ошкоро ва зӯроварӣ аз дасти духтарбачаи 3-солаи сокини шаҳри мазкур, ки дар назди бинои истиқоматиашон машғули бозӣ буд, 1-адад телефони мобилии тамғаи «INFINIX NOT 40 PRO»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 2 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ифшо шудани дуздии масолеҳи сохтмонӣ

97

Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар аризаи ҷавони 25-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки моҳи марти соли 2024 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи сохтмонаш нотамом, воқеъ дар кӯчаи Хатлон шуда, аз онҷо масолеҳи сохтмониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зарари расонидашуда 40 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини шаҳри Бохтар ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани қаллобӣ дар ҳаҷми 330 ҳазор сомонӣ

123

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аризаи марди 50-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки моҳи августи соли 2023 марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Тойота Ланд Круйзер Прадо»-ро 330 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки маблағашро дар муддати кутоҳ бармегардонад. Сипас, аз маблағи таъиншуда 105 ҳазор сомониашро дода, боқимонда 225 ҳазор сомонии дигарашро то ҳол барнагардонидааст.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button