ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронЧеҳраҳо

ТОҶИКЕ ДАР ТИМИ ТОҚАЕВ: ПРЕЗИДЕНТИ ҚАЗОҚИСТОН БА АКБАРҶОН ИСМОИЛОВ ОРДЕН ДОД (8 АКС)

Дар арафаи Рӯзи Ҷумҳурии Қазоқистон, ки 24 октябри соли 2023 таҷлил шуд, дар қароргоҳи раёсати ин ҷумҳурӣ “Оқорда”, ё “Қасри сафед” дар шаҳри Остона маросими тақдими ордени “Ел бірлігі” (“Ваҳдати мардум”) доир шуд. Президент Қосим-Жомарт Тоқаев, ки раҳбари Ассамблея, ё Анҷумани халқи Қазоқистон низ ҳаст, бо ин орден муовинаш дар ин Анҷуман Акбарҷон Исмоиловро сарфароз гардонд.

Нашрияи “Деловой Казахстан” (DKNews.kz) Акбарҷон Исмоиловро “шахсият, лидер ва арбоби ҷамъиятии барҷаста” номида, навишт, “ин ҷоиза ба Исмоилов барои хидматҳои барҷастааш дар таҳкими ваҳдати миллат, таъмини ризоияти ҷомиа ва ваҳдати миллӣ, ҳамҷунин барои фаъолиятҳои назарраси ҷамъиятӣ ва хайрия тақдим шуд”.

 “Деловой Казахстан” ҳамчунин таъкид кардааст, ки “сарфароз гардидани Акбар Исмоилов бо ордени “Ел бірлігі” баёнгари эътирофи дастовардҳои барҷаста ва саҳми бебаҳои ӯ дар рушди ҳамаҷонибаи Қазоқистон аст. Роҳи ӯ аз як соҳибкор ва лидери ҷамъиятӣ то ба мақоми муовини раиси Анҷумани халқи Қазоқистон – намунаи ибрат барои онҳоест, ки барои хидмат ба кишвар ва мардуми худ талош мекунанд”.

Акбарҷон Яҳёхоҷаевич Исмоилов – муовини раиси Анҷумани халқи Қазоқистон ва ҳамчунин раҳбари Маркази этнофарҳангии ҷумҳуриявии тоҷикони Қазоқистон аст.

Акбарҷон Исмаилов соли 1988 дар Қазоқистон дар хонаводаи тоҷикҳо ба дунё омадааст. Ӯ аз соли 2017 то 2022 разбари маркази тоҷикони Остона бо номи “Остона-Сомониён” буд ва соли 2022 баробари таъсисаш роҳбари Маркази ҷумҳуриявии тоҷикони  Қазоқистон интихоб шуд.  Ин Марказ ҳоло дар гӯшаҳои гуногуни Қазоқистон 11 дафтар дошта, тақрибан 100 ҳазор тоҷикеро, ки дар Қазоқистон кору зиндагӣ ваё таҳсил мекунанд, муттаҳид мекунад.

Акбарҷон Исмоилов ҳамчунин раҳбари чанд ширкат дар соҳоти сохтмон ва кишоварзӣ буда, аз соли 202 муовини раиси “Аанҷумани Жастара”, як иттиҳодияи раҳбарони ҷавони Қазоқистон, ва аз соли 2023 мушовири раиси палатаи “Отамакон” дар шаҳри АлмаАтост.

Вале қуллаи аз ҳама баланди роҳи зиндагии ӯ, албатта, интихобаш ба мақоми муовини  президент Тоқаев дар Анҷумани халқи Қазоқистон дар моҳи апрели соли 2023 буд. Мақсади ин анҷуман пешгирӣ аз низоъҳои байни миллатҳо ва ҳифзи ваҳдати мардуми ин ҷумҳурист. Дар Қазоқистон нмояндагони беш аз 120 қавму миллат ба сар мебаранд ва аз ин рӯ, вуҷуд ва фаъолияти Анҷумани халқ барои Қазоқистон як амри зарурист.

“Деловой Казахстан” менависад, ки “ин мақоми доимӣ дар сохтори ҳукумат нақши Акбарҷон Исмоилов дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятии Қазоқистонро таъкид мекунад”.

Моҳи августи соли 2023, дар ҷараёни сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Остона, Тоқаев ба ӯ Акбарҷон Исмоиловро ҳамчун узви команди худ муаррифӣ кард ва гуфт, “дар командаи ман як тоҷик ҳаст. Гузашта аз ин, ӯ муовини ман аст”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button