ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҲуқуқи инсон

НАМОЯНДАИ СОЗМОНИ МИЛАЛ ОЗОДИИ СЕ ЖУРНАЛИСТИ ТОҶИКРО ТАЛАБ КАРДААСТ

Мери Лолор, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар Твиттер хабар дод, ки рӯзи 24 октябри соли 2023 дар Ню Йорк дар мулоқот бо намояндаи доимии Тоҷикистон дар Сомони Милал Ҷонибек Исмоил Ҳикмат бори дигар масъалаи озод кардани ҳомиёни ҳуқуқи инсон аз зиндонҳои Тоҷикистон, аз ҷумла озодии журналистони зиндонӣ Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Улфатхоним Мамадшоеваро дар миён гузоштааст.

Улфатхоним, ки моҳи майи соли 2022 дар рӯзи аввали саркӯби эътирозҳои Бадахшон дастгир шуд, бо иттиҳоми даст доштан дар роҳандозии ин эътирозҳо ба 20 соли зиндон маҳкум шуд. Тарафдоронаш парвандаи ӯро сохта меноманд ва мегӯянд, Улфатхоним Мамадшоеваро барои мавқеи шаҳрвандиаш, бахусус дар роҳи ҳимоят аз ақалияти помириҳо чунин ҷазои сахт доданд.

Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ моҳи июни соли 2022, дар пайи нашри силсилаи видеоҳо дар бораи тахриби манзилҳои сокинони маҳаллаи Панҷшери ноҳияи Шоҳмансур боздошт ва аввалӣ ба 10 сол ва Ғурбатӣ ба 7 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуданд.

Нозирони умур чунин бархӯрди бераҳмона нисбат ба ин ду журналистро ба шахси яке аз нафарони танқидшуда дар гузоришҳои онҳо: додситони ноҳияи Шоҳмансур рабт медиҳанд, ки ба бахти бади Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ин мансабдор ҳам писари вазири адлия ва ҳам домоди раиси Додгоҳи олӣ, ду узви пурнуфузи ҳукумати кунунии Тоҷикистон будааст.

Баъди моҳи майи соли 2022 дар Тоҷикистон ҳудудан 10 журналисту блогер зиндонӣ карда шуданд. 5 нафари онҳо: Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Хуршед Фозилов бо иттиҳоми шубҳаовари “ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ” ба паси панҷара кашида шуданд.

Ҳамчунин баъди саркӯби эътирозҳои Бадахшон чандин журналисту блогери зодаи ин минтақа, аз ҷумла Улфатхоним Мамадшоева ва Хушрӯз Ҷумъаев, мутахаллис ба Хушом Гулям, зиндонӣ шуданд. Аз ҷумла Мамадшоева ба 20 соли зиндон маҳкум шуд, ки  ин тӯлонитарин ҳукми журналистони дар як соли охир дастгиршуда аст.

Худи журналистони зиндонишуда ва ҳомиёни ҳуқуқ боздошту ҳукмҳои тӯлонии журналистону блогерҳоро сиёсӣ ва интиқом барои фаъолияти касбии журналистиву блогериашон медонанд ва озодии онҳоро талаб доранд. Душанбе то ҳол ба ин даъватҳо ягон посух надодааст.

Тоҷикистон имсол дар раддабандии ҷаҳонии озодии матбуот аз ҷониби созмони “Хабарнигорони бидуни марз” аз ҷумла ба далели ҳабси журналистону блогерҳо боз як зина поён рафта, дар байни 180 кишвар дар зинаи 151 қарор гирифт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button