ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

ЯК МАРД ДАР ИСТАРАВШАН БО ТАҲДИДИ КУШТАН, ТЕЛЕФОНИ ҲАМСАРИ СОБИҚАШРО ЗАДА ГИРИФТААСТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикикистон рӯзи 26 октябри соли 2023 хабар дод, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо гумони таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатии ҳамсари собиқаш дастгир карда шуд.

Худи ин мард ваё наздиконаш барои шарҳи моҷаро дастрас нестанд, вале бино ба иттилои ВКД, гумонбаршаванда ба хонаи истиқоматии собиқ ҳамсараш, сокини 34-солаи шаҳри Истаравшан омада, бо корди хоҷагӣ ӯро таҳдиди куштан кардааст ва баъдан бо роҳи зӯроварӣ 1-адад телефони мобилии тамғаи «Редми 9»-ро ошкоро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Тафсилоти дигари ҳодиса ва сабаби ба хонаи ҳамсари собиқаш рафтану ҷангу ҷанҷол кардани ин сокини Истаравшан маълум нест. Маъмулан чунин ҳодисаҳо дар заминаи рашк рух медиҳанд. Телефони ҳамсари собиқашро бо зӯрӣ кашида гирифтани мард низ ба ҳамин фарзияи рашк далолат мекунад.

ВКД гуфт, нисбат ба гумонбаршаванда бар асоси моддаи 120 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Моддаи 120 барои таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, агар барои амалӣ гаштани ин таҳдид асоси тарсу ҳарос мавҷуд бошад, ҳамчун ҷазо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду солро пешбинӣ мекунад.

Бино ба омори расмии ВКД, дар нимаи аввали соли 2023 дар Тоҷикистон 24 ҳолати куштор ё сӯиқасд ба одамкушӣ ва ҳамчунин қасдан 54 мавриди расонидани зарари вазнин ба саломатӣ сабт шудааст. Ин назар ба нимсолаи аввали соли 2022, ки дар ҷумҳурӣ 39 мавриди куштору сӯиқасд ба куштор ва 67 мавриди қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ сабт шуда буд, камтар аст, вале ҳамчунон нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Ҳамин тавр, аз Тоҷикистон пайваста дар бораи куштор ё қасди куштани хешовандони наздик, аксаран ҳамсарон аз ҷониби шавҳарони онҳо хабарҳо ба даст мерасанд. Аксари ин ҳодисаҳо дар заминаи рашк сурат мегиранд. Ҷомиашиносон инро ба коҳиши арҷу эҳтиром ба суннатҳои анъанавии оиладорӣ ва рӯҳониён ба суст шудани пояҳои имон ва арзишҳои динии мардум рабт медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button