ВидеоИлму фанноварӣФарҳангЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ МУАРРИХИ ШИНОХТАИ ТОҶИК ПРОФЕССОР УСМОНҶОН ҒАФФОРОВ

Муаррихи шинохтаи тоҷик, профессор Усмонҷон Ғаффоров рӯзи 27 октябри соли 2023 дар синни 78 аз олам чашм пӯшид. Дар бораи иллати марги олими маъруф чизе гуфта нашудааст.

Шаҳрдории Хуҷанд, ки профессор Ғаффоров шаҳрванди ифтихории ин шаҳр буд, дар номаи таслияташ навишт: “Устоди арҷманд, Усмонҷон Ғаффоров аз олимони сермаҳсули ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, доир ба таърихи фарҳанги халқи тоҷик, фарзандони арзандаи миллат асарҳову мақолаҳои сершумор офаридааст. Мавсуф дар давраи фаъолияти илмӣ- педагогӣ ва адабӣ- ҷамъиятии худ 80 китоб, беш аз 1500 адад мақолаҳои публитсистӣ дар матбуоти даврӣ ва 300 адад асарҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва адабӣ дар маҷмӯаҳои илмӣ ва маҷаллаҳои бонуфуз ба нашр расонидааст”.

Усмонҷон Ғаффоров аз соли 2001 то 2005 вакили маҷлиси вилоятӣ ва вакили Маҷлиси миллии Тоҷикистон  буда, солҳои 2005-2010 вакили Маҷлиси намояндагон ва аз соли 2001 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Усмонҷон Ғаффоров 30 январи соли 1945 дар деҳаи Қистақӯз (ҳоло Хистеварз)-и и ноҳияи Хуҷанд (ҳоло Ғафуров) дар оилаи яке аз бунёдгузорони маорифи халқи ҷумҳурӣ Абдуғаффор Ҳасанов ба дунё омада, соли 1967 1962 мактаби миёнаи № 5-ро, ки ҳоло номи падарашро дорад, ва соли 1967 шуъбаи таърихи риштаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ба поён овардааст. Ӯ чанд сол дар кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ҳамчун ассистент кор карда, солҳои 1971-1972 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Киров (имрӯза Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) ҳамчун муаллими кафедраи таърих кор кардааст. Усмонҷон Ғафуров солҳои 1972-1975 дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил карда, рисолаи номзадиаш дар мавзӯи таърихи матбуоти тоҷикро соли 196 ҳимоят кард ва сазовори унвони номзади илмҳои таърих шуд.  Аз соли 1977 то рӯзи ба нафақа рафтанаш ӯ дар Донишкадаи омӯзгории Ленинобод, ки баъдан ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд табдили мақом кард, дарс гуфта, аввал дотсент, солҳои 1993-2001 мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик, солҳои 2001-2002 декани факултети таърих ва аз соли 2002 то соли 2005 дубора ба ҳайси мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик фаъолият бурдааст. Аз соли 1997 профессори кафедра буда, соли 1999 ҷоизаи ба номи Бобоҷон Ғафуровро ба даст овард.

Дар  китобхонаи Усмонҷон Ғаффоров беш аз 10 ҳазор китоби нодир, дастхатҳои пурарзиш, беш аз 550 папкаҳои алоҳида доир ба бузургони миллат гирд оварда шудааст.

Барои хидматҳои арзанда дар ҷодаи илму фарҳанг ва маорифи кишвар У. Ғаффоров соли 1999 бо унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон», соли 2013 бо унвонҳои Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст. Аз моҳи марти соли 2011 гирандаи нафақа барои хидматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Аз Усмонҷон Ғаффоров даҳҳо китоб ба ёдгор монд, ки муҳимтаринҳояш зиндагиномаи шахсиятҳои маъруфе, чун Бобоҷон Ғафуров, Турсун Улҷабоев, Лоиқ Шералӣ, Карим Абдулов, Қорӣ Ниёзии Хуҷандӣ, генерал Темурҷон Раҳимбоев, Сотим Улуғзода, Роҳбар Қосимов ва Ҳодӣ Кенҷаев мебошанд.

Осор

  • Матбуот ва мухбирони коргару деҳқон. — Душанбе: Ирфон, 1975. — 96 с.,
  • Қадри нон. — Душанбе: Маориф, 1989. — 36 с.,
  • Равшангари таърих. — Душанбе: Ирфон, 1990. — 202 с.,
  • Марди зарифу шариф. — Хуҷанд, 1996. — 116 с.,
  • Бобоҷон Ғафуров — фарзанди фарзонаи миллат. — Хуҷанд, 1996. — 56 с.,
  • Муқаддасоти Тоҷикистон. — Хуҷанд, 1997. — 28 с.,
  • Фидоии илму маърифат. — Хуҷанд, 1997. — 202 с,
  • Фарзанди замон. Хуҷанд, 1997. — 156 с.,
  • Заводи консерви Қистакӯз — ифтихори деҳа. — Хуҷанд, 1997. — 32 с.,
  • Ҳамдами халқ. — Хуҷанд, 1997. — 56 с.,
  • Ҷони одам” — Хуҷанд, 1998. — 126 с.,
  • Ситораи Шарқ” — Хуҷанд, 1998. — 42 с. (ба забони англисӣ),
  • Алломаи замон. — Хуҷанд, Вароруд, 1998. — 400 с.,
  • Нахуствазирзани тоҷик. — Хуҷанд, 1998. — 48 с.,
  • Турсун Ӯлҷабоев. — Душанбе: Шарқи Озод, 1999. — 304 с.,
  • Дар роҳи ҳаҷ. — Хуҷанд, 2000. −124 с.,
  • Нобиғаи айём. — Хуҷанд, 2000. — 374 с.,
  • Академик Қорӣ Ниёзии Хуҷандӣ. Хуҷанд: Варорӯд, 2000. — 48 с.,
  • Саидхоҷа Урунхоҷаев. — Хуҷанд: Варорӯд, 2001. — 300 с.,
  • Султони диёри сухан. — Хуҷанд, 2001. — 304 с.,
  • Чароғи ирфон. Хуҷанд, 2002. — 500 с.,
  • Шарбати Қистакӯз. — Хуҷанд, 2002. — 60 с.,
  • Анҷумани саодати миллат. — Хуҷанд, 2002. — 314 с.,
  • Асосгузори саратоншиносии тоҷик. Хуҷанд, 2002. — 400 с.,
  • Миллат аз афрод меёбад мақом. — Душанбе: Адиб, 2004. — 185 с.,
  • Назаршо Додхудоев. — Душанбе: Адиб, 2005. — 255 с.,
  • Фурӯғи ҳиндшиносии тоҷик. — Хуҷанд: Ношир, 2006. — 400 с.,
  • Падарам — тоҷи сарам. — Душанбе: Адиб, 2006. — 230 с.,
  • Ду шохаи пурбор. — Душанбе: Адиб, 2006. — 320 с.,
  • Роҳи каҳкашони умр. — Хуҷанд: Нури маърифат, 2007. — 84 с.,
  • Шаҳбози осмони сухан. — Душанбе, Адиб, 2007. — 840 с.,
  • Иҷлосияи наҷотбахши миллат. — Хуҷанд: Нашриёти давлатии ба номи Р. Ҷалил, 2007. — 258 с.,
  • Абдулаҳад Қаҳҳоров. — Душанбе: Адиб, 2009. — 368 с.,
  • Хистеварз: Замон ва одамон. — Хуҷанд: Ношир, 2009. — 704 с.,
  • Раҳбар (Аз силсилаи «Ҳаёти одамони наҷиб») — Хуҷанд: Хуросон, 2010. — 160 с.,
  • Кишваршиноси асили Хистеварз (Аз силсилаи «Ҳаёти одамони наҷиб»)” — Хуҷанд: Ношир, 2011. — 552 с.,
  • Сайдулло Хайруллоев (зиндагинома). — Душанбе: Адиб, 2012. — 448 с.,
  • Иҷлосияи муждарасони наҷот. — Хуҷанд: Ношир, 2012. — 392 с.,
  • Иҷлосияи тақдирсози миллат. — Душанбе: Адиб, 2012. — 288 с.,
  • Лоиқ Шералӣ. — Душанбе: Адиб, 2012. — 513 с.,
  • Карим Абдулов. — Хуҷанд: Ношир, 2014. — 432 с.,
  • Ахтарони беғуруб. — Хуҷанд: Ношир, 2014. — 428 с.,
  • Дурдона ва дарё (Бахшида ба 50-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ) — Хуҷанд: Ношир, 2014. −164 с.),
  • Генерал Темурҷон Раҳимбоев. — Хуҷанд: Ношир, 2014. −148 с.,
  • Ҳодӣ Кенҷаев (Аз силсилаи «Ҳаёти одамони наҷиб»). — Хуҷанд: Ношир, 2014. — 336 с.,
  • Сотим Улуғзода (Аз силсилаи «Ҳаёти одамони наҷиб»). — Душанбе: Адиб, 2014. — 384 с.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button