ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

ШАҲРВАНДИ РУСИЯ ШУД, ВАЛЕ ДАР ҚАЙДИ ВОЕНКОМАТ НЕСТ: БА ЗИДДИ НАЗИФХОН БОБОЕВ АЗ ТОҶИКИСТОН МЕТАВОНАНД ПАРВАНДА КУШОЯНД

Телеграм-канали База , як пойгоҳи хабарии наздик ба мақомоти қудратии Русия, рӯзи 25 октябри соли 2023 хабар дод, ки зидди Назифхон Бобоев, як ҷавони 30-сола аз Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро ба даст овардааст, вале худро дар комиссариати ҳарбии маҳалли зисташ  дар ғарби шаҳри Маскав сабти ном накардааст, метавонанд парвандаи ҷиноятӣ бикушоянд.

“База” менависад:  “Ба зидди як шаҳрванди Русия метавонанд бо моддаи саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ парванда кушоянд. Ӯ шиносномаи русӣ гирифтааст, вале худро дар комиссариа ҳарбӣ сабт накардааст. Бино ба иттилои “База”, Назифхон Бобоевро, ки 30 сол дошта, зодаи Тоҷикистон аст, дар як бино дар кӯчаи Болшая Очаковская пайдо кардаанд. Муфаттишон мегӯянд, ки Бобоев соли 2020 шаҳрванди Русия шуд, вале то комиссариати ҳарбии маҳалли сабти номаш ягон бор нарафтааст. Акнун ба зидди ӯ метавонанд бо иттиҳоми саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ парванда кушоянд. Ҷазои ҳадди аксар тибқи қисми якуми ин модда то 2 соли зиндон аст”.

Худи Назифхон Бобоев ваё адвокату наздиконаш барои шарҳи мустақими қазия дастрас нестанд.

Ин бори аввал нест, ки кори Назифхон Бобоев дар Русия омад намекунад ва ӯ гирифтори мушкил мешавад. Номи ӯ бори аввал соли 2014, вақте ки ҳанӯз донишҷӯи яке аз мактабҳои олии Русия буд, ба сархатти хабарҳо афтод ва он дафъа барои онки ба рӯйхатти сиёҳ афтода, аз ҳаққи бозгашт ба Русия барои идомаи таҳсил маҳрум гардид. Он вақт танҳо бо кумаки сафорати Тоҷикистон дар Русия, мақомоти ин кишвар исми 14 донишҷӯи тоҷик, аз ҷумла Назифхон Бобоевро аз “рӯйхатти сиёҳ” берун карда, ба онҳо иҷозати бозгашт ба Русияро доданд.

Дар вақтҳои охир мақомоти Русия назоратро дар масъалаи ҳатман дар комиссариатҳои ҳарбӣ худро сабти ном кардани муҳоҷироне, ки шаҳрванди ин кишвар шудаанд, шадид кардаанд. Ба гуфтаи шоҳидон, ҳоло ба фарқ аз солҳои қабл дар ҷараёни рейдҳо дар маконҳои таҷамӯи муҳоҷирон, аз ҷумла дар бозорҳову сохтмонҳо ва масҷидҳо, кормандони пулис бештар на муҳоҷиронеро, ки сабти ном ё патент надоранд, балки онҳоеро меҷӯянд, ки шаҳрвандии Русия доранд. Соҳибони шиносномаҳои русиро ба пулис ваё рост ба комиссариати ҳарбӣ бурда, талаб мекунанд, ки худро сабти ном кунанд.

Бархе мансабдорону сиёсатмадорони руси аз муҳоҷирон сахт мутанаффир, ба мисли раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин ва депутати Думаи давлатӣ Сергей Миронов,  даъват карда истодаанд, ки муҳоҷиронеро, ки шаҳрванди Русия шудаанд, дар сурати саркашиашон аз рафтан ба ҷанги зидди Украина, аз шаҳрвандӣ маҳрум кунанд.  Бастрикин чанде пеш талаб карда буд, ки дар навбати аввали муҳоҷиронеро, ки шаҳрвандии Русия гирифтаанд, ба ҷанги зидди Украина баранд, то ки онҳо, ба гуфтаи ин мансабдори рус, “дар амал садоқати худро ба Ватани навашон нишон бидиҳанд”.

Афзоиши фишорҳо ба муҳоҷирон бо талаби гузаштан аз сабти ном дар комиссариатҳои ҳарбӣ дар ҳолест, ки артиши Русия дар Украина ба камбуди шадиди нирӯ дучор шудааст. Мақомоти Русия хеле вақт боз талош доранд, то ки муҳоҷиронро бо ваъдаи маоши хубу имкони ба осонӣ гирифтани шаҳрвандии Русия ба ҷанг ҷалб кунанд. Ҳамин тавр, маҳбусонро аз зиндонҳои Русия бо ваъдаи озодии зуд ба ҷанги Украина ҷалб карда истодаанд.

То имрӯз дар бораи ҳалокати даҳҳо зодаи Тоҷикистон дар Украина хабарҳо ба даст расидаанд. Беш аз 30 нафари онҳо маҳбусони собиқанд, ки ба ваъдаи озодии зуд дода шуда, ба ҷанг рафтанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button