ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронРӯйдодҳои Бадахшон

РУСИЯ ДЕЗЕРТИРИ ҚИРҒИЗИ ЗОДАИ МУРҒОБРО БА ТОҶИКИСТОН НАСУПУРД

Русия дархости Тоҷикистон барои истирдоди И.А. ном зодаи ноҳияи Мурғобро, ки ба фирор аз артиш айбдор мешуд, рад кардааст. Дар ин бора рӯзи 25 октябряи соли 2023 Идораи омбудсмен ё ҳақиқатчии Қирғизистон хабар дод. Ин ниҳод гуфт, ҳуқуқи И.А. дар натиҷаи иқдомоти муштараки Идораи ҳақиқатчӣ, вазорати хориҷа ва консулгарии Қирғизистон дар Новосибирск дифоъ карда шуд ва онҳо ба мақомоти Русия “тамоми далелҳо барои рад кардани дархости истирдод ба Тоҷикистон ва озод кардани шаҳрванди Қирғизистонро ироа карданд”.

И.А. аслан қирғиз буда, дар деҳаи Мурғоби Тоҷикистон ба дунё омадааст ва соли 2013 ба Қирғизистон кӯчида,  дар инҷо баъдан ба далели асли қирғизӣ доштанаш шаҳрвандии ин кишварро ба даст овардааст. Ӯ 10 соли тамом дар Қирғизистон ба сар бурд ва танҳо имсол бо нияти мардикорӣ ба Русия рафт, вале ҳангоми убури марзи он кишвар бо Қазоқистон дастгир шуд. Бино ба маводи парвандааш, ба зидди И.А. ҳанӯз соли 2013 дар Тоҷикистон бо иттиҳоми худсарона фирор кардан аз қисми ҳарбӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. И.А. аз соли 2010 то 2013 тибқи қарордод дар як қисми ҳарбӣ кор мекард ва гӯё худсарони хидматро партофта, ба Қирғизистон фирор кардааст.

Баъди боздошташ марзбонони Русия И.А. ва парвандаи ӯро ба додситонии нақлиёти ноҳияи Рубтсовои кишвари Алтай супурдаанд. Бо қарори додгоҳи Рубтсово, И.А. ба муддати 40 рӯз то замони баррасии парвандаи истирдодаш ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

Дар ин байн ниҳодҳои давлатии Қирғизистон ба қазия дахолат карданд ва додситонии нақлиёти ноҳияи Рубтсово ахиран қарор қабул кард, ки тибқи қонунҳои Русия, муҳлати ниҳоии даъвои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани И.А. ҳанӯз 6 августи соли 2019 ба поён расидааст. Бар асоси ин қарори додситонӣ, ФСИН, идораи зиндонҳои Русия И.А.-ро аз боздоштгоҳ озод кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button