ВидеоМуҳоҷирон

РЕЙДИ ОМОН ДАР БУЗУРГТАРИН БОЗОРИ ВИЛОЯТИ ЧЕЛЯБИНСК (ВИДЕО)

Субҳи барвақти 25 октябри соли 2023, нирӯҳои қудратии вилояти Челябински Русия ба бузургтарин бозори фурӯши умдаимеваву сабзавоти ин минтақа, ки дар шаҳраки Кременкул ҷойгир шудааст, фурӯ рехтанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ то кунун мақсаду ҳадафҳои ин рейд ва шумораи боздоштшудагонро эълон накардаанд, вале сокинони маҳаллӣ ба пойгоҳи хабарии УРА.РУ хабар додаанд, ки нирӯҳои ОМОН ва Росгвардия тақрибан 100 муҳоҷирро дастгир карда, бурданд.

Як зани шоҳиди оғози рейд ба УРА.РУ чунин нақл кардааст:  “Дар назди дарвозаи бозор мошини ДПС гузошта шуда, роҳро баста буданд. Вақте ман ба пеши дарвоза омадам, дидам, ки дар онҷо кормандони Росгвардия муҳоҷирони зиёдеро қатор кардаанд. Дарвозаи бозор боз буд”.

Дар видеои нашршуда дида мешавад, ки нирӯҳои қудратӣ бо шумори зиёди автозакҳо ва автобусҳо, ки барои бурдани дастгиршудагон истифода мешаванд, ба бозор омадаанд.

Агар қаблан чунин рейдҳо дар Русия асосан барои боздошти муҳоҷирони қонуншикан истифода мешуд, вақтҳои охир нирӯҳои ОМОН ва пулис дар ҷараёни чунин рейдҳо бештар пайгирона ҳуҷҷатҳои муҳоҷирони собиқеро, ки шаҳрвандии Русия гирифтаанду худро дар комиссариати ҳарбӣ сабти ном накардаанд, тафтиш мекунанд.

Бузургтарин бозори фурӯши умдаи меваву сабзавоти вилояти Челябинск то моҳи августи соли 2023 дар канораҳои шимолуғарбии маркази вилоят ҷойгир шуда буд, вале баъди тасдиқ шудани нақшаи бунёди як касаба ё микрорайони нав дар ҷойи ин бозор, қарор шуд, ки бозор ба шаҳраки Кременкул, ба макони собиқ базаи меваю сабзавот кӯчонда шавад. Кременкул дар фосилаи ҳамагӣ 10 километр аз канораҳои ғарбии шаҳри Челябинск ҷойгир шудааст.

Як қисми сокинони Кременкул ба  кӯчондани бозор ба ин шаҳрак мухолифат карда, аз ҷумла афзоиш ёфтани равуои мошинҳо, буридани чанд гектар ҷангал барои ҷойгир кардани бозор ва дар инҷо кор кардани садҳо муҳоҷир аз Осиёи Марказиро далел меоварданд. Сокинон ҳатто ба раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин, ки бо мавқеи ошкори зидди муҳоҷирон ном баровардааст, муроҷиат карда, аз вай ҳимоят хостанд.

Вилояти Челябинск бо наздики 3,5 миллион аҳолӣ яке аз вилоятҳои аз лиҳози саноатӣ пешрафтаи ҳавзаи Урали Русия ба шумор меравад. Ин вилоят ҳамчунин яке аз самтҳои ҷаззоб барои артиши бузурги муҳоҷиронест, ки ҳар сол ба ҷустуҷӯи кор ба Русия меоянд. Дар вилояти Челбинск ҳазорон муҳоҷир аз Тоҷикистон низ кору зиндагӣ мекунанд. Даҳҳо нафари онҳо дар ҳамин бозори фурӯши умдаи меваю сабзавот, ки рӯзи 25 октябр ҳадафи рейди ОМОН ва Росгвардия қарор гирифт, кор мекарданд. Ҳанӯз маълум нест, ки дар ҷараёни ин рейд чанд тан аз тоҷикҳо дастгир шудаанд?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button