ҲАМСОЛАШРО КОРД ЗАДАНИ НАВРАСИ 15-СОЛА ВА БОЗДОШТИ ДУ ДУХТАРИ 15-СОЛА БАРОИ ДУЗДӢ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 24 октябри соли 2023
Боздошт гардидани ноболиғи 15-сола бо гумони авбошӣ
Зимни баргузор намудаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, шаби 22-юми октябри соли 2023, тахминан соати 20:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Маяковский қарор доштанаш, бе ягон асос аз ҳиссиёти авбошӣ бо ноболиғи 15-солаи сокини пойтахт муноқиша намуда, бо корд 1-маротиба ба пушташ задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Дастгир гардидани ду ноболиғдухтари 15-сола бо ҷурми дуздӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 27-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки дар давоми моҳҳои сентябр-октябри соли 2023, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш даромада, аз дохили ҷузвдон ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 18 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ноболиғдухтари 15-солаи сокинони ҳамин шаҳр, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Даст ба кирдори қаллобӣ задани марди 32-сола
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 32-солаи сокини шаҳри Конибодом тахминан моҳи марти соли 2020, бо роҳи фиреб ба боварии марди 43-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ барои тиҷорат 5 ҳазор доллари амрикоӣ ва 27 ҳазор сомонӣ гирифта, ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.