ВидеоҲодиса

АЗ 4,4 ТО 5,2 БАЛЛ: ЗАМИНЛАРЗАИ САXT ДАР ШАРҚИ ТОҶИКИСТОН

Нимаи дуюми рӯзи 25 октябри соли 2023, соати 15:49 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон боз як заминларзаи шадид ба амал омад. Марказҳои зилзиланигорӣ шиддати онро тибқи ҷадвали Рих тер аз 4,4  то 5,2 балл баровард мекунанд.

Экспедитсияи зилзиланигории вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон хабар дод, ки шиддати заминларза дар қаламрави Тоҷикистон 5,2 баллро ташкил додааст.

“Маркази заминларза дар 621-километрии ҷанубуғарби Алма-Ато дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир шуда, шиддаташ 5,2 баллро ташкил дод”, – гуфта мешавад дар иттилоияи зилзиланигорони Қазоқистон.

Марказҳои зилзиланигории худи Тоҷикистон то ҳол дар бораи ин заминларза иттилое нашр накардаанд, вале пойгоҳи интернетии Еarthquaketrack.com хабар дод, ки маркази заминларза дар 8-километрии ҷанубушарқи мавзеи Қаракенҷаи ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) дар шарқи Тоҷикистон ҷойгир шуда,замин дар ин ҷо дар умқи 9 километр ларзидааст. Вале ин пойгоҳ иқтидори ин заминларзаро 4,4 балл баровард кардааст.

Дар бораи кадом хисороте бар асари ин офати табиӣ то ҳол гузориш нашудааст.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла пойгоҳи Еarthquaketrack.com дар як ҳафтаи охир дар қаламрави Тоҷикистон 2 заминларза,  дар як моҳи охир 17 заминларза ва дар як соли охир 261 заминларзаи шиддаташон тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёдро сабт кардааст.

Аксари ин заминларзаҳо дар шарқи Тоҷикистон ва дар марз бо Афғонистон рух медиҳанд.

Вале заминларзаи  аз ҳама пурхисорот шаби 23 марти соли 2023 дар Кӯҳистони Мастчоҳ ва Рашт рух дод. Бар асари ин офати табиӣ, ки марказаш дар атрофи деҳаи Палдораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буд,  дар маҷмӯъ 368 хона, аз ҷумла дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 318 хона, дар ноҳияи Рашт 32 хона ва дар ноҳияи Нуробод 17 хона зарар диданд.

Ахиран Иттиҳоди Аврупо шумори умумии сокинони зарардида аз ин заминларзаи моҳи март дар Тоҷикистонро беш аз 2200 нафар баровард кард. Қарор буд, барои пояи кумакҳои хориҷӣ то поёни моҳи августи соли ҷорӣ барои осебдидагони ин офати табиӣ хонаҳои нав сохта шаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button