ВидеоДин ва боварҳоСиёсатҲуқуқи инсон

25 РӮЗИ БЕДАРАКӢ: БАРОДАРИ САРДАБИРИ “ПАЁМ ТВ” БАЪДИ ИСТИРДОДАШ КУҶО ШУД?

сокини 35-солаи деҳаи Хиштхонаи ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, то ҳол дар бораи дар куҷо нигоҳ доштани ӯ ба наздиконаш ягон хабар надодаанд. Наздикони Аслиддин Шарипов мегӯянд, то ҳол намедонанд, ки ӯ баъди аз Русия оварда шуданаш куҷо шуд?

Аслиддин Шарипов бародари Шавкатҷон Шарипов, маъруф бо тахаллуси Шавкати Муҳаммад, сардабири шабакаи телевизионии оппозитсионии “Паём ТВ” аст.

Шавкати Муҳаммад низ рӯзи 25 октябри соли 2023 дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз сарнавишти бародараш баъди истирдоди ӯ аз Русия изҳори бехабарӣ кард ва гуфт, барои кумак дар ҷустуҷӯи ӯ ба созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ба Ҳилоли Аҳмар муроҷиат кардааст ва ҳоло дар садади муроҷиат ба бахши шахсони гумшуда дар Созмони Милали Муттаҳид аст.

Шавкати Муҳаммад гуфт, талошҳои хешу табори онҳо барои пайдо кардане дараке аз Аслиддин Шарипов дар Душанбе ва Хуҷанд натиҷае надоданд, зеро ягон ниҳод то кунун дар дасти онҳо қарор доштани ӯро эътироф накардааст. Ин дар ҳолест, ки додситонии Русия дар посухи расмиаш ба наздикони Аслиддин Шарипов гуфтааст, ки ӯро ба мақомоти ВКД Тоҷикистон супурдаанд.

Шавкати Муҳаммад афзуд, ки талошҳо барои пайдо кардани ягон адвокат дар Тоҷикистон барои ҳимояти манфиатҳои бародараш низ бенатиҷа анҷом ёфтанд. “Адвокатҳо метарсанд, ки ин парвандаро ба уҳда бигиранд. Мегӯянд, ки парвандаи сиёсӣ аст, ба мо дарди сар меорад”, – мегӯяд ин журналисти оппозитсионер.

Аслиддин Шарипов санаи 1 октябри соли 2023 аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуд. Қарори ба Тоҷикистон супурдани Аслиддин Шариповро, ба гуфтаи вакили дифои ӯ Нина Чертверткова,  додситонии ноҳияи Тагилстройи шаҳри Нижний Тагили вилояти Свердловск содир кардааст.

Аслиддин Шарипов аз 22 сентябри соли 2022 дар шаҳри Нижний Тагил дар боздошт қарор дошт. Ӯ бар асоси дархости мақомоти Тоҷикистон, ки ин сокини ноҳияи Аштро таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дода буданд, дастгир шуда буд.

Дар Тоҷикистон Аслиддин Шарипов бар асоси қисми дуюми моддаи 307, иловаи 3 ба ҳамкорӣ бо созмони мамнӯъ айбдор мешавад. Наздиконаш ин иттиҳомро рад мекунанд ва мегӯянд, ки ӯ ягон фаъолияти сиёсӣ надошт ва дар Русия дар сохтмон кор мекард. Ба бовари наздиконаш, сабаби аслии таъқиби Аслиддин Шарипов ин аст, ки ӯ бародари Шавкатҷон Шарипов, маъруф бо тахаллуси Шавкати Муҳаммад, сардабири шабакаи телевизионии оппозитсионии “Паём ТВ” аст.

Моддаи 307 дар Тоҷикистон ба сурати фаровон барои таъқиби мухолифону дигарандешон ва наздикони онҳо истифода мешавад.

Қаблан Шавкати Муҳаммад, ки чанд соли охир дар Аврупо ба сар мебарад,  дар як номаи саркушода ба додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон навишт, ки бародараш узви ягон гуруҳ ё созмони сиёсӣ ҳеҷ гоҳ набуд ва ягон фаъолияти сиёсӣ надошт. “Дар шабакаҳои иҷтимоъӣ низ фаъолияти сиёсӣ ва ё ҳамкорӣ бо аҳли сиёсат надошт.. ҳеҷ гоҳ узви ягон ҳизбе набуд ва мадори сиёсӣ ҳам надошт. Ҳамеша дур аз сиёсат буд. Бо ман, акояш Шарипов Шавкатҷон Мамадҷонович, ки паноҳандаи сиёсӣ дар Утриш ҳастам, камтарин тамос надошт. Ягон маротиба, дар шабакаҳои иҷтимоъӣ фаъолияти сиёсӣ набурдааст. Баракс сиёсатро бад медид”, – таъкид карда буд Шавкати Муҳаммад дар номааш ба прокурори генералӣ.

Аммо, навишта буд Шавкати Муҳаммад, соли 2021 нисбат Аслиддин Шарипов тибқи нишондоди қисми 2 модаи 307.3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба узвият дар «Ҳизби наҳзати исломӣ» ва созмони «Гурӯҳи 24» айбдор карданд.

Шавкати Муҳаммад айбномаи зидди Аслиддин Шариповро “ҷурмҳои сохтаву бофта” номида, аз Додситонии кул хоста буд, ки нисбат ба додараш аз рӯи қонун муносибат кунанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон то кунун ба ин номаи Шавкати Муҳаммад посухе надодааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button