ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ЗАНОЗАНИИ ГУРУҲӢ БАЙНИ МУҲОҶИРОН ДАР АНБОРИ “ОЗОН” ДАР ТОТОРИСТОНИ РУСИЯ (ВИДЕО)

Субҳи 23 октябри соли 2023 дар шаҳри Зеленодолск, воқеъ дар 45-километрии ғарби Қазон, пойтахти ҷумҳурии Тотористон, дар назди анборҳои ширкати  “Озон”  байни коргарони ин ширкати бузурги савдои интернетии Русия занозанӣ шудааст.

Дар видеои нашршуда дида мешавад, ки занозанӣ дар таваққуфгоҳи мошинҳову автобусҳо рух дода, чанднафарӣ ягон нафарро иҳота карда, ҳамакаса мезананд. Иштирокчиён ҳатто ба онҳое, ки дар рӯи асфалт афтодаанд, раҳм намекунанд. Дар ҷои ҳодиса осори зиёди ин занозанӣ, аз ҷумла кафшҳои аз по кандашудаву сумкаву остину гиребонҳои низ кандашуда ба назар мерасанд.

Ба гуфтаи шоҳидон, дар занозанӣ тақрибан 40 нафар иштирок доштанд. Нашрияи маҳаллии “Реальное время”  бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки ин занозании гуруҳӣ байни муҳоҷирон аз Тоҷикистону Қазоқистон сурат гирифтааст.  Ҳамаи иштирокчиён дар анборҳои “Озон” кор мекунанд, вале сабаби аз гиребони ҳамдигар гирифтани онҳо маълум нест.

Дар ҳамин ҳол, ҷамъияти тоҷикони Тотористон гуфт, дар Зеленодолск на тоҷикҳо, балки муҳоҷирон аз Туркманистону Қазоқистон дастбагиребон шудаанд. Ба гуфтаи намояндаи ҷамъияти тоҷикон, дар ин занозанӣ касе аз бачаҳои тоҷик иштирок надошт ва пулис онҳоро баъди тафтиши санадҳояшон ҷавоб додааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тотористон занозанӣ дар Зеленодолскро  то ҳол расман шарҳ надодаанд, вале манобеи ғайрирасмӣ ба “Реальное время” хабар додаанд, ки дар робита ба ин қазия бар асоси моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, тақрибан 100 нафар: ҳам иштирокчиёну ҳам шоҳидон бозпурсӣ шудаанд.

Манобеи ғайрирасмӣ мегӯянд, ки иштирокчиёни занозаниро аз Русия ихроҷ мекунанд.

Хадамоти матбуоти ширкати “Озон” хабар дод, ки онҳое, ки сабабгори ин занозанӣ шуданд, аз кор берун андохта шудаанд, вале нагуфт, ки чанд нафар ва барои чанд рӯз ҷазо гирифтаанд?

 “Дар ҳудуди маркази логистикӣ дар Зеленодолск дар ҳақиқат байни кормандони ширкатҳои коршарик муноқиша рух додааст. Кормандони хадамоти амнияти ширкат ба таври фаврӣ пеши роҳи муноқишаро гирифтанд ва касе осеб надидааст. Мо ҳалли муноқишаҳо бо истифода аз нерӯро қабул надорем ва алакай иштирокчиёни муноқишаро аз кор берун кардем ва дар робита ба ин қазия бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар иртибот қарор дорем”, — гуфта мешавад дар изҳороти ширкати “Озон”.

Зеленодо́лск, ки тоторҳо онро Яше́л Үзә́н ном мебаранд, шаҳрест бо 100 ҳазор аҳолӣ, ки дар соҳили дарёи Волга дар 45-километрии ғарби Қазон ҷойгир шудааст.

Занозаниҳои гуруҳӣ байни муҳоҷирон боиси нигаронии мақомоти Русия шудааст ва моҳи августи соли 2021 дар пайи як силсила занозаниҳо бо иштироки муҳоҷирон дар минтақаҳои гуногуни Русия, ВКД ин кишвар ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла барои иштирок дар занозаниҳо бераҳмона ба кишварҳои зодгоҳашон ихроҷ карда, аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум мекунанд.

Дар поёни соли 2021 ВКД Русия хабар дод, ки алакай беш аз 400 муҳоҷирро маҳз барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ аз ин кишвар ихроҷ кардаанд. Аксари онҳоро ба муҳлати то 40 сол (!!!) аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум карданд.

Дар пайи ин сели ихроҷҳо занозаниҳо байни муҳоҷирон ва бо иштироки онҳо дар шаҳрҳои Русия хеле коҳиш ёфт, вале ҳоло низ гоҳ гоҳ чунин занозаниҳо рух медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button