ВидеоМуҳоҷиронТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ҲАВОПАЙМОИ МАСКАВ-ДУШАНБЕ БА ТАВРИ ИЗТИРОРӢ ДАР САМАРА ФУРУД ОМАДААСТ

Субҳи 23 октябри соли 2023 ҳавопаймои ширкати русии Utair, ки аз Маскав ба Душанбе парвоз дошт, ба сабаби бад шудани аҳволи як мусофираш ба таври изтирорӣ дар фурудгоҳи Курумочи шаҳри Самараи Русия фуруд омадааст.

Дар ин бора Телеграм-канали Аviaincident  ки ҳодисаҳои фавқулодда дар ҷараёни парвозҳоро пайгирӣ мекунад, хабар дод.

«23 октябри соли 2023, соати 09.36 ба вақти Маскав дар минтақаи масъулияти маркази диспетчерии Самара дар бораи мусофири бемор иттилоъ гирифта шуд ва қарор ин шуд, ки ҳавопаймо берун аз нақша дар фурудгоҳи Самара (Курумоч) бинишинад. Ҳавопаймои Боинг-762, RA-73081, бо хатсайри UTA801 аз фурудгоҳи Внуковои Маскав ба Душанбе парвоз мекард. Ҳавопаймо ба ширкати ҳавопаймоии “Ютэйр” тааллуқ дорад”, — гуфта мешавад дар хабар.

Тафсилоти дигар дода нашудааст. Ширкати ҳавопаймоии “Ютейр” ин ҳодисаро шарҳ надодааст.

Дар рӯзҳои охир ин алакай дастикам сеюмини ҳолати нишасти изтирории ҳавопаймоҳои мусофиркашест, ки аз Русия ба Тоҷикистон парвоз доштанд.

Қаблан ҳамин канали “Авиаинтсидент” хабар дода буд, ки субҳи барвақти 15 октябри соли 2023, соати 04:20 ба вақти Маскав ҳавпаймои ширкати “Уралские авиалинии”, ки аз фурудгоҳи Домодедовои пойтахти Русия ба Хуҷанд парвоз дошт, ба таври изтирорӣ дар фурудгоҳи Оренбург нишастааст. Ин канал таъкид кардааст, ки ҳавопймо ба далели якбора бад шудани аҳволи саломатии як мусофираш бо вазни аз меъёри ҳадди ақал хеле зиёд дар ин фурудгоҳ пойин шуд. Ҳавопаймо соати 04:23 фуруд омада, баъди якуним соат, соати 05:56 дигарбора ба қасди Тоҷикистон ба ҳаво хеста, ба парвозаш идома додааст.

Ҳамин тавр, рӯзи 12 октябри соли 2023 ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр”, ки аз шаҳри Сургути Русия ба шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон парвоз мекард, баъди як соати ба ҳаво хестанаш ба далели ҳодисаи фавқулодда аз ними роҳ ба фурудгоҳи Сургут баргашт.

Бино ба иттилои боз ҳам Телеграм-канали Авиаинтсидент, сардори экипажи ҳавопаймои тамғаи В-737-800,  рақами сабташ EY787, ки бо хатсайри SMR260 Сургут – Хуҷанд парвоз мекард, рӯзи 12 октябр, соати 15.06 ба вақти Маскав, ҳангоме ки дар минтақаи масъулияти маркази диспетчерии Новосибирск  қарор дошт, ба иллати бемории як мусофираш тасмим гирифт, ки ба фурудгоҳи Сургут баргардад. Ин ҳавопаймо соати 14 ба вақти Маскав (соати 16 ба вақти Сургут) ба қасди Хуҷанд ба парвоз даромада буд ва мебоист соати 19:30 ба вақти Тоҷикистон ба маркази вилояти Суғд бирасад. Вақти Сургут ва Тоҷикистон ҳамсон аст.

Тафсилоти дигари ҳодиса оварда нашудааст. Маълум нест, ки мусофири парвози Сургут – Хуҷанд гирифтори чӣ беморие шудааст, ки ҳавопаймо аз ними роҳаш баргашт? Танҳо гуфта мешавад, ки баробари нишастани ҳавопаймо дар фурудгоҳи Сургут, мусофири беморро алакай мошини “Ёрии таъҷилӣ” мунтазир буд.

Ин ҳолатҳои нишастҳои изтирории ҳавопаймоҳои роҳии Тоҷикистон дар ҳолест, ки ин шабу рӯз мавҷи мавсими муҳочирони корӣ аз Русия ба кишварҳои зодгоҳашон фаро расидааст.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини ризқу рӯзии хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия ба мардикорӣ мераванд. Бо расидани фасли сармо, асосан дар фасли тирамоҳ аксари ин муҳоҷирон аз минтақаҳои иқлимашон қаҳратуни Русия ба Ватан бармегарданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button