ФарҳангХабарҳои кӯтоҳ

ДАРГУЗАШТИ РАФОАТ АБДУСАЛОМОВА, НАХУСТИН НАТТОҚИ ТВ ТОҶИКИСТОН (ВИДЕО)

Рафоат Абдусаломова, журналист, аввалин наттоқи ТВ Тоҷикистон ва Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон субҳи 24 октябри соли 2023, соати 4:30 дар синни 84 аз олам чашм пӯшид. Маросими видоъ бо марҳум рӯзи 24 октябр, соати 12 дар кӯчаи Мирзо Турсунзода, бинои №8, манзили №44 доир мешавад.

Дар ин бора дар саҳифаи Рафоат Абдусаломова дар Фейсбук наздикони ӯ хабар доданд. Рафоат Абдусаломова бо вуҷуди синнашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол буданд.

Дар бораи сабаби марги Рафоат Абдусаломова чизе гуфта нашудааст.

Маросими ҷанозаи марҳум соати 13 дар масҷиди Ал-Бухории шаҳри Душанбе доир мешавад.

Рафоат Абдусаломова 10 марти соли 1939 дар ҷамоати Пӯлотони ноҳияи Конибодом ба дунё омада, соли 1963 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст. Аммо ҳанӯз донишҷӯ буд, ки дар озмуни нахустин наттоқони ТВ Тоҷикистон ғолиб омад ва 3 октябри соли 1959 нахустин барномаи санҷишии ТВ Тоҷикистонро ба забони тоҷикӣ ба тамошобинон пешкаш намуд. Аз соли 1959, дар тӯли 45 сол то рӯзи ба нафақа гусел карданаш  дар ТВ Тоҷикистон ба ҳайси наттоқ, муҳаррир, мудири шӯъба, сармуҳаррир ва котиби масъули иттиҳодияҳои эҷодӣ кор карда, баҳри рушду камоли теле­визиони тоҷик саҳми арзанда гузоштааст.

Рафоат Абдусаломова ҳамчун журналист дар таҳияи барномаҳои телевизионии «Дугонаҳо», «Гулдаста», «Ватан ва фарзандон», «Муҳаббат ва оила», «Гулдухтарон», «Дилафрӯз» ва ғ., ки миёни тамошобинон маҳбубият доштанд, саҳм гузоштааст. Ӯ  солҳои зиёд наттоқи барномаҳои хоса барои телевизиони Маскав ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ низ буд.

Аз Рафоат Абдусаломова чанд китоб, аз ҷумла “Телевизион — оинаи зиндагӣ” (Душанбе, 2002) ва “Наттоқ, чеҳраи телевизион” (Душанбе, 2008) ба ёдгор монд. Рафоат Абдусаломова шеър низ мегуфт ва ашъори худро дар китоби “Парвози дил” ҷамъоварӣ ва нашр карда буд.

Барои хидматҳояш дар рушди ТВ Тоҷикистон Рафоат Абдусаломова ҳанӯз соли 1989 бо унвони “Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон” ва аз он қабл бо Ифтихорномаи президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон ва нишони сарисинагии «Аълочии телевизион ва радиои СССР» сарфароз гардонида шудааст.

Нет описания фото.
Нет описания фото.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button