ВидеоҶомеа

НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР 20 РӮЗИ АВВАЛ 66 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 21 октябри соли 2023 дар сомонаи расмиаш хабар дод, ки дар 20 рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ, яъне аз 1 то 20 октябр, нақшаи даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳ дар саросари ҷумҳурӣ 55,4 фоиз иҷро гардидааст. Барои муқоиса, дар даъвати баҳорӣ нақшаи даъват дар 20 рӯзи аввал ҳамагӣ 50 фоиз ва ҳатто дар зарфи як моҳи аввалаш ҳамагӣ 63 фоиз иҷро шуда буд.

Бино ба иттилои полковник Фаридун Маҳмадализода, сардори маркази матбуоти вазорати мудофиа, шаҳру навоҳии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод, Вахш ва Фархор алакай рӯзи 1 октябр, дар нахустин рӯзи даъват, аввалин шуда дар ҷумҳурӣ аз иҷрои пурраи нақша гузориш доданд. Полковник Маҳмадализода хабар дод, ки дар 20 рӯзи даъвати тирамоҳӣ шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  нақшаи даъватро 73,3 фоиз, вилояти Хатлон 71%, шаҳри Душанбе 65% ва вилояти Суғд 54% иҷро кардаанд.

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, ки дар 10 рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ иҷрои нақшаи даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳ дар саросари ҷумҳурӣ 55,4 фоизро ташкил дода, алакай 15 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ва ҳамаи шаҳру навоҳии ВМКБ алакай аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш додаанд.

Мавсими тирамоҳии даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон расман 1 октябр оғоз ёфт. Ин мавсими даъват ду моҳ, яъне то 30 ноябр давом мекунад.

Даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба: дар баҳор аз 1 апрел то 31 май ва тирамоҳ аз 1 октябр то 30 ноябр давом мекунад.

Ҳар мавсими даъват ба артиш дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо шикоятҳо аз “облава” ё “иҳотагирӣ” ҷараён мегирад.  “Облава” як шеваи аслан ғайриқонуниест, ки кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти маҳаллӣ ҷавонони синну соли даъватиро дар кӯчаю бозорҳо дастгир карда, ба хидмат мефиристанд. Дар бисёр маврид хешу табори ҷавонони “облава”-шуда танҳо баъди чанд рӯз хабар меёбанд, ки наздикони гумшудаашонро ба артиш бурдаанд.

Ҳамин тавр, мақомот гоҳо волидони ҷавонони даъватшавандаеро, ки дар мардикорӣ дар Русияанд, “гаравгон” мегиранд ва танҳо баъди бозгашти фарзандашон ҷавоб медиҳанд. Вақтҳои охир мақомот аз усули нав кор гирифта, интиқоли нирӯи барқро ба ин ё он минтақа қатъ карда, шарт мегузоранд, ки танҳо дар сурати иҷрои нақшаи даъват, яъне аз ҳар ҷо, аз ҷумла аз Русия баргардондану  ҷамъ овардан ва ба хидмат фиристодани ҷавонони сокини ин минтақа, барқи онҳоро аз сар хоҳанд дод.

Дар ҷомиа чунин шеваҳои маҷбуран ба саффи артиш бурдани ҷавононро маҳкум мекунанд ва мегӯянд, мақомоти ҳарбӣ бояд шароитро дар артиш хубтар кунанд, то ки волидон бо дили пур фарзандонашонро ба хидмат равон кунанд ва ҷавонон низ аз хидмати ҳарбӣ нагурезанд. Фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ аз роҳбарони Тоҷикистон чандин бор даъват карда буданд, ки ба ин таҷрибаи “облава”, ки обрӯи давлатро мерезонад, нуқта гузоранд.

Соли 2021 ба қонунгузории Тоҷикистон тағйироте ворид карда шуд, ки ба шаҳрвандон имкон медиҳад, бо пардохти маблағи муодили 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (барои соли 2022 ин маблағ 26 ҳазору 880 сомониро ташкил медиҳад) ҳамагӣ як моҳ хидмат карда, аз хидмати ҳарбии дусола озод шаванд.  Мақомот низ бар ин бовар буданд, ки ин дасти фасодро дар арсаи даъват ба артиш хеле кӯтоҳтар карда, имкон медиҳад, ки маблағҳои аз ин ҳисоб бадастомада барои беҳтар кардани шароити хидмати аскарони боқимонда сарф карда шавад.

Аммо аз 1 сентябри соли 2023 маблағи хидмати алтернативӣ дар Тоҷикистон аз 28 ҳазор то 51 ҳазор боло бурда шуд, ки ба бовари бисёриҳо, хеле зиёд буда, метавонад шумораи талабгорони хидмати алтернативиро кам ва дигарбора деги коррупсияро дар комиссариатҳои ҳарбӣ гарм кунад.

Дар ҳамин ҳол, масъулони даъват дар маҳалҳо мегӯянд, ки дар давоми як соли охир нақшаи даъватро мақомот аз 50% то ду маротиба боло бурдаанд, ки ин иҷрои онро боз ҳам мушкилтар мекунад. Аз ҷумла масъули даъват дар яке ноҳияҳои вилояти Суғд гуфт, ки агар як сол қабл онҳо дар як мавсим бояд 270 нафарро ба артиш мефиристоданд, ҳоло нақшаи онҳоро қариб ба 500 нафар расондаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button