ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ДУ СОКИНИ ПОЙТАХТ БАРОИ ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 875 ҲАЗОР СОМОНӢ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 23 октябри соли 2023 аз ошкор шудани 3 ҳолати қаллобӣ ба маблағи 875 ҳазор сомонӣ, ё тақрибан 80 ҳазор доллар, аз ҷониби ду сокини шаҳри Душанбе хабар дод.

Худи дастгиршудагон барои шарҳи мустақими қазия дастрас нест, вале бино ба иттилои расмӣ, ба ШВКД-1 ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 32-солаи сокини ноҳияи Восеъ муроҷиат намудааст, ки моҳи сентябри соли 2023, дар назди маркази савдои «Садбарг», марди 45-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромадааст ва аз ӯ 237 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш оҳанпора гирифта медиҳад, аммо номбурда ба ваъдааш наистода, маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Инчунин, меафзояд ВКД, гумонбаршаванда моҳи сентябри соли 2020, дар назди маркази савдои «Пайкар» бо роҳи фиреб ба боварии марди 43-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 528 ҳазор сомонӣ гирифта, низ ваъда додааст, ки бар ивазаш оҳанпора гирифта медиҳад, аммо ба ваъдааш наистода, ин маблағи гирифтаашро ҳам ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳамчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. Бино ба иттилои ВКД, гумонбаршаванда 12-уми сентябри соли 2023, дар назди бозори «Кӯшониён» бо роҳи фиреб ба боварии марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 120 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки дар муддати 20 рӯз маблағашро пурра бармегардонад, аммо то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
ВКД гуфт, оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Вақтҳои охир дар Тоҷикистон мавридҳои қаллобӣ, бахусус мавридҳои фиреб ҳангоми муомилаҳои тиҷоратӣ хеле зиёд шудааст. Афроди қалбдаст мардуми зудбоварро бо ҳар роҳу ҳар баҳона: ё дар муомилаҳои тиҷоратӣ, ё бо ваъдаи дар фурсати кӯтоҳ баргардондани пулашон, ё бо ваъдаи дарёфти фоидаи зиёду зуд,  ё бо ваъдаи гирифта додани замин ё хона, ҳатто бо ваъдаи фиристодан ба Ҳаҷу ваъдаи табобат фиреб дода, пулҳояшро аз худ мекунанд.

Бино ба омори ВКД,  дар нимаи аввали соли 2023 дар Тоҷикистон 1491 мавриди қаллобӣ сабт шудааст, ки ин қариб 13 фоиз аз ҷамъи 11 ҳазору 612 ҷинояти дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар кишвар рухдодаро ташкил медиҳад. Соли 2022 дар Тоҷикистон беш аз 3 ҳазор мавриди қаллобӣ ошкор шуда буд. Ба ҳисоби миёна ҳар ҷинояти ҳаштум дар Тоҷикистон ин қаллобист. Аз он бештар танҳо дуздист, ки қариб панҷяки ҷамъи ҷиноятҳоро дар кишвар ташкил медиҳад.

Ва аммо омори расмии ВКД тамоми мавридҳои мавҷудаи мардумфиребиро дар бар намегирад. Дар бисёр ҳолатҳо мардуми фиребхӯрда даводав ба мақомот барои рӯёндани маблағҳои аздастдодаи худро беҳуда дониста ба мақомот муроҷиат намекунанд ваё то охирин лаҳза қаллобон онҳоро умедвор мекунанд, ки имрӯз ё пагоҳ пулашонро бармегардонанд. Ҳолатҳое низ ҳаст, ки мақомот ба хотири зиёд нашудани мавридҳои сабтшудаи қаллобӣ ваё дар сурати пуштибонҳои қавиву пурнуфуз доштани афроди муттаҳам ба қаллобӣ аз пазируфтан ва сабт кардани аризаҳои ҷабрдидагон саркашӣ мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button