ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷиронҲуқуқи инсонҶанг дар Украина

АЗ МАСҶИД – РОСТ БА ВОЕНКОМАТ: БОЗДОШТИ ДАҲҲО НАФАР БАЪДИ НАМОЗИ ҶУМЪА ДАР КОТЕЛНИКИ (ВИДЕО)

Рӯзи 20 октябри соли 2023, баъди намози ҷумъа нирӯҳои ОМОН дигарбора дар охирин масҷиди боқимондаи шаҳри Котелники дар канори Маскав рейд гузаронда, даҳҳо нафарро дастгир карданд. Вале ин бор дастгиршудагонро … ба комиссариати ҳарбӣ бурда, аз ташхиси тиббӣ гузаронданд ва аз онҳо талаб доранд, ки қарордод имзо карда, ба ҷанги зидди Украина раванд.

Дар ин бора яке аз дастгиршудагон – иштирокчии марҳалаи ниҳоии озмуни “Перепой звезду” дар “Шабакаи якум”-и ТВ Русия Мамут Усеинов (Маҳмуд Ҳусейнов) хабар дод. Овозхони 26-сола тавонист аз нуқтаи ҷамъоварии сарбозони оянда дар шаҳри Балашиха чанд видео сабт ва дар саҳифааш дар Телеграм нашр кунад.

Бино ба нақли Маҳмуд Ҳусейнов, пулис дар масҷиди Котелники дарҳоро баста, ҳар намозгузорро якто-якто сар дода, ҳуҷҷатҳояшонро тафтиш мекард. Саранҷом, пулис даҳҳо нафарро ба автобусҳо бор карда, ба комиссариати ҳарбии шаҳри Любертси овардааст ва дар инҷо ҳамаро аз комиссияи тиббӣ гузаронда, барои хидмати ҳарбӣ мувофиқ донистаанд. Сипас дастгиршудагонро ба нуқтаи ҷамъоварии сарбозон дар шаҳри Балашиха бурда, аз онҳо талаб кардаанд, ки ё ба хидмати ҳарбии ҳатмӣ бираванд ваё бо вазорати мудофиаи Русия қарордод имзо кунанд.

Маҳмуд Ҳусейнов гуфт, ӯ ва чанд каси дигар аз имзои ҳуҷҷатҳо сарашӣ карданд. Овозхон талаб кардааст, ки ӯро аз ташхиси тиббии комил гузаронанд. Маҳмуд Ҳусейнов соли 2014, баъди ишғоли нимҷазираи Қрим аз ҷониби Русия соҳиби шаҳрвандии Русия шуд, вале моҳи сентябри соли 2022 ҷарроҳиеро аз сар гузаронд, ки баъди он барои хидмати ҳарбӣ корношоям шудааст.

 “Дар комиссариати ҳарбӣ комиссияи тиббӣ ташкил карданд ва ҳатто маро барои хидмат коршоям бароварданд. Моро аз онҷо ба нуқтаи ҷамъугири сарбозони қарордодӣ дар шаҳри Балашиха, шоҳроҳи Восточное оварданд. Шоми 20 октябр ба мо эълон карданд, ки ҳамаи мо бояд ё қарордоди яксола имзо кунем ваё моро ба зиндон меандозанд. Субҳи 21 сентябр, вақте ҳамаи моро қатор карданд, гуфтанд, ки мо бояд ба Украина биравем”, – хабар дод овозхон.

Бо онҳое, ки мисли Маҳмуд аз имзои қарордод даст кашиданд, як полковник суҳбат карда, пешниҳод кардааст, ки ба онҳо “боз як шонси дигар: бо ихтиёри худ рафтан ба хидмати ҳарбии ҳатмиро медиҳанд”. Вақте ки инро ҳам рад кардаанд, ба онҳо гуфтаанд, ки барои суҳбат бо муфаттишони Кумитаи тафтишо омода шаванд. Маҳмуд Ҳусейнов мегӯяд, ки ҳуқуқи ӯ дағалона поймол шудааст ва ӯ барои дифоъ аз ҳаққи худ истодагарӣ хоҳад кард.

Ҳанӯз маълум нест, ки дар ҷараёни ин рейд чанд тоҷик дастгир шудааст, вале дар видеои сабтшуда дар дохили яке аз автобусҳое, ки дастгиршудагонро аз масҷиди Котелники ба комиссариати ҳарбӣ мебурд, садои суҳбат ба забони тоҷикӣ шунида мешавад. Яке аз дастгиршудагон, ки зоҳиран бо аҳли хонаводааш бо телефон суҳбат дорад ва аз дастгир шуданаш ҳангоми рейди ОМОН дар масҷид хабар медиҳад, ҳанӯз умедвор аст, ки зуд озод мешаванд, чунки дар телефон мегӯяд, ки “ҷарима мекунанду баъд ҷавобамон медиҳанд”.

Қарори маълум, дар шаҳри Котелиники, ки тақрибан 70 ҳазор аҳолӣ дошта, дар канори Любертси дар канораҳои ҷанубушарқии пойтахти Русия ҷойгир шудааст, садҳо тан аз зодагони Тоҷикистон ба сар мебаранд. Дар баҳори соли ҷорӣ сокинони Котелники дар як муроҷиатномаи видеоӣ ба президенти Русия Владимир Путин аз хеле зиёд шудани тоҷикҳо дар ин шаҳр шикоят карданд ва дар пайи ин муроҷиат нирӯҳои ОМОН чанд дафъа ба Котелники фурӯ рехта, беш аз 100 муҳоҷири тоҷикро дастгир карда, қаҳвахонаҳову ошхонаҳо ва дигар корхонаҳои марбут ба тоҷикҳо ва ҳамин тавр, қариб ҳамаи масҷидҳои мавҷуда дар Котелникиро бастанд. Дар пайи ин, вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳатто сафири Русияро ба вазорат эҳзор карда, ба дасташ дар робита ба поймол шудани ҳуқуқи шаҳрвандони тоҷик ёддошти эътирозӣ супурда буд.

Дар ҳамин ҳол, дар як сабти садоӣ аз нуқтаи ҷамъугири сарбозони қарордодӣ ба онҳое, ки дар масҷиди Котелники дастгир карда, ба инҷо овардаанд, фармон медиҳанд, ки тартиби корашонро аз ёд карда, ба ситод раҳсипор шаванд.

 Кӣ дина омад? Дастонатонро бардоред! Ҳар як кору иқдом бояд аз тарифи қисми навбатдорӣ сурат бигирад, фаҳмон? Баъди тамоми сафкашиҳо. Дар назди навбатдор сабти ном кунед ва ба ситод раҳсипор шавед! Фаҳмо? Вақте аз ситод баргаштед, боз дар назди навбатдор сабти ном кунед ва ба машғулиятҳо биравед! Машғулиятҳо мо то нисфирӯзӣ ва боз ду соати дигар баъди нисфирӯзӣ идома мекунанд. Тартиби рӯзро аз ёд кардед? Ҳамаатон аз ёд кунед!  Саф кашидан ҳатмист! Соати 13:00 ҳамаат бояд дар майдон ҷамъ шавед! Фаҳмо? — шунида мешавад садои як мард дар ин сабти садоӣ.

Артиши Русия, ки дар ҷанги Украина ба камбуди шадиди нирӯ рӯбарӯ шудааст, хеле вақт боз талош дорад, то муҳоҷиронро бо ваъдаи маоши баланд ва имтиёзҳои дигар, аз ҷумла имкони дарёфти зудтару осонтари шаҳрвандии Русия, ба ин ҷанг, ки мақомоти Русия ҳамчунон сарсахтона то шол “амалиёти махсуси ҳарбӣ” номаш мебаранд, ҷалб кунад. Чунин ба назар мерасад, ки акнун ба ҷои ваъдаи маошу имтиёз мехоҳанд нирӯҳои ОМОНро барои бурдани муҳоҷирон ба ҷанги Украина истифода баранд.

Узви кумитаи мудофиаи Думаи давлатии Русия Виктор Соболев гуфтааст, рейди пулис дар масҷиди Котелники ба чорабиниҳои ҷалби шаҳрвандон ба амалиёти махсуси ҳарбӣ рабт надорад. Аммо ӯ сабаби мушаххаси ин рейдро гуфта натавонист. Дар ҳамин ҳол, узви дигари ин кумита Дмитрий Кузнетсов хидмат дар артиши Русияро барои муҳоҷирон “як амри ногузир” ва дар айни замон, “имконияти хуб барои ҳамоиш ба ҳаёт дар Русия” номидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button