ВарзишВидео

ҒАЛАБАИ ДУЮМИ МУҲАММАД НАИМОВ ВА БОХТИ ДУЮМИ МУИН-ТОҶИК ДАР UFC (ВИДЕО)

Шоми 21 октябри соли 2023 дар мусобиқоти ҷангҳои бидуни қоида (ММА) UFC 294 дар шаҳри Абӯ Забии Имороти Муттаҳидаи Араб, размандаи тоҷик Муҳаммад Наимов Натаниэл Вуд аз Инглистонро шикст дода, пирӯзии инак дуюмаш дар UFC, муътабартарин лигаи ҷаҳонии ММА ба даст овард. Мутаассифона, кори размандаи дуюм аз Тоҷикистон Муин Ғафуров ин дафъа ҳам омад накард ва ӯ дар муҳорибаи дуюмаш дар UFC низ шикаст хӯрд. Ва ин бор аз Саид Нурмуҳаммадов, ҳамватан ва ҳамнасаби размандаи шуҳратёри доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов.

Муин Ғафуров ва Саид Нурмуҳаммадов дар вазни сабуки то 61 кило ба майдон баромаданд. Варзишгари доғистонӣ тавонист алакай дар сонияи 73-юми муҳориба рақибашро буғӣ карда, пирӯзии пеш аз муҳлатро ба даст биорад.

 Мухлисони тоҷик Муинро таскин медиҳанд, ки набояд руҳафтода шавад, чунки ҳама чиз барои ӯ ҳанӯз дар пеш аст. “Боз муҳорибаҳои нав дар пешанд ва Муин даст ба чунон пирӯзиҳое хоҳад ёфт, ки ин ду бохташ дар ду набарди аввал аз ёдаш хоҳанд рафт”, – менависанд мухлисон.

Муҳаммад Наимов дар набардаш бо Натаниэл Вуд бо қарори якдилонаи доварон ғолиб дониста шуд. Ин набард ҳамчунин бо иштибоҳи муҷирии машҳур Брюс Баффер, ки Муҳаммад Наимовро иштибоҳан бо ибораи “Муҳаммад Наимов, Душанбе, Қазоқистон» ба майдон хонд, дар ёд монд.

Муҳаммад Наимов, ки баъди анҷоми муҳориба бо сару рӯи пур аз осори ҷароҳат ва бо тоқии гулдӯзии тоҷикӣ ба пеши журналистон омад, гуфт, ки садҳо тан аз ҳамватанонаш аз Шарҷаву Дубай ва дигар гӯшаҳои Иморот барои мухлисӣ ба Абӯ Забӣ омада буданд ва ин пуштибонии гарми онҳо ӯро хеле болидарӯҳ сохт.

“Хаёл мекунам, ки хоби ширине дида истодаам ва ҳеҷ намехоҳам, ки бедорам кунанду ин хоб канда шавад. Вақте дар толор парчамҳои Тоҷикистонро медидам, вақте ҷавонҳои тоҷикро бо тоқии тоҷикӣ медидам, ба ваҷд омадам ва ин ба ман хеле таъсир кард”, – гуфт Муҳаммад.

Яке дигар аз пирӯзиҳои муҳими шаби 21 октябр дар Абӯ Забӣ пирӯзии бечунучарои Ислом Махачев бар Александр Волкановский буд. Як сол қабл Махачев аз ин рақибаш аз Австралия шикасти сахт хӯрда буд, вале ин бор тавонист нафақат ҳисобашро бо ӯ баробар кунад, балки Волкановскийро алакай дар даври якуми набард ба нокаут фиристад.

UFC муътабартарин лигаи ҷаҳонии ҷангҳои бидуни қоида (ММА) ба шумор меравад. Тайи як соли охир ба 4 разманда аз Тоҷикистон – Муҳаммад Наимов, Муин Ғафуров, Нурулло Алиев ва Лоиқ Раҷабов муяссар шуд, ки ба ин лига роҳ биёбанд. Муҳаммад Наимов дар UFC алакай ду пирӯзӣ ва Нурулло Алиев як ғалаба ба даст овардаанд, вале Муин Ғафуро ва Лоиқ Раҷабов ҳанӯз ҳисоби пирӯзиҳои худро дар ин лига боз накардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button