МАРГИ ТИФЛИ ЯКСОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИНИ БОРКАШ ВА ҒОРАТГАРИИ НОБОЛИҒИ 15-СОЛА
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 20 октябри соли 2023
Ба ҳалокат расидани духтарчаи хурдсол бар асари садамаи нақлиётӣ
19-уми октябри соли 2023, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ГАЗ-33020”, Олимов Ғиёсиддин Давлатбекович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди деҳаи Тангаии ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол Ҳасанзода Шаҳнозаи Ҷамшед, соли таваллудаш 2022, сокини ҳамин шаҳрро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Ҳасанзода Ш.Ҷ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур санҷиш идома дорад.
Дастгир гардидани ноболиғи 15-сола бо ҷурми ғоратгарӣ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Турсунзода муроҷиат намудааст, ки шаби 2 ба 3-юми октябри соли 2023, тахминан соати 00:10-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Зарнисори шаҳри Душанбе қарор доштанаш, шахсони номаълум ӯро лату кӯб карда, бо тариқи зӯроварӣ аз ӯ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми-9”, 400 сомонӣ ва 1-адад курткаашро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри Турсунзода бо гумони ғоратгарӣ дастгир карда шуд, ки ӯ ҷинояти мазкурро бо ҳамроҳии “Самир” ном шахс содир намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.