ЯК МУҲОҶИРРО ДАР МАСКАВ ДАР НАЗДИ БОЗОРИ “ФУД СИТИ” ПАРРОНДААНД
Як марди шахсияташ ношиноси симояш ғайриславяниро шаби ҷумъа, 20 октябри соли 2023 дар минтақаи Новая Москва куштаанд.
Нашрияи русии “МК” бо такя ба манобеи огоҳаш хабар дод, ки соати тақрибаи дуи шаби 20 октябр дар як мошини тамғаи “Ҳюндай” ба беморхонаи “Коммунарка” як марди симояш ғайриславяниро бо захмҳои зиёд аз силоҳи оташфишон овардаанд.
Ронандаи ин мошин, шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон гуфтааст, ки ин марди захмиро дар наздикии бозори “Фуд Сити“ пайдо карда, ба бемлористон овард.
Мутаассифона, табибон натавонистанд ӯро аз марг наҷот диҳанд. Мард субҳи ҷумъа, 20 октябр дар рӯи кати ҷарроҳӣ ҷон дод.
“МК” мегӯяд, шахсияти ӯро ҳанӯз муайян накардаанд.
Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест.
Базаи меваю сабзавот, ё ба таъбири замонавӣ, агрокластери “Фуд Сити“ дар шоҳроҳи Калуга ҷойгир шуда, бо беш аз 2500 мағозаву павилонаш бузургтарин бозори фурӯши умдаи меваву сабзавот, хушкмева ва маҳсулоти дигари ғизоӣ дар Маскав ва вилоятҳои атрофи он дар минтақаи Русияи марказӣ ба шумор меравад.
Дар бозори “Фуд Сити” ҳазорон муҳоҷир аз саросари СНГ, аз ҷумла садҳо муҳоҷири тоҷик кор мекунанд. Зодагони Тоҷикистон дар “Фуд Сити” бештар ба ҳайси фурӯшанда, ошпаз, ҳаммол кор карда, ҳамчунин ба рӯбучин ва ҷудо кардани меваю сабзавот машғуланд. Дар баробари ин, дар бозори “Фуд Сити” даҳҳо тоҷик ба тиҷорати меваву сабзавот ва хушкмева машғул буда, дар инҷо дӯкону мағоза ва бархеаш то чанд павилон доранд.