ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ЯК ҲАВОПАЙМОИ РУСИЯ ДАР ФУРУДГОҲИ ТОҶИКИСТОН ПЕШ АЗ ПАРВОЗ ОТАШ ГИРИФТА, ПУРРА СӮХТААСТ

Як ҳавопаймои боркаши тамғаи Ил-76-и Русия ҳангоми ба парвоз хестанаш дар фурудгоҳи Ҳисор дар Тоҷикистон оташ гирифта, қариб пурра ба хокистар табдил ёфтааст. Дар ин бора рӯзи 20 октябр Telegram-канали ба мақомоти қудратии Русия наздики Mash хабар дод.

 “Бино ба фарзияи муқаддамотӣ, сӯхтор дар яке аз муҳаррикҳои ҳавопаймо сар здааст. Дар натиҷа ҳавопаймо аз хатти парвозу фуруд берун шуда, пурра сӯхт. Экипаж осеб надидааст”, – хабар додааст Mash ҳамроҳ бо як акси ҳавопаймои сӯхта. Дар акс дида мешавад, ки дар натиҷаи сӯхтор, ҳавопаймо амалан ду пора шуда, ба ҷуз аз қисмати пеш ва қисмати қафо, дигар қисматҳои ИЛ-76  пурра сӯхта, хокистар шудаанд.

Расонаҳои Русия бо такя ба манобеи худ хабар доданд, ки ин ҳодиса шаби 19 ба 20 октябри соли 2023 дар фурудгоҳи ҳарбие, ки дар деҳаи Айнӣ, дар ҳамагӣ 8-километрии ғарби шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, дар тарафи Ҳисор ҷойгир шудааст, рух додааст.

Бино ба иттилои манобеи РЕН ТВ,  алакай баъди ба ҳаво хестани ҳавопаймо, аъзои экипаж баланд шудани ҳарорат дар яке аз муҳаррикҳоро мушоҳида кардаанд. “Баъди чанде муҳаррик оташ гирифт, вале ба экипаж муяссар шудааст, ки маводи сӯхти ҳавопайморо оҷилан холӣ карда, ҳавопайморо сари вақт дар фурудгоҳ бишинонанд “, – хабар додааст манбаи РЕН ТВ.

Нашрияи русии “КоммерсантЪ” хабар дод, ки дар дохили ҳавопаймо 8 нафар буд, вале онҳо тавонистаанд ҳанӯз то пурра оташ гирифтани он аз дохилаш берун шаванд ва аз ин рӯ, касе дар ин ҳодиса осеб надидааст.

Дар бораи инки ин ҳавопаймои сӯхта ба кадом ниҳод тааллуқ дошт ва бо чӣ гуна боре ба Тоҷикистон омада буд?, ҳанӯз маълумоте дар даст нест.

Вазорати мудофиаи Русия ва мақомоти ҳарбии Тоҷикистон ин ҳодисаро то ҳол шарҳ надодаанд.

Аз фурудгоҳи Айнӣ асосан пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар Тоҷикистон истифода мебарад. Нирӯҳои ҳавоии ин пойгоҳи Русия асосан дар фурудгоҳи Айнӣ ҷойгир шудаанд ва таъминоти ин пойгоҳ низ асосан аз тариқи ҳамин фурудгоҳ амалӣ карда мешавад. Ҳангоми машқҳои ҳарбӣ, ҳавопаймоҳои ҷангии Русия аз дигар ҷузвутомҳои артиши он кишвар, аз ҷумла аз пойгоҳи ҳавоии Русия дар Канти Қирғизистон низ ба фурудгоҳи Айнӣ оварда мешаванд.

Фурудгоҳи Айнӣ дар солҳои 2003-2010 бо маблағгузории Ҳиндустон бозсозӣ шуда буд. Аз ҷумла бо кумаки молиявии Ҳиндустон тӯли хатҳои нишасту парвоз дар ин фурудгоҳ то 3200 метр дароз карда шуда, дар инҷо чанд ангар (як навъи анбор барои нигоҳ доштани ҳавопаймоҳову чархболҳо) ва маркази диспетчерӣ сохта шуд. Ҷамъи маблағгузории Ҳинд барои бозсозии фурудгоҳи Айнӣ 70 миллион доллар баровард мешуд.

Дар солҳои бозсозии фурудгоҳи Айнӣ дар инҷо даҳҳо низомии Ҳинд ҷобаҷо шуда буданд ва рақиби ҳамешагии Ҳинд – Покистон – дар ташвиш афтода буд, ки Ҳинд метавонад дар ин фурудгоҳ пойгоҳи ҳарбии худро ҷойгир кунад.

Вале дар ниҳоят, баъди анҷоми бозсозиаш, фурудгоҳи Айнӣ барои истифода ба пойгоҳи ҳарбии Русия дода шуд. Дар ин фурудгоҳ дар канори Душанбе авиатсияи хеле ками Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон низ ҷойгир карда шудаанд.

Фурудгоҳи Айнӣ
Фурудгоҳи Айнӣ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button