ВидеоМуҳоҷиронТоҷикистонҲодиса

ҲАБСИ 6 ФАРЗАНДИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК БАРОИ ЗАНОЗАНӢ БО НАВРАСОНИ РУС ВА ТАҲҚИРИ ВОЛИИ ВИЛОЯТИ САМАРА (ВИДЕО)

Дар шаҳри Самараи Русия дар пайи занозанӣ бо наврасони маҳаллӣ 6 фарзанди муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва як фарзанди муҳоҷир аз Қирғизистонро ба ҳабс гирифтаанд. Занозанӣ шаби 16 октябри соли 2023 дар боғи Ғалаба рух дод. Ду гуруҳи наврасон дар пайи як муноқишаи ночиз дар ин ҷо барои ҳисобу китоб (“разбор”) ҷамъ омаданд, вале баҳсашон ба занозанӣ печид.

Дар натиҷа, ба зидди Раҳматҷон Сафолов, с.т. 2000 ва Алишер Қосимов, с.т. 2002 бар аосси қисми дуюми моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми “авбошӣ” парвандаи ҷиноятӣ кушоданд ва ба зидди Салмон Ёронзода, с.т. 2005, Зӯрибек Ёронзода, с.т. 2004, Ҳабибилло Урунбоев, с.т. 2005 ва Абдураҳмон Мирзоев, с.т. 2006  –  бар асоси қисми дуюми моддаи 112 бо иттиҳоми “қасдан расондани осеби миёна ба саломатӣ”. Панҷ нафари онҳоро барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта, замони боздошти якеи дигарро то 72 соат тамдид кардаанд.

Ин занозании зоҳиран оддӣ вақте оҳанги ҷиддӣ гирифт, ки волии вилояти Самара Николай Азаров хостори муҷозоти сангини иштирокчиёнаш шуд. Дар посух, фарзандони муҳоҷирон дар Интернет видеое гузошта, волии Самараро бо як лаҳни қабеҳ таҳқир карданд ва гуфтанд, ки аз дасти волӣ коре дар намеояд ва бо онҳо ягон кор карда наметавонад.

Вакили Думаи давлатии Русия Александр Хинштейн, ки бо баёнияҳои ошкоро зидди муҳоҷирон ном баровардааст, рӯзи 21 октябри соли 2023 дар Телеграм-каналаш хабар дод, ки муаллифони видео ду акаю додар аз Тоҷикистон буда, дар Самара .. бидуни падару модари худ зиндагӣ мекардаанд.

 “Муҳоҷирони ҷавони бедарударвозае, ки таҳдид ба анҷоми амалҳои зӯроварони шаҳвонӣ нисбат ба волии вилояти Самара карда буданд, муайян карда шуданд. Инҳо ду акаю додар, зодагони Тоҷикистонанд. Дар Самара бидуни волидон зиндагӣ доштанд (модарашон дар Маскав ва падарашон дар Тоҷикистон будаанд). Дар давоми муддати тӯлонӣ ин акаю додар ҳамсолони худро дар Самара ғам медоданд ва пайваста даст ба занозанӣ мезаданд. Акаи калониро алакай ба ҳабс гирифтаанд ва хурдиро дар боздоштгоҳи муҳоҷирон ҷой кардаанд ва аз Русия ихроҷаш мекунанд”, – хабар дод Хинштейн.

Аммо Хинштейн баъдан ин хабари худро ислоҳ кард ва навишт, ки акаи калонӣ ҳамагӣ 12 сол ва додари ӯ ҳамагӣ 9 сол доштаанд ва онҳоро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашонидан имкон надорад. Калониро дар боздоштгоҳи ноболиғон ҷой кардаанд, вале хурдиро ҷавоб додаанд.

Сунатуло Назриев, раҳбари созмони тоҷикони Самара дар маҳзари ом барои рафтори фарзандони муҳоҷирони тоҷик узр пурсидааст.

“Аз номи ҳамаи диаспораи мо аз осебдидагон, аз ҳамаи сокинони вилояти Самара ва аз раҳбари ин минтақа маъзарат мехоҳам. Чунин рафтор зидди арзишҳои фарҳангӣ, динӣ ва ахлоқии мардуми тоҷик аст”, — изҳор дошт Назриев.

Ин ягона ҳодисаи ҳабси фарзандони муҳоҷирон дар Русия барои авбошӣ нест.

Дар ҳафтаи равон дар шаҳри Химки дар канори Маскав ду хонандаи синфи 9 –  яке зодаи Тоҷикистон ва якеи дигар – зодаи шаҳри Екатеринбург, вале аз оилаи муҳоҷирон аз Озарбойҷон –  бо иттиҳоми ҳамлаҳои беасос ва латтукӯби раҳгузарони тасодуфӣ дар як фурӯшгоҳи Химки ба ҳабс гирифта шуданд. Онҳо ин ҳама ҳамлаву латукӯбро видео гирифта, дар Интернет мемонданд.

Ҳамин тавр, ҳафтаи гузашта дар Петербург 6 фарзанди зодагони Озарбойҷон барои айни “корнамоӣ”: ҳамлаву латтукӯби беасоси раҳгузарони тасодуфӣ ва дар Интернет нашр кардани видеоҳои ин ба ном “қаҳрамонӣ”-ҳояшон дастгир карда шуданд.

Дар робита ба ин силсилаи боздоштҳои фарзандони муҳоҷирони тоҷик барои авбошӣ дар шаҳрҳои гуногуни Русия, ҷомиашиносон мегӯянд, ин ҳама ҳосили ҳамон шароити беҳуқуқист, ки дар тӯли солиён муҳоҷирон ва аҳли хонаводаҳои онҳо дар Русия таҷриба мекарданд.

Ба ақидаи ҷомиашиносон, азбаски муҳоҷирон дар тӯли солиён дар Русия маҷбуранд, ки барои таъмини хонаводаҳои худ аз субҳи барвақт то бевақтии шаб дар чанд баст кор кунанд,  фарзандони онҳо ҳам дар Ватанашон ва дар сурати кӯчиданашон, ҳам дар Русия амалан аз тарбияву назорати лозим дур мемонанд.

Ин тарзи зиндании “сарҳуй”, ба ақидаи ҷомиашиносон, дар ниҳоят мунҷар ба таркишҳои иҷтимоие мешавад, ки намунаашро ахиран дар Петербурги Химки ва инак дар Самара дидем. Яъне фарзандони муҳоҷирон, ки бо шароити беҳуқуқии волидони худ дар Русия розӣ нестанд, эътироз ва норозигии худро ба чунин шеваҳои хушунатбор ва бо зӯроварӣ фурӯ мерезанд ва мехоҳанд нишон бидиҳанд, ки онҳо дигар он насли муҳоҷирони беҳуқуқ нестанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button