ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶомеа

7 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ДОМОДУ ҶӮРААШ БАРОИ АРӮСРАБОӢ

Додгоҳи №2  шаҳри Тароз дар ҷануби Қазоқистон ду ҷавони зодаи вилоятҳои Манқишлоқ (Мангистау) ва Оқтеппаро бо ҷурми одамрабоӣ, вале дар асл барои арӯсрабоӣ маҳкум ба 7 соли зиндон кард. Дар ин бора рӯзи 18 октябри соли 2023 додситонии вилояти Ҷамбул хабар дод.

Бино ба фарзияи тафтишот, шаҳрванд “Ж” баҳори соли 2022 тавассути дӯстони умумиашон бо духтаре бо номи “А” шинос шуд, вале духтар баъди чанд мулоқот аз давом додани равобит бо ин ҷавон даст кашидааст.

Бо ин вуҷуд, “Ж” нақшаи дуздидани духтарро бо мақсади  издивоҷ кашидааст. Моҳи феврали соли 2023 ӯ ҳамроҳи як дӯсташ ба шаҳри Тароз омада, духтарро бо роҳи фиреб аз хона бароварда, маҷбуран ба мошини худ савор кардаанд ва талош кардаанд, ки аз шаҳр фирор кунанд.

Садои доду фарёди духтарро ҳамсояҳо шунида, ба пулис хабар додаанд. Кормандони пулис филфавр аз паси арӯсрабоён шуда, баъди чанде мошини онҳоро манъ ва духтарро озод кардаанд.

Додгоҳи дуюми Тароз рӯзи 21 сентябри соли 2023 муҳокимаи ин парвандаи пурсарусадоро ба поён расонда, ҳарду арӯсраборо бар асоси қисми аввали моддаи 125 Кодекси ҷиноятии Қазоқистон дар рабудани инсон гунаҳкор шинохт ва ҳар кадомеро ҳафтсолӣ ҳукми зиндон дод. Ин ҳукм ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтааст.

Додситонӣ таъкид кардааст, ки рабудани инсон, аз ҷумла арӯсрабоӣ, поймол кардани ҳуқуқи инсон ва аслҳои озодӣ ва баробарӣ ба шумор рафта, ҷинояти ҷиддиест, ки барои он ҳамчун ҷазо ҳукми зиндони воқеӣ пешбинӣ шудааст.

Арӯсрабоӣ як анъанаи қадима дар байни халқҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз буда, дар даврони Шӯравӣ хеле коҳиш ёфта буд. Вале аз солҳои 90 арӯсрабоӣ дигарбора авҷ гирифт. Дар Қирғизистон, ки чунин ҳодисаҳо бештар дар ҳамин ҷо мушоҳида мешаванд, дар Кодекси ҷиноятӣ ҳатто як моддаи махсуси арӯсрабоӣ шомил кардаанд.

Дар солҳои охир ҳолатҳои арӯсрабоӣ дар Қазоқистон низ мушоҳида мешавад, вале ба фарқ аз Қирғизистон, дар Кодекси ҷиноятии Қазоқистон моддаи алоҳида барои чунин навъи ҷиноят нест ва арӯсрабоёнро маъмулан бо иттиҳоми рабудани инсон бо моддаи 125 ба ҷавобгарӣ мекашанд. Ин модда ҳамчун ҷазо то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад, вале бар асоси эзоҳи зер ин модда, агар ҷинояткор  бо ихтиёри худ гаравгонро озод кунад, аз ҷавобгарӣ озод карда мешавад.

Хабаргузории “Фарғона” чанд мавриди арӯсрабоӣ дар Қазоқистонро зикр кардааст.

Аз ҷумла 9 августи соли 2018 дар шаҳри Алма-Ато чанд нафар ба хонаи як духтар ҳамла карда, яке аз хешовандони ӯро аз силоҳи травматикӣ захмдор карда, духтарро бо худ бурдаанд. Яке аз рабояндагон қасд дошт, ки бо ин духтари 18-сола издивоҷ кунад, вале кормандони УБОП ӯро аз дасти арӯсрабоён озод карда, ба хонаводааш баргардонданд.

Соли 2017 ду ҷавон дар бозори шаҳри Оқтеппа талош кардаанд, ки як духтари ношиносро, ки ҳуснаш маъқулашон шуда буд, бидузданд. Вале посбони бозор монеи амалӣ шудани ин қасди онҳо гардида, барои боздошти арӯсрабоён низ кумак кардааст. Дар ниҳоят, додгоҳ ҷавонеро, ки мехост он духтарро барои издивоҷ бирабояд, ба 4 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард. Шарики ӯро додгоҳ 5 сол ҳукми зиндон дод, чунки вай алакай доғи судӣ дошт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button