ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ИЛҲОМ АЛИЕВ ПАРЧАМИ ОЗАРБОЙҶОНРО ДАР ПОЙТАХТИ ҚАРОБОҒ БАРАФРОХТ (ВИДЕО)

Рӯзи 15-уми октябри соли 2023 президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ҳамчун ғолиб дар кӯчаи марказии шаҳри Степанакент (Хонкендӣ, пойтахти ҷумҳурии худхондаи Қарабоғи Кӯҳӣ қадам зада, парчами ин ҷумҳуриро намоишкорона зери пой кард ва дар маркази ин ҷумҳурии қаблан ҷудоиталаб парчами давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷонро барафрохт. Бо ин иқдом, роҳбари Озарбойҷон ба ҷаҳониён нишон дод, ки Қарабоғи Кӯҳӣ акнун пурра дар зери итоати ҳукумати марказии Озарбойҷон қарор дошта, шакке дар он нест, ки минтақаи Қарабоғ дигарбора ба ҷузъи ҷудонопазири хоки Озарбойҷон табдил дода шудааст.

Агарчи тибқи санадҳои байналмиллалӣ минтақаи Қарабоғ ҷузъи Озарбойҷон ба ҳисоб меравад, вале дар ҳудуди он аз 2-юми сентябри соли 1991 инҷониб ҷудоихоҳони арманӣ бо пуштибонии Арманистон “Ҷумҳурии Қарабоғи Кӯҳӣ”-ро таъсис дода буданд, ки ҳарчанд аз тарафи ягон кишвари ҷаҳон ба расмият шинохта нашуда буд, вале ба Боку итоат намекард.

Озарбойҷон дар аввалҳои солҳои 90 талош карда буд, ки Қаробоғро баргардонад. “Ҷанги аввали Қарабоғ аз соли 1991 то 1994 давом карда, ҳазорон кушта ба ҷо гузошт ва амалан бо шикасти Озарбойҷон анҷом ёфт, зеро Боку нафақат танҳо ин минтақаи ҷудоиталаб, балки боз 7 ноҳияи дигари атрофи Қаробоғи кӯҳиро аз даст дод ва ҷудоталабон Қаробоғ бо тасарруфи ин минтақаҳо тавонистанд аз муҳосира раҳо ёфта, марзи ҷумҳурии худхондаи худро мустақиман ба марзи Арманистон бипайванданд.

Баъд аз солҳо музокироти беҳосил Озарбойҷон соли 2020 дар ҷараёни як амалиёти ҳарбӣ, ки бо номи  “Ҷанги 44-рӯза” маъруф аст,  ин 7 ноҳияи ғасбшуда ва қисмате аз ҳудуди Қарабоғи Кӯҳиро бозпас гирифт.

Ҳамин тавр  рӯзи 19 сентябр Озарбойҷон дар Қаробоғ рӯзи 19 сентябри соли 2023 амалиёти нави ҳарбиро бо номи “амалиёти зиддитеррористӣ” оғоз кард, ки алакай як рӯз баъд: 20 сентябр бо шикасти пурраи ҷудоиталабон анҷом ёфт ва ин минтақа пурра зери итоати Боку омад. Алакай рӯзи 28-уми сентябр президенти Қарабоғи Кӯҳӣ, Самвел Шахраманян санадеро имзо намуд, ки тибқи он, Ҷумҳурии Қарабоғи Кӯҳӣ аз санаи 1-уми январи соли 2024 ҳамчун кишвар аз байн меравад. Дар пайи имзои санади барҳамхӯрии Ҷумҳурии Қаробоғ, бо вуҷуди кафолати амният аз ҷониби мақомоти Озарбойҷон,  аз 120 ҳазор сокини арманитабори Қаробоғи Кӯҳӣ беш аз 100 ҳазораш ба Арманистон ҳиҷрат кард.

Оё ин санад, воқеан ба 30-сола ҳастии Ҷумҳурии Қарабоғи Кӯҳӣ хотима мебахшад? Ва ё ин охирин ҷанг бар сари Қарабоғи Кӯҳист? Оё Озарбойҷон ба ин ҳам қонеъ нашуда, ба хоки Арманистон таҷовуз мекунад ? Ин аз коҳиши нуфузи Русия дар минтақаи Қафқоз ва пурзӯр шудани нуфузи Туркия хабар медиҳад ? Нақши Эрон дар Қафқоз чист? Ин ва дигар суолҳо аз пурсишҳои асосии моҷарои Қарабоғи Кӯҳӣ то ҳол боқӣ мондааст.

Бино ба боварии намояндаи хоси президенти Озарбойҷон оид ба супоришҳои махсус, Элчин Амирбеков, ҷониби Озарбойҷон дигар садде дар роҳи расидан ба сулҳро намебинад.

“Ман аз самими қалб боварӣ дорам, ки ин анҷоми ҷанг аст. Чун мо санге, ки монеаи роҳи расидан ба сулҳ буд, аз байн бардоштем. Ин санг ҳамон гурӯҳҳои силоҳбадасте буданд, ки дар хоки Озарбойҷон фаъолият мекарданд. Ин гурӯҳҳоро Арманистон худаш таъсис дода буду ва аз онҳо пуштибонӣ менамуд”,  – гуфтааст Элчин Амирбеков дар сӯҳбат ба BBC.

Сиёсатшиноси арманӣ Тигран Григорян гуфтааст, “ба ҳамагон равшану ошкор аст, ки ин ҳодиса охирин саҳифаи таърихи ҳазорсолаи арманиҳои Қарабоғро варақ зад. Аз арманиҳо касе дар Қарабоғ нахоҳад монд, ҳама ҳиҷрат мекунанд”.

Аммо боқӣ мондан ва ё намондани арманиҳо дар Қарабоғ таниши байни Озарбойҷон ва Арманистонро тағйир намедиҳад. Бино ба гузоришҳо, дар Қарабоғи Кӯҳӣ то 20-уми сентябри соли 2023 наздик ба 120 ҳазор арман зиндагӣ менамуд. Вале пас аз таслим шудани артиши ин ҷумҳурии худхонда ба нерӯҳои озарӣ, арманиҳои таҳҷоии Қарабоғ хонаву дари худро гузошта, минтақаро тарк намуданд. Гуфта мешавад аз 120 ҳазор арманӣ ҳамагӣ ҳудуди 20 ҳазораш дар Қарабоғи Кӯҳӣ боқӣ мондаанду халос.

Илҳом Алиев гумон дошт, ки бо ба зери контроли худ даровардани Қарабоғи Кӯҳӣ, ӯ сокини армантабори ин минтақаро ҳамчун фишанг нисбат ба Арманистон истифода мекунад, вале армантҳои Қарабоғ ин фурсатро ба Алиев надоданд.

Аз ин рӯ гумон меравад, Илҳом Алиев барои расидан ба хостаҳои худ боз ҳам аз қувваи низомӣ истифода кунад. Ба назари нозирон, чанд омиле ҳаст, ки метавонад сабаби нооромиҳо дар минтақаи Қафқоз шавад.

Аввалан, то ба ҳол марзҳои ин ду кишвар, Озарбойҷон ва Арманистон ба пуррагӣ аломатгузорӣ карда нашудааст.

Сониян, ҷониби Озарбойҷон мехоҳад ба вилояти Нахҷувони худ, ки дар байни Арманистону Туркия дур аз марзҳояш ҷойгир шудааст, аз тариқи вилояти Сюники Арманистон роҳи заминӣ фароҳам кунад. Ин тарҳи Алиев бо номи “Даҳлези Зангизор” маъруф аст.

Солисан, баъзе минтақаҳои наздисарҳадӣ дар ҳудуди Арманистон вуҷуд дорад, ки онҳо аксаран озариҳо зиндагӣ мекунанд ва баръакс,  дар баъзе минтақаҳои дар дохили Озарбойҷон аксари аҳолиро арманиҳо ташкили медиҳанд. Ин ҳолатҳо метавонанд боиси даргирии ин ду кишвар гарданд.

Бино ба гуфтаи мушовири президенти Озарбойҷон Амирбеков, пас аз Қарабоғи Кӯҳӣ, қадами навбатӣ, ин аломатгузории марзҳо бо Арманистон аст. Коршиносон бар ин назаранд, ки ин масъала хеле ҳассос аст. Зеро тарафи Озарбойҷон як харитаро асос қарор медиҳаду, ҷониби Арманистон харитаи дигарро. Ҳарду харита дар замони Шӯравӣ, вале дар солҳои мухталиф  кашида шудаанд, вале аз ҳам фарқ фарқ мекунанд. Аз ин рӯ то кадом андоза ҷонибҳо ин масъаларо сулҳомез ҳал мекунанд, вақт нишон медиҳад. Бе ин ҳам, аллакай аз соли 2021 инҷониб дар ҳудуди вилоятҳои Сюник ва Гегаркуники Арманистон қӯшунҳои Озарбойҷон ҳузур доранд.

Бино ба боварии Амирбеков “ҳарчи зудтар ҳал гардидани масъалаи аломатгузории марзҳо ҳамон қадар эҳтимоли бе ҷангу ҷӯш ҳал шудани ин мавзӯъро болотар мебарад”.

Вале таърихшиноси озарбойҷонӣ, Олтой Геюшев ба хушбинии мақомоти Озарбойҷон розӣ нест. Ба боварии ӯ,  ҳар лаҳза метавонад алангаи ҷанг шӯълавар шавад: “Илҳом Алиев ҳамчун як роҳбари иқтидоргаро (авторитарный лидер) ҳамеша ба таблиғи миллатгароӣ эҳтиёҷ дорад. Ҳолати ҷанг ба ӯ ин имконро фароҳам мекунад, ки дигарон дар гирди ӯ ҷамъ шаванд. Аз ин рӯ агар масъалаи Қарабоғ ҳал гардад, пас Алиев аз паи пайдо кардани душмани нав мешавад. Вале як чиз хеле рӯшан аст. Алиев ҳоло хеле шод ба назар мерасад. Ӯ бо камтарин ҳазина ва хисорот ба хостааш ноил гардид. Аз ин рӯ Алиев мехоҳад роҳашро идома диҳад…”

Алиев чанде пеш иддао карда буд, ки Озарбойҷон соли 1918 шаҳри Ереван, пойтахти кунунии Арманистонро ба арманиҳо “туҳфа” карда буд, вагарна ҳатто Ереван аз Озарбойҷон буд. Боку ҳамин тавр, борҳо таъкид кардааст, ки вилояти Сюники Арманистон, ки бо Эрон ҳамсарҳад аст, “заминҳои таърихии Озарбойҷон аст”. Дар навбати худ Эрон ба ин даъвои Озарбойҷон бар сари ин вилояти Арманистон, ба Боку бо қатъият ҳушдор дод, ки “Ҷумҳурии исломӣ ягон гуна тағйироти марзро қабул надорад ва дар ҳолати зарурӣ барои ҳифзи марзҳояш ҷавоби дандоншикан хоҳад дод”.

Бояд гуфт, ки тавассути ин вилояти Арманистон роҳи заминие мавҷуд аст, ки Эронро ба Гурҷистон ва ҳаминтавр ба Русия мепайвандад. Аз ин лиҳоз барои Эрон доштани марз бо Арманистон хеле муҳим аст, то дар роҳи интиқоли маҳсулоташ аз Озарбойҷон вобаста набошад.

Аз ҷониби дигар кишварҳои аврупоӣ ва Амрико низ дар ин замина ҳамраъйи Эрон ҳастанд. Онҳо намехоҳанд, дар харитаи Қафқоз тағйироте ворид шавад.

Коршиносони соҳа бар ин назаранд, ки агар Илҳом Алиев  барои ҳалли масъалаи даҳлези Зангизор боз аз зӯр кор бигирад, дар гирифтани як ҷанги дигаре бояд шуд, ки барандаву бозандаи он ҳоло маълум нест, вале хеле пурҳазина ва харобиовар хоҳад буд.

Бисёре аз расонаҳои лебералии Русия навиштанд, ки “Русия нуфузи худ дар Қафқозро аз даст дод”. Вале дар мавриди коҳиши нуфузи Русия дар минтақаи Қафқоз ва афзоиши нуфузи Туркия коршиносони рӯ ба Кремл иддао доранд, ки гӯё барои Русия фарқе надорад, ки Қарабоғ дар ҳайъати Озарбойҷон аст ва ё Арманистон ва ё як кишвари мустақил. Дар ҳама ҳолат, ба ақидаи онҳо, ба ҳамагон яқин аст, ки минтақаи Қафқоз зери нуфузи Русия боқӣ мемонад. Онҳо мегӯянд, агар Русия мехост ба ном “Ҷумҳурии Қарабоғи Кӯҳӣ” вуҷуд дошта бошад, пас онро ба расмият мешинохт ва касе ҳад  ҳам надошт, ки ҳатто бо Русия каҷ нигоҳ кунад.

Фарзияе вуҷуд дорад, ки раисҷумҳури Русия барои танбеҳ додани сарвазири саркаши Арманистон ва дарси ибрат шудан ба дигар сарони кишварҳои Шӯравии собиқ, дар мавриди нодида гирифтани манфиатҳои Русия, дар сиёсатҳои дохиливу хориҷӣ худ, чунин як ҷазоро раво дид.

Вале баъзе аз коршиносон, аксаран тарафдорони Боку, бар он ақидаанд, ки баракс Арманистон барои пешрафти худ роҳи муносибро интихоб кард. Яъне Арманистони бидуни Қарабоғ ва бидуни дарди сари изофӣ.

Ба боварии коршиносони рӯ ба Озарбойҷон, мақомдорони арманӣ диданд, ки дар тӯли 30 соли ҳастии Ҷумҳурии Қарабоғи Кӯҳӣ касе онро ба расмият нашинохт. Гузашта аз ин, дер ё зуд бо афзоиши нуфуси аҳолии Озарбойҷон, ки ҳоло 3 баробар зиёдтар аз аҳолии Арманистон аст ва инчунин  маблағгузории ҳукумати Озарбойҷон ба артиши худ ва хариди таҷҳизоти пешрафтаи низомӣ аз фоидаи фурӯши газу нафт, артиши Арманистон ба он муқовимат нишон дода наметавонад. Ҳамаи инро ҳукуматдорони арманӣ ба инобат гирифта, нахостанд, ки дигар маблағи дошта худро сарфи Қарабоғ кунанд, ки дер ё зуд аз даст меравад. Ва ё ба ибораи дигар, фаҳмиданд, ки барои 120 ҳазор нафар сокинони Қарабоғ онҳо наметавонанд манфиатҳои 3 миллион аҳолии Арманистонро қурбонӣ кунанд.

Барои Эрон ҳам мавҷудияти “Ҷумҳурии Қарабоғи Кӯҳӣ” дар дохили Озарбойҷон аз лиҳози мантиқӣ ғайри қобили қабул буд. Зеро, дар Эрон низ миллионҳо озарӣ ба сар мебаранд ва онҳо метавонистанд фикр бикунанд, ки агар арманиҳо дар дохили Озарбойҷон кишвари худро дошта бошанд, пас чаро озариҳо дар Эрон наметавонанд ҷумҳурии худро дошта бошанд? Ба ҳамин далел Эрон майли чандоне ба пуштибонии гурӯҳҳои ҷудихоҳи арманӣ надошт.

Вале дар ҳар сурат, афрохтани парчами Озарбойҷон дар маркази шаҳри Степанакерт (номи озариаш Хонкендӣ) пас аз гузаштани 30 сол Илҳом Алиевро дар Озарбойҷон ба қаҳрамони миллӣ табдил додааст. Аммо дар Арманистон бошад, арманиҳо Никол Пашинян, нахуствазири худро ба  хоиниву ватанфурӯшӣ муттаҳам мекунанд.

Дар Русияву Эрон бошад, мухолифини ҳукумат, Путину Хоманаиро ба шикаст дар баробари Туркия ва аз даст донаи нуфузи кишварҳои худ дар минтақаи Қафқоз гунаҳкор мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button