ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

БОЗДОШТИ РОНАНДАЕ, КИ ДАР МАСТЧОҲ КОРМАНДИ БДА-РО ЗАДУ ГУРЕХТ (ВИДЕО)

Маркази матбуоти РВКД вилояти Суғд рӯзи 17 октябри соли 2023 бо нашри як гузориши видеоӣ аз боздошти як ронанда барои ҳамла ба корманди БДА дар ноҳияи Мастчоҳ хабар дод.

Бино ба ин гузориш, санаи 13 октябри соли 2023, тахминан соати 10:25, ронандаи мошини тамғаи “Ҳюндай Солярис”, бо рақамҳои вилояти Маскави Русия: А 878 ХС 790, Давлатзода Соҳиб Искандар, с. т. 1989, сокини ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати Мастчоҳ мошинашро дар самти муқобил гузошта, ба дигар иштирокчиёни ҳаракат халал расондааст. Нозирони шуъбачаи БДА ноҳияи Мастчоҳ, ки дар ҳудуди маҳаллаи Зарафшони ҷамоати Мастчоҳ хидмати худро пеш мебурданд, аз Соҳиб Давлатзода талаб кардаанд, ки ҳуҷҷати ронандагиашро нишон диҳад.

Дар навори нашршуда лаҳзаҳое аз баҳси Давлатзода бо нозирони БДА низ дида мешавад.

Милитсия мегӯяд, Давлатзода аз нишон додани ҳуҷҷати ронандагиаш саркашӣ карда, мошинашро ба ҳаракат даровардааст ва кӯшиш кардааст, ки фирор кунад. Дар ин асно, ӯ ба сержанти милитсия Ҳамзазода Фаррухҷони Муҳаммадӣ, ки дар роҳи ҳаракати мошин истода буд, ҷароҳати ҷисмонӣ расонда, баъди ин аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Дар натиҷа нозири БДА ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, бо кумаки раҳгузарон ба беморхона бурда шудааст.

Соҳиб Давлатзода дар гузориш ҳодисаро чунин нақл кард: “Ҳуҷҷататро деҳ гуфт, надодам. Ӯ дарро қапид.  Ҳай кардам, намедонам, чанд қадар рафтам, ки ӯ афтид. Ман дигар тарсидам ва ҳай кардам, рафтам аз он ҷо… Дигарашро намедонам. Ман аз кори кардаам пушаймонам. Ба дигар ронандагон гуфтаниам, ки манъатон кунанд, истед, нагурезед! ”

Баъди ин, ронанда бо мошинаш то ҷамоати Зарҳалоли Истаравшан рафта, дар онҷо мошинашро партофта, ғайб задааст, вале ба кормандони милитсия муяссар шуд, ки ӯро дастгир кунанд. Гуфта мешавад, ҳоло нисбат ба ӯ ҷамъоварии мавод барои кушодани парванда идома дорад.

Моддаи 328 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи давлат, хусусан ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ қарор доштанаш, ҳамчун ҷазо то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Тафсилоти дигари ҳодиса оварда нашудааст. Вале тавре аз рақамҳои мошини Давлатзода бармеояд, ӯ аз ҷумлаи муҳоҷиронест, ки аз Русия бо мошин ба Ватан бармегарданд. Дар марзи ноҳияи Мастчоҳ бо Бекободи Ӯзбекистон як посгоҳи марзӣ амал мекунад. Корафтодагон, бахусус онҳое, ки бо мошин аз хориҷ ба Тоҷикистон меоянд, аз рафтори кормандони БДА дар Тоҷикистон зиёд шикоят мекунанд ва мегӯянд, ки онҳо ба ронандагон, бахусус ба ронандагони мошинҳое, ки рақамҳои хориҷӣ ё транзитӣ доранд, бо чашми тамаъ нигоҳ карда, аз онҳо пул талаб мекунанд.

Видеои ҳамла ба корманди БДА дар назди ҷумъабозори ноҳияи Мастчоҳ чанд рӯз боз аз пуртамошобинтар видеоҳо дар сегменти тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ буда, баҳсҳои зиёдеро ба по кардааст. Аммо назарҳо ба ин моҷаро дар байни мардум яксон нест. Бархе ҳамла ба корманди мақомотро маҳкум мекунанд ва мегӯянд, дар ҳеҷ сурат набояд бо намояндаи давлат сарбасар шуд ва аз иҷрои амраш саркашӣ кард. Вале гуруҳи дигар бар инанд, ки кормандони мақомот, бахусус БДА, ки бо пулканиҳои худ ном баровардаанд, бояд худашон низ каме инсоф кунанд ва болои мардум зулм накунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button