3800 РӮЗ ДАР ЗИНДОН: ДАЪВАТИ “FREEDOM NOW” БА ОЗОДИИ ЗАЙД САИДОВ
Созмони маъруфи ҳомии ҳуқуқ Freedom Now 14 октябри соли 2023 бо нашри як баёния дар шабакаи Х (собиқ Твиттер) хостори озодии билофосила ва беқайду шарти соҳибкори хушноми тоҷик ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов шуд. Сабаби нашри ин изҳорот 3800 шабонарӯзе шуд, ки Зайд Саидов дар пушти панҷара паси сар кардааст.
“3800 рӯз қабл мақомоти Тоҷикистон сиёсатмадори мухолиф Зайд Саидовро ба ҳабс кашиданд. Ӯ барои азмаш барои сохтани ҳизби сиёсии нав ба 29 соли зиндон маҳкум шудааст. Мо ба озодии билофосила ва беқайдушарти ӯ даъват мекунем”, – гуфта шудааст дар изҳорот.
Freedom Now ва дигар созмонҳои ҳомии ҳуқуқ қаблан ҳам чандин бор бо ишора ба ангезаҳои ошкоро сиёсии парвандаи Зайд Саидов аз ҳукумати Тоҷикистон озод кардани ӯро тақозо карда буданд. Дар соли 2018 ду ниҳоди муътабари Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Кумитаи ҳуқуқи инсон, ҳукми зиндони Зайд Саидовро ғайриқонунӣ номиданд ва аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки ӯро озод карда, барои солҳои дар зиндонаш пасисаркардааш ба Зайд Саидов ҷуброн пардохт кунад. Вале ин даъватҳои ҳомиёни ҳуқуқ ва ҳатто қарори Созмони Милалро ҳам дар Душанбе касе ба инобат нагирифт. Мақомоти Тоҷикистон исрор меварзанд, ки Зайд Саидов барои ҷиноятҳое, ки ба фаъолиятҳои сиёсиаш рабт надоранд, маҳкум шудааст ва қонунгузории Тоҷикистон тағйири ҳукми додгоҳҳояшро бар асоси тавсия ва ҳатто қарорҳои созмонҳои байналмилалӣ пешбинӣ намекунад.
Зайд Саидов 20 марти соли 1958 дар деҳаи Шодмонии ноҳияи Нуробод ба дунё омада ва соли 1983 риштаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ солҳои 1984-1983 сармуҳандиси корхонаи “Ритуал”-и Душанбе, солҳои 1987- 1988 сардори бахши қаннодии корхонаи кулчапазиву қаннодии пойтахт, сипас то соли 1991 сардори коргоҳи коркарди сангҳои мармари ширкати “Промстройматериали” ва солҳои1991-1992 раҳбари корхонаи коркарди санги мармар “Лаъл” буд.
Вақте нирӯҳои Фронти халқӣ дар поёни соли 1992 вориди Душанбе шуданд, манзили Зайд Саидовро дар кӯчаи Қаротегин оташ заданд. Худи ӯ тавонист наҷот биёбад ва ба Маскав фирор кунад. Зайд Саидов дар солҳои ҳиҷрат ба яке аз соҳибкорони муваффақи тоҷик дар Маскав ва Русия табдил ёфт ва дар музокироти сулҳ байни ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин низ ширкат кард. Баъди имзои созишномаи сулҳ, соли 1998 бар асоси саҳмияи 30-фоизаи барои мухолифин ҷудошуда Зайд Саидов раиси Кумитаи саноати Тоҷикистон таъйин шуд. Зайд Саидов аз соли 2002 то 2006 вазири саноати Тоҷикистон буд ва баъди рафтанаш аз ин мақом ширкати “Тоҷсохтмон”-ро ташкил дод.
Ин ширкат ба яке аз ширкатҳои пештоз дар бозори сохтмони кишвар табдил ёфт ва чандин бинои муҳташам дар пойтахти Тоҷикистон, аз ҷумла “Душанбе – Плаза”, ки бо 22 қабаташ баландтарин бино дар шаҳри Душанбе дониста мешуд, бинои нави мактаби рақами 8, меҳмонхонаи “Гулистон-Тур” ва дафтари марказии ширкати”TCell”-ро ширкатҳои сохтмонии марбут ба Зайд Саидов сохтаанд.
Зайд Саидов моҳи майи соли 2013, як моҳ баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав боздошт ва ибтидо ба 26 ва дар ниҳоят ба 29 соли зиндон маҳкум шуд.
Худи ӯ борҳо боздошту ҳукми зиндонашро сиёсӣ номида, ба азмаш барои сохтани ҳизби сиёсӣ рабт додааст. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ низ Зайд Саидовро маҳбуси сиёсӣ меноманд. Аз ибтидо аксар ин ҳукмро сиёсӣ ва ноодилона мехонданд ва ҳатто додрасе, ки ҳукми охирини Зайд Саидовро содир кард, шармидаву гунаҳкорона гуфта буд, “Зайд Шерович, чӣ кор кунем, ки тақозои замона ҳамин аст…”