ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

ВАЗИРИ ДИФОИ ЭРОН БАРОИ БАСТАНИ ҚАРОРДОДҲОИ ҲАРБӢ БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД

Хабаргузории нимарасмии эронии Tasnim хабар дод, ки вазири дифои Эрон генерал Муҳаммадризо Оштиёнӣ рӯзи 17 октябри соли 2023 бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон меравад. Дар хабар гуфта мешавад, ки генерал Оштиёнӣ рӯзи сешанбе дар раъси як ҳайъати баландпоя вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуда, бо ҷониби мизбон масоили ҳамкорӣ дар соҳоти мудофиа ва амниятро баррасӣ хоҳад кард. Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни ин сафар имзои қарордодҳои ҳарбӣ байни Тоҷикистону Эрон низ пешбинӣ шудааст.

Тафсилоти дигари сафари ҳайъати ҳарбии Эион ба Тоҷикистон ва ҷузъиёти қарордодҳои ҳарбие, ки бояд имзо шаванд, гуфта нашудааст.

Ҷониби Тоҷикистон то ҳол хабари сафари қарибулвуқӯи вазири дифои Эронро шарҳ надодааст.

Сафари генерал Оштиёнӣ дар пасманзари сардии шадид дар муносибатҳои Душанбеву Теҳрон сурат мегирад. Ин сардии муносибатҳо, ки нозирони умур онро ба “ҷанги сард” шабоҳат медиҳанд, алакай тақрибан 8 сол боз идома дорад.

Дар Эрон бар инанд, ки миллиардери эронӣ Бобак Занҷонӣ, ки дар Эрон бо ҷурми дуздии беш аз 2 миллиард доллар пули фурӯши нафт маҳкум ба қатл шудааст, ин миллиардҳоро тавассути Тоҷикистон рабудааст. Онҳо барои ин ифтитоҳи чандин ширкату корхонаи бузург ва ҳатто бонки Занҷонӣ дар Тоҷикистонро далел меоранд. Вале дар Душанбе инро рад мекунанд.

Дар Душанбе ба навбати худ Эронро ба пуштибонӣ ва маблағгузории мухолифини исломии ҳукумати кунунии Тоҷикистон, бавижа ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ), ки фаъолияташ дар Тоҷикистон соли 2015 манъ карда шуд, айбдор мекунанд. Тоҷикистон ба ин далел ба унвони яке аз кишварҳои муассис чандин сол монеи ба узвияти Созмони ҳамкориҳои Шанхай пазируфтани Эрон шуда буд. Эрон танҳо чанде пеш тавонист ба ин созмон бипайвандад ва он ҳам танҳо баъди онки Тоҷикистон таҳти фишори муассисони асосии созмони Шанхай – Хитой ва Русия – мавқеашро дар масъалаи номзадии Эрон мулоимтар кард.

Моҳи майи соли 2022 расонаҳои Эрон аз ифтитоҳи як корхонаи муштараки тавлиди ҳавопаймоҳои бесарнишини тамғаи “Абобил 2” дар Душанбе дар ҷараёни боздиди генерал Муҳаммад Боқирӣ, фармондеҳи ситоди кулли артиши Эрон аз Тоҷикистон, хабар дода буданд. Бо гузашти қариб якуним сол дар бораи инки ин корхона оё ба сохтани дронҳо сар кард ё на?, хабаре нашр нашуд.

Моҳи сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон даргириҳои хунине сар зад, ки аз ду тараф беш аз 140 кушта ва садҳо захмӣ ба ҷо гузошт. Ҷониби Қирғизистон дар ҷараёни даргириҳо аз ҳавопаймоҳои бесарнишини туркӣ тамғаи “Байрақдор” зиёд истифода бурд ва дар ду ҳамлаи ин дронҳо дар ҷамоати Овчӣ Қалъачаи Тоҷикистон 18 сокини мулкӣ кушта шуданд.

Он рӯзҳо дар сегменти тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ бисёриҳо аз мақомҳои ҳарбии Тоҷикистон мепурсиданд, ки он корхонаи муштараки тавлиди паҳподҳои эронӣ чӣ шуд ва чаро ҷониби Тоҷикистон дар ин ҷанг бо Қирғизистон аз ин паҳподҳо истифода набурд?

Масъалаи ин корхонаи тавлиди дронҳои эронӣ дигарбора дар пасманзари истифодаи Русия аз дронҳои сохти Эрон дар ҷангаш ба зидди Украина дигарбора доғ шуд.

Журналисти украинӣ Дмитрий Гордон дар поёни моҳи октябри соли 2022 Тоҷикистонро ба он айбдор кард ва гуфт, ҳавопаймоҳои бесарнишини эроние, ки ба таъбири Гордон, “русҳо баъдан бо онҳо украиниҳоро мекушанд”, дар Тоҷикистон сохта мешаванд. Ӯ аз вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хост, ки агар ин маълумот дуруст набошад, онро расман рад кунад.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба дунбол ин иддаои Гордонро расман рад кард.

 “Таъкид мекунем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба содироти техникаи ҳарбӣ ба кишварҳои сеюм машғул нест. Ба ҷаноби Гордон тавсия медиҳем, ки дар оянда ба чунин навъ шарҳҳо бо таваҷҷуҳ муносибат кунад ва дурустии маълумотеро, ки нашр мекунад, бисанҷад”, – гуфта мешуд дар изҳороти расмии Душанбе.

Эрон дар пайи суқути даҳҳо паҳподаш дар ҷанги Украина билохира эътироф кард, ки ба Русия паҳподҳои ҷангӣ фурӯхта буд. Вале Теҳрон исрор дошт, ки ин додугирифт дар аввали соли 2022, ҳанӯз то шурӯи ҷанги Русия бо Украина сурат гирифта буд. Вале дар Украина ва Ғарб мегӯянд, ки Русия аз моҳи сентябри соли 2022 ба истифодаи густурда аз дронҳои эронӣ дар Украина оғоз кард ва ин фарзияи “ҳанӯз моҳи январи соли 2022” ба Русия додани дронҳои ирониро ботил мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button