ТаърихТоҷикистон

99 СОЛ ПЕШ ДАР ХАРИТАИ ҶАҲОН БОРИ АВВАЛ ИСМИ ТОҶИКИСТОН ПАЙДО ШУД

99 сол қабл – 14 октябри соли 1924 – бо анҷоми тақсими миллию ҳудудии Осиёи Миёна ба ҷои ҷумҳуриҳои Туркистону Бухоро дар ин қаламрав ҷумҳуриҳои миллӣ таъсис ёфтанд. Аз ҷумла дар ҳайъати Ҷумҳурии шӯравию сотсиалистии Ӯзбекистон Ҷумҳурии мухтори шӯравию сотсиалистии Тоҷикистон, иборат аз 8 вилоят ташкил шуд. Дар натиҷаи он тақсимоти  қаламрави Осиёи Миёна, ки муаррихи шинохтаи тоҷик Раҳим Масов, “табартақсим” номаш кардааст, тоҷикҳо аз тақрибан ҳамаи шаҳрҳои бузург ва марказҳои таърихиву фарҳангии худ, аз ҷумла аз шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Шаҳрисабз, Деҳнав, Насаф маҳрум шуданд ва ин ҳама ба Ӯзбекистон дода шуд.

 Соли 1924, вақте Ҷумҳурии мухтори шӯравию сотсиалистии Тоҷикистон ташкил шуд, ҳатто Хуҷанду Конибодому Исфараро ҳам ба Ӯзбекистон дода буданд. Дар айни замон, ноҳияи Сариосиё, ки ҳоло бахше аз вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон аст, он вақт аз Тоҷикистон буд.

Ба тоҷикҳо муяссар шуд, ки Хуҷанду Конибодому Исфараро баргардонанд, вале баргардондани дигар марказҳои таърихиашон, ба мисли Самарқанду Бухоро дигар муяссарашон нашуд.

Бахусус қиссаи ба Тоҷикистон баргардондани Конибодом ба сари худ қиссаи ҷолиб аст. Моҳи феврали соли 1925  издиҳоми сокинони Конибодом қатори роҳи озани раиси ВСИК Михаил Калининро, ки ба сӯи Фарғона ҳаракат мекард, нигоҳ дошта,  аз ӯ хостанд, ки Конибодомро ба Тоҷикистон ҳамроҳ кунанд ва ё мухторият бидиҳанд, зеро онҳо тоҷиканд. Баъдан роҳбарони ин тазоҳуроӣ Маҳмудҷони Ашурмуаҳаммадзода – Маҳмудҷон ревком (падари асосгузори филмҳои мазҳакавии тоҷик Муқадас Маҳмудов) ва Аъзам Нодировро барои чунин “густохӣ” ба лагерҳои сталинӣ партофтанд ва Аъзам Нодиров дар ГУЛАГ ҷон дод.

Вале таъсиси Ҷумҳурии мухтори шӯравию сотсиалистии Тоҷикистон ба сари худ аҳамияти бузургеро дорост, чунки қариб 1000 сол баъди фурӯ пошидани давлати Сомониён, тоҷикҳо бори аввал соҳиби давлати худ шуданд. Бигзор бо мақоми ноқиси “ҷумҳурии мухтор” дар ҳайъати Ӯзбекистон, бигзор дар баҳои аз даст додани марказҳои бузурги таърихию фарҳангиии мардуми тоҷик, бигзор дар як маҳдуда ё қаламрави хеле ихтисоршуда, вале ба ҳар сурат, бори аввал дар харитаи ҷаҳон як воҳиди нави ҷуғрофӣ бо номи “Тоҷикистон” зуҳур кард.

Равшанфикрони тоҷик бар инанд, ки рӯзи ташкили Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии мухтор шоистаи он аст, ки ҳамчун рӯзи ид таҷлил шавад. Олими тоҷик Саъдӣ Маҳдӣ дар гуруҳи фейсбукии “Ормонҳои миллӣ”  навиштааст: Ин рӯзи муқаддас аст. Ин рӯзест, ки Тоҷикистони шӯравӣ ҳамчун 7 ҷумҳурӣ дар ҳайати СССР ташкил шудааст ва асоси давлати имрӯзаи Тоҷикистон шудааст. Бояд ин рӯз дар Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” ворид карда шавад”.

Муаррихи тоҷик Сайфуллоҳ Муллоҷон бо пуштибонӣ аз ин пешниҳод навишт: “Мувофиқам. Чун агар соли 1924 набуд, соли 1929-ро надоштем ва агар соли 1929 набуд, мо соли 1991 ба истиқлол намерасидем.”

Таджикская Автономная Социалистическая Советская Республика на карте

Таърих

14 октябри соли 1924, дар пайи тасмими тақсимоти ҷумҳуриҳои Туркистону Бухлоро, иҷлосияи дуюми Кумитаи марказии иҷроияи  Иттиҳоди Шӯравӣ (ЦИК СССР) қарор дар бораи тақсимоти миллию ҳудудии Осиёи Миёнаро қабул кард, ки бар асоси он Ҷумҳуриҳои шӯравию сотсиалистии Туркманистону Ӯзбекистон, ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон дар ҳайъати Ӯзбекистон ва ҷумҳурҳои мухтори Қазоқистон, Қарақирғизистон ва Қароқалпоқистон дар ҳайъати Русия (РСФСР) ташкил дода шуданд. Ба ҳайъати Тоҷикистон 8 вилояти Душанбе (якҷо бо Ҳисор), Қаротегин (иборат аз Ғарму Ванҷу Дарвоз), Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Ӯротеппа (якҷо бо Мастчоҳ), Панҷакент (якҷо бо Фалғар) ва Сариосиё  шомил карда шуд.

2 январи соли  1925 вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташкил шуда, низ ба ҳайъати Тоҷикистон ҳамроҳ карда шуд.

Қаламрави ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон баъди ҳамроҳ кардани Бадахшон 135 ҳазору 620 километри мураббаъ ва аҳолиаш 739 ҳазор нафарро ташкил медодэ Бар асоси барӯйхатгирии соли 1926, аҳолии ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон 827 ҳазору 200 нафарро ташкил медод, ки аз ин шумор 617 ҳазору 125 нафараш тоҷикҳо, 175 ҳазору 627 нафараш ӯзбекҳо, 11 ҳазору 410 нафараш қарақирғизҳо (қирғизҳои ҳозира) ва 5600 нафарашро русҳо ташкил медод. Дар Тоҷикистон он вақт шуморе аз туркманҳо, қазоқҳо, тоторҳо ва украиниҳо низ ба сар мебурданд. Он ҳам дар ҳоле ки шумори бузурги тоҷикҳо берун аз қаламрави Тоҷикистон, асосан дар вилоятҳои Самарқанду Бухоро ва Сурхондарёи Ӯзбекистон монданд.

Ҷумҳурии мухтори шӯравию сотсиалистии Тоҷикистон 26 октябри соли 1929 барҳам дода шуд ва ба ҷои Ҷумҳурии шӯравию сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳудуди кунунии ин кишвар таъсис ёфт. 9 сентябри соли 1991 дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон низ дар баробари 14 кишвари дигари узви ин империя ба истиқлолият даст ёфт ва ҳамчун кишвари мустақил ба узвияти Созмони милали муттаҳид пайваст.

Тақсимоти ҳудудии ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон

Дар ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон тақсимоти ҳудудии давраи ҷумҳуриҳои Бухорову Туркистон нигоҳ дошта шуд. Ҷумҳурӣ аз 8 вилоят ва 35 туман иборат буд. Туман ба кентҳо (ба таъбири имрӯза ҷамоатҳо) тақсим мешуд.

 Вилояти Панҷакент

Масоҳаташ 8150 вёрста ё чақрими мураббаъ. Марказаш — Панҷакент ( аҳолиаш 3140 нафар дар соли 1920).  Ин вилоят аз 6 туман иборат буд: Панҷакент, Афтобрӯя, Искандар, Киштӯд, Моғиёну Фароб, Фалғар.

Вилояти Ӯротеппа

Масоҳаташ 5250 вёрста ё чақрими мураббаъ. Марказаш — Ӯротеппа (аҳолиаш 13000 нафар дар соли 1923). Ин вилоят аз 6 туман иборат буд: Состоит из шести волостей: Ӯротеппа, Ғончӣ, Басманда, Шаҳристон, Далён ва Мастчоҳ.

Вилояти Душанбе

Масоҳаташ 10 ҳазор вёрста ё чақрими мураббаъ. Марказаш — Душанбе, пойтахти ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон. Ба ин вилоят бекигариҳои Ҳисору Балҷувонро шомил карда буданд. Видояти Душанбе аз 5 туман иборат буд: Душанбе, Ёвон, Янгибозор, Файзобод ва Ҳисор.

Вилояти Сариосиё

Масоҳаташ 1100 вёрста ё чақрими мураббаъ. Марказаш муайян нашуда буд. Ин вилоят ҳамагӣ 2 тумани Сариосиё ва Қаротоғ иборат буд.

Вилояти Қӯрғонтеппа

Масоҳаташ 8300 вёрста ё чақрими мураббаъ. Марказаш — деҳаи Ҷиликӯл. Аз ҳисоби бекигариҳои Қубодиён ва Қӯрғонтеппа ташкил шуда, аз 4 туман иборат буд: Қӯрғонтеппа, Саройкамар, Қубодиён ва Ҷиликӯл.

Вилояти Ғарм (Қаротегин)

Масоҳаташ 26 ҳазору 800 вёрста ё чақрими мураббаъ. Марказаш — Ғарм. Аз ҳисоби бекигариҳои Қаротегину Дарвоз ташкил шуда, аз 6 туман иборат буд: Ғарм, Қалъаи Лаби Об, Обигарм, Дарвоз, Ванҷ, Хода.

Вилояти Кӯлоб

Масоҳаташ 10 600 вёрста ё чақрими мураббаъ. Марказаш — Кӯлоб. Аз ҳисоби бекигариҳои Кӯлобу Балҷувон ташкил шуда, аз 4 туман иборат буд: Кулоб, Мӯъминобо, Ховалинг, Балҷувон.

Вилояти Кӯҳистони Бадахшон

Масоҳаташ 50 ҳазор вёрста ё чақрими мураббаъ. Марказаш — посгоҳи Хоруғ. Ба ин вилоят бекигариҳои Рӯшону Шуғнон, ҳамчунин ноҳияҳои Ишкошиму Помири шарқӣ ҳамроҳ карда шуда, он аз 6 туман иборат буд: Помир, Вахон, Ишкошим, Шуғнон, Бартанг ва Рӯшон.

Манбаъ: Википедия

Флаг Таджикской АССР в 1924—1929 годах
Флаг Таджикской АССР в 1929 году
Герб Таджикской АССР в 1924—1929 годах
Герб Таджикской АССР в 1929 году

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button