ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

ВО-АҶАБ! ВАҚТЕ КИ КОРМАНДИ МИЛИТСИЯ ДУЗДӢ МЕКУНАД…

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое нашр шуд, ки дар он лаҳзаи даст ба дуздӣ задани як корманди милитсия сабт шудааст.

Дар видео дида мешавад, ки корманди як ширкат барои буд кардани ҳоҷати яке аз муштариён аз пеши тирезае, ки муштариён аз тариқи он муроҷиат мекарданд, дур меравад ва дар ҳамин лаҳза, як корманди либоси расмии милитсия дар тан, ки зоҳиран ӯ ҳам дар навбат истода буд, аз фурсат истифода бурда, телефони дар рӯи мизаш фаромӯш кардаи ин кормандро оҳиста мебардорад.

Лаҳзаи телефонро рабудани корманди либоси милисагӣ дар тан ба дурбини видеокамераи назоратӣ афтодааст. Аз санаи сабтшуда дар видео дида мешавад, ки ҳодиса рӯзи 29 сентябри соли 2023 рӯй додааст.

Вале маълум нест, ки ин ҳодиса дар куҷои Тоҷикистон рух додааст?  

Ин ҳам маълум нест, ки оё дар робита ба ин ҳодиса ягон тафтиш ё санҷиш ба роҳ андохтаанд ё на? Зеро сухан дар бораи обрӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон меравад.

Мақомоти расмӣ то ҳол ин видеоро шарҳ надодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button