МуҳоҷиронТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАВОПАЙМОИ СУРГУТ – ХУҶАНД БА ДАЛЕЛИ БЕМОРИИ ЯК МУСОФИР АЗ НИМИ РОҲ БАРГАШТ

Рӯзи 12 октябри соли 2023 ҳавпаймои ширкати “Сомон” Эйр ки аз шаҳри Сургути Русия ба шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон парвоз мекард, баъди як соати ба ҳаво хестанаш ба далели ҳодисаи фавқулодда аз ними роҳ ба фурудгоҳиСургут баргаштааст.

Дар ин бора Телеграм-канали Авиаинтсидент, ки ҳодисаҳои фавқулодда дар ҷараёни парвозҳоро пайгирӣ мекунад, хабар дод. Бино ба иттилои ин нашрия, сардори экипажи ҳавопаймои тамғаи В-737-800,  рақами сабташ EY787, ки бо хатсайри SMR260 Сургут – Хуҷанд парвоз мекард, рӯзи 12 октябр, соати 15.06 ба вақти Маскав, ҳангоме ки дар минтақаи масъулияти маркази диспетчерии Новосибирск  қарор дошт,  ба иллати бемории як мусофираш тасмим гирифт, ки ба фурудгоҳи Сургут баргардад. Ин ҳавопаймо соати 14 ба вақти Маскав (соати 16 ба вақти Сургут) ба қасди Хуҷанд ба парвоз даромада буд ва мебоист соати 19:30 ба вақти Тоҷикистон ба маркази вилояти Суғд бирасад. Вақти Сургут ва Тоҷикистон ҳамсон аст.

Тафсилоти дигари ҳодиса оварда нашудааст. Маълум нест, ки мусофири парвози Сургут – Хуҷанд гирифтори чӣ беморие шудааст, ки ҳавопаймо аз ними роҳаш баргашт? Танҳо гуфта мешавад, ки баробари нишастани ҳавопаймо дар фурудгоҳи Сургут, мусофири беморро алакай мошини “Ёрии таъҷилӣ” мунтазир буд.

Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки ин шабу рӯз мавҷи мавсими муҳочирони корӣ аз Русия ба кишварҳои зодгоҳашон фаро расидааст.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини ризқу рӯзии хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия ба мардикорӣ мераванд. Бо расидани фасли сармо, асосан дар фасли тирамоҳ аксари ин муҳоҷирон аз минтақаҳои иқлимашон қаҳратуни Русия ба Ватан бармегарданд. Сургут низ бо иқлими хеле сарду қаҳратунаш фарқ мекунад,

Сургу́т ( ба забони ханти Сәрханӆ, Сө̆ркут) — шаҳрест бо наздики 400 ҳазор аҳолӣ дар шимоли Русия. Сургут шаҳри аз ҳама бузург ва қадимии ҳавзаи мухтори Хантию Манси—Югра буда, дар фосилаи 2700 километр аз Маскав, 1100 километр аз Екатеринбург ҷойгир шудааст. Аз Сургут то Хуҷанд тақрибан 3150 километр ва то Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, қариб 3500 километр роҳ аст. Бо ин вуҷуд, ҳар сол ҳазорон муҳоҷири тоҷик бо талаби кор ин фосилаи тӯлониро тай карда, ба Сургут меоянд. Ба хотири таъмини равуои ин мусофирон байни Сургут ва шаҳрҳои Тоҷикистон чанд ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳои мустақим ба роҳ мондаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button